Солҳои охир миёни Тоҷикистону Қиризистон муноқишаҳои сарҳадӣ зиёд рух медиҳанд, ки боиси марги чандин тан сокинони ҳарду тараф гардидааст. Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, ин ҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад.