20
август
2021
ПРЕЗИДЕНТ, ҶАВОНОН ВА ИЛМИ МУОСИР

Бениҳоят хурсандибахш аст, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар зери сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ояндадори ҷомеа – ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати рушди неруи зеҳнӣ ва муайян гардидани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин хусус Пешвои миллат барҳақ чунин иброз менамоянд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд”.
Далели ин гуфтаҳо ҷиҳати рушду инкишоф ёфтани насли ҷавони мамлакат ин қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 “Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ва дар ин замина таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 1999 – 2000, Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003”, таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсиси квотаи Президентӣ, таъсиси стипендияи Президентӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар ниҳоят эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” мебошанд.
Маҳз бо роҳбариву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар тамоми соҳаҳои муҳим дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа бо дасту дили гарм пайи кору пайкоранд ва содиқонаву софдилона фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии ҷавонон эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои ваҳдату истиқлолият бо боварии комил ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранду роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишварро маҳз дар омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун медонанд.
Ҳамин аст, ки имрӯз наврасону ҷавонони меҳан бо аз бар намудани донишҳои муосир дар озмуну олимпиадаҳои байналмиллалӣ ширкат варзида, ба ҷаҳониён исбот месозанд, ки ҷавонони тоҷик низ баробари ҷавонони дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти донишу илмомӯзӣ ҳамрадиф буда, дар ин самт низ дорои комёбиву дастовардҳои арзанда мебошанд.
Дар натиҷаи дастгириву сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи маълумоти оморӣ дар солҳои истиқлолият ширкати хонандагони ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардида, ба дастовардҳои назаррас сазовор шуданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар воқеъ имрӯзҳо ҷавонон дар ҳамаи самтҳои тараққиёт, аз ҷумла илм маориф, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳо комёбу муваффақанд. Дар самти илму ихтироот ҷавонони шавқманд хеле зиёданд, ки ин ҷавонон дар радифи ҷавонони ҷаҳон ихтирокориву навоварӣ намуда, ҳамқадами аср, ки асри илму техника мебошад, ба ҳисоб мераванд.
Тайи солҳои охир маҳз бо дастгириву саҳмгузории Пешвои миллат, ҷавонони ихтироъкор дар ҷумҳурӣ фаъолияти назаррас дошта, бо навовариҳои хеш дар олами илму техника навгониҳои хуберо ворид сохта истодаанд. Ҷавонони навовару ихтироъкор имрӯз дар соҳаи тиб, тарзу усулҳои нави табобат, ҷарроҳӣ ва маводҳои дорувориро кашф сохта, инчунин дар соҳаи технология идеяҳои нави хешро ба амал тадбиқ намудаанд, ки намунаи он ин ихтирооти “Мини-Экскватор”, “Пойафзоли роҳнамо”, “Аробаи маъюбӣ”, “Мавҷхомӯшкунаки телефонӣ”, “Робот” ва “Култиватор – нуриандозу молакунандаи хок” мебошад, ки ин боиси ифтихор аст.
Бино ба иттилооти уассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ айни ҳол шумораи умумии ихтирокори ҷавон (аз 21 то 30 - сола) то санаи 3 сентябри соли 2018 – 92 нафар буда, онҳо бо ихтироъкорӣ машғул мебошанд.
Бо шарофати Сарвари давлат ва истиқлолияти миллӣ имрӯз ҷавонон, ки қишри созандаву ояндаи кишваранд, бо таваҷҷӯҳ ба раванди рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба фаъолият машғул буда, дар риштаи илм низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Чи хеле, ки Пешвои миллат иброз менамоянд: “Ҷавонон бояд нерӯи созандаи худро ба фатҳи қуллаҳои илму техника ва фарҳанг равона созанд”. Бо роҳбаладиву роҳнамоии Сарвари кишвар дар ҷумҳури як қатор шӯроҳову созмонҳои илмии ҷавонон амал мекунанд. Яке аз созмонҳое, ки имрӯзҳо ҷавонони соҳибилмро ҷамъ овардаст, ин Шӯрои олимони ҷавони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2015, низомномаи Шӯрои олимони ҷавон аз нав қабул шуд, ки дорои 18 бюро буда, айни ҳол 200 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон аъзои он мебошанд. Боиси тазаккур аст, ки барои олимони ҷавон бо мақсади ҷиддитару самимитар машғул шудан ба корҳои илмӣҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” ташкил ёфтааст. Илова бар ин ба олимону аспирантони ҷавон идрорпулии номии Президентӣ ташкил гардид, ки ҳамасола ба муҳаққиқони ҷавон супорида мешавад. Ин ҳама аз он дарак медиҳад, ки сатҳу сифати корҳои илмӣ - тадқиқотии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ миқдоран ва сифатан хуб гардида, онро метавон ба шарофати дастгирии давлату Ҳукумати кишвар, алалхусус Тақдирҷунбони миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва пойдор гардидани Ваҳдати миллӣ номид.
Чи хеле ки зикр кардем, дар даврони соҳибистиқлолӣ, таи 30 сол аст, ки Президенти кишвар таваҷҷӯҳи асосиро ба қишри ояндасоз – ҷавонон равона намуданд. Мо дастгириву ғамхории Сарвари давлатро нисбати ҷавонон сари ҳар қадам метавонем мушоҳида намоем. Дар ҳама ҷашну чорабиниҳо Президенти мӯҳтарам нисбат ба ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд ва дар баромадҳояшон қайд мекунанд, ки “ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст”. Дар тамоми даврони Истиҷлолият дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Пешвои миллат ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус равона гардида, дар ин асно имконият фароҳам оварда шуд, ки ҷавонон дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷи кишвар таҳкил намоянд, таҷриба омӯзанд, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон санадҳои зиёди байналмиллалӣ оиди таҳсили онҳо дар хориҷи кишвар ба имзо расонида шуд. Ин ғамхориҳо ва сиёсати дарҳои кушоди кишвар барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам овард, ки ба данишкадаву донишгоҳҳои давлатҳои хориҷа озодона дохил шаванд ва такмили илму дониш намоянд. Маҳз, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯзҳо донишҷӯёни мо дар давлатҳои хориҷа: Русия, Амрико, Бритониё, Олмон, Чин, Малайзия ва дигар давлатҳои мутараққӣ таҳсили илм доранд. Дар ин росто Пешвои миллат барои ҳавасманд намудани ҷавонон ва бедор намудани ҳисси нангу номуси ҷавонон таъкид намудаанд, ки: “Ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда, эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем”.
Имрӯзҳо зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони тоҷик муҳассилини донишгоҳҳои хориҷи кишвар мебошанд. Ба ин теъдод расидани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, маҳз бо дастгириву саҳмгузории Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари муаззами кишвар падид омад. Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар агар дар соли 1994 теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тибқи бурсияҳои таҳсилӣ ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ фиристонида шуданд, 59 нафарро ташкил диҳад, пас ин шумора дар соли 2021 ба беш аз 6000 расидааст.
Истиқлолият ба мо ҷавонон даст дод, ки имрӯзҳо аз ҳамаи чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар истиқбол намуда, ғамхориҳои Пешвои миллатро хуб дарк намоем. Шароитҳои муҳайёшударо дар зеҳни худ таҳлил намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон кушиш намоем ва Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонем.
З. А. Абдуллоева - омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров