22
апрель
2021
ҶАВОНОН ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАМЕДИҲАНД!

Яке аз ин нафарони ношукр Иззат Амон мебошад, ки парвардаи дасти наҳзатиён буда, вале худро дар либоси ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ҷилва медиҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Иззат Амон яке аз аъзои гурӯҳи террористию экстремистии наҳзат буда, шахсони сӯстирода ва камсаводро ба доми фиреби худ андохта, ақидаҳои ғаразноки худро пеш мебурдааст. Иззат Амон намедонад, ки худ фирефтаи наҳзатиён гардида ба манфиати онҳо фаъолият менамояд ё агар донад ҳам дигар роҳи бозгашт надорад, чунки дар хориҷа касе ба касе муфт нон намедиҳад, дар ин сурат ё кор мекунӣ нон мехурӣ ё гуфтаҳои хоҷагони хориҷиатро иҷро менамоӣ. Дар ҳар давру замон хоинони давлату миллат ба мақсад нарасидаанд, онҳо бахшида ҳам намешаванд ва дар назди қонун ҷазои худро гирифтаанд. Имрӯз ҳам хоинони давлат бояд дар назди қонун ва миллат ҷавоб гӯянд.
Инсон дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва бояд худро аз корҳои баъду номатлуб махсусан ҷавонон дар канор гиранд. Маҳз ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва бузургдилӣ ҳидоят менамояд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расем ва арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намуда, пос доштани онҳо ин ҳам қарз ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талош баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф намудан ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҷӯиҳои фаврӣ андешида шуд. Мутаасифона, ба ин нигоҳ накарда, ҷавонони фиребхӯрдаву роҳгумзада, ба ваъдаҳои дурӯғ ва ҳиллагароёна бовар карда, аз паси даромади калон ҷонӣ худро ба хатар мемонанд.
Аксарияти онҳо ба Ватан барнамегарданд ва ҳамчун иғвогару дассисабоз аз шабакаҳои интернетӣ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд. Вазифаи асосии мо насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб огоҳ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ барем. Баҳри иҷрои ин мақсад бояд ташаббускор буда, бетарафиро аз худ дур созем. Ҷавононро ба рӯҳияи наҷибтарин хислатҳои инсонӣ, ба ҷойҳои фарҳангӣ, боғу сайргоҳҳо ҷалб намоем. Дар ин ҷабҳа нақши асосиро муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебозад, чунки бисёр чизҳо бахусус илму дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва дигар малакаҳо аз мизи мактабӣ шурӯъ мегардад. Дар дарсҳои омодагии дифоъ, дарсҳои тарбиявӣ аз ватандӯстӣ ва ҳам аз чунин зуҳуроти номатлуби замон гуфта гузаштан бо лаҳзаҳои пандомез аз аҳамият холӣ набуда, дар навсозӣ ва мустақилияту бедории фикрии ҷавонон кӯмаки маънавие хоҳад буд.
Метавон бо боварӣ изҳор намуд, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, барои роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ ба марзу буми Ватани азизамон ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Мо ҷавонон бояд дар фикри ободии Ватан бошем, пайрави корҳои созандагию бунёдкоронаи Пешвои миллат бошем. Ҳангоми дар хориҷа ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем, то ки ба доми фиреби ана ҳамин гуна хоинон ва гурӯҳҳои ифротӣ дучор нашавем. Ҳангоми дар муҳоҷират будан танҳо дар фикри кору фаъолияти хеш, бо ёди падару модар, зану фарзанд ва Ватани азизи худ бошем.
Мудири бахши
кор бо ҷавонон ва
варзиши шаҳри Конибодом