30
апрель
2021
Ҷавонон аз хатарҳои терроризму экстремизм огоҳ бошед!

Асосгузори сулху ваҳдати мили Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, дар яке аз баромадҳояшон чунин иброз намуданд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамачун падидаи вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаметализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористи ба этикоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунондани мешаванд, ки сиёсати давлатдори бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти гӯё дини онҳоро бар зидди Ҳукумату давлат ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонида, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифтротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қахрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона созанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.
Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои терроризмро биомӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар шифз гардад.
Мудири бахши кор
бо ҷавонон ва варзиши
ноҳияи Восеъ Ф. Неъматзода