МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
БӮСТОН: АКСИЯИ КИТОБХОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ "КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ"
25
август
2021
БӮСТОН: АКСИЯИ КИТОБХОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ "КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ"
Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба китобхонӣ  санаи 24 августи соли ҷорӣ  дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии  шаҳри  Бӯстон бо ҷалби волонтёрон ва ҷавонони фаъоли шаҳр маҳфили китобхонӣ таҳти унвони "Китоб манбаи дониш" баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани маҳфили китобхонӣ пеш аз ҳама  омода намудани ҷавонон ба озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва баланд бардоштани сатҳи  донишу малакаи онҳо мебошад.
ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАРОИ  ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ
25
август
2021
ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ
Дар асоси нақшаи корӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ноҳиявӣ аз рӯи намуди футбол барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор мегардад. Бозии навбатӣ миёни дастаҳои Маҳмадулло Абдуллоев 2  ва маориф  баргузор гардида бо ҳисоби 6 бар 2 дастаи Маҳмадулло Абдуллоев 2 ғолиби бозӣ дониста шуда, ба даври финалӣ  роҳхат пайдо намуд.  Ғолибони мусобиқаи мазкур бо тӯҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ карда мешаванд.