МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶАВОНОН
31
май
2021

БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶАВОНОН

АНДЕША:
«МО ҶАВОНОНРО НЕРУИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕАИ НАВИНИ КИШВАРАМОН ВА ОЯНДАИ ХАЛҚАМОН ЭЪЛОН КАРДЕМ ВА ДАР ҲАЛЛИ ҲАМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ ТО ИМРӮЗ БА ОНҲО ТАКЯ МЕКУНЕМ»
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-                          
 Пешвои миллат, 
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    
  Эмомалӣ Раҳмон
                                    21 майи соли 2021
    Тавре, ки мову Шумо огаҳи дорем санаи 21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд. 
Ман низ дар қатори 2500 нафар ҷавонони хуштолею саодатманд дар вохўрии мазкур иштирок намуда, як ҷаҳон таасуроти нек бардошт намудам.   
   Вохӯрии имсола дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ барои давлату миллат, 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар таърихи давлатдории миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.  
Ҳануз 17 марти соли 1994 мулоқоти нахустини Пешвои миллат ба ҳайси роҳбари давлат ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, ин нишонаи онро дорад, ки Пешвои миллат ба нерўи созандаи ҷавонон бовар доранд ва яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат меҳисобанд. Таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ҷавонон зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ифтихори ҳар як ҷавони бонангу ор ва хештаншиносу ватандўст мебошад. 
   Аз моҳи феврали соли 1998 таъсиси стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагону донишҷўёни таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз соли 1998 таъсиси ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника, таъсиси квотаҳои Президенти Тоҷикистон барои ҷавондухтарон ва ҷавонписарони лаёқатманди деҳот, таъсис додани стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, сарпарастиву баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат» ташаббусҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар самти рушди илму маориф ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон мебошанд. 
   Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созандагию бунёдкорӣ мо ҷавононро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ эҳтироми хос зоҳир намуда, таърихи гузаштаи худро амиқ омўхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёгони хеш арҷ гузорем, амнияту оромии ватани азизамонро шабу рўз ҳифз намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош кунем.
    Қурбонзода  Хуршед,
               Мудири бахши 
    кор бо ҷавонон ва варзиши
    ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*