02
сентябрь
2021
АЗ БАНДИ БОВАРИҲОИ ПӮСИДАВУ ДУРӮҒИН ВА ҲАВОВУ ҲАВАС КАЙ БЕРУН МЕБАРОЕМ? КАЙ МАСЪУЛИЯТШИНОС МЕШАВЕМ?

ТАҲЛИЛ: Ҳар гоҳе, ки ба пешрафтҳои илмиву техникии замон назар меафканам, гузаштаи начандон дури мо дар баробари чунин пешрафтҳои имрӯз ҳаққиру нотавон ба назар мерасад. Бе шубҳа пешравиҳои илмии ҷаҳон далолат аз он медиҳанд, ки олимону донишмандон такя ба хираду дониш карда, роҳи ояндаи башариятро дурахшон сохта истодаанд. Аммо тавре мушоҳида мекунам дар баробари чунин пешравиҳои ҷаҳони имрӯз қисме аз мардуми мо дар банди ҷаҳолату хурофот мондаанду аз чунин пешравиҳои илмиву техникии замон самара намегиранд. Ба назар чунин мерасад, ки тафаккури ҷомеаи мо ҳоло ҳам аз банди бовариҳои пӯстидаву дурӯғин берун набаромадаасту ҳоло ҳам мардуми тоҷик дар пайи ҳавову ҳавасанд. Ҳамин мушкилист, ки мардум ба ҷойи дуруст ба таълим фаро гирифтани фарзандони худ, таъмини рушди фикрии онҳо ва беҳтар кардани шароити минбаъдаи зиндагии хеш, кӯшиш намкунанд, баръакс маблағҳои худро дар маъракаҳои нолозиму хурофотӣ ва намоишкориҳо харҷ мекунанд ва ҳамеша дар пайи ҳавову ҳавасанд.
Тасаввур кунед, ки ҷавони тоҷик ба муҳоҷират рафта, 2-3 сол бо чӣ азобу машаққат кор мекунад, шояд ҳам дар хунукии тоқатфарсои -40 дараҷа, шояд кӯча рубад, шояд ҳам аз якум ошёна то даҳум ошёна сари пушт халтаи семент барорад, шояд ҳам моҳҳо дар кӯчаҳо хоб кунад, шояд ҳам падару модар ва хоҳари нозанинаш дар гармии зиёда аз 40 дараҷа дар замини кишт каланд занад, хулоса бо чи азобу машақат пул ҷамъ мекунанд, аммо он маблағи бо азобу машаққат ҷамъкардаашро дар баргузории тӯи домодию арусӣ, ки ҳамагӣ 3-соатро дар бар мегирад харҷ мекунад. Модарони азизи мо як туйи даб-дабанок кунем, ки чашми ҳамсоя кӯр шавад гӯён меҳнати се солаи ҷигарбандашро дар се соат ҳамту харҷ мекунаду халос. Ҳатто аз бонку аз шиносҳо ҳам қарз мегирад. Гӯё тамоми маънии ҳаёт дар ҳамин як рӯз ё дар ҳамин се соат бошад. Ба ақли солим рост намеояд, ки меҳнати се соларо дар се соат ҳамту харҷ бикунем? Чаро мо пойбанди хурофоту маъракаороиҳои серхарҷем? Чаро тамоми маъракаҳои мардум бо додани таъом иртибот дорад, мисли оши наҳор, оши туйи, оши худоӣ, оши се, оши ҳафта, оши чил, оши сари сол, панҷшанбегӣ, ҷумъагӣ ва даҳо ошҳои дигар, ки мардум бо хӯрокхӯрии ройгон одат кардаанд. Чаро мо дуруст намеандешему дар пайи ислоҳи худ намешавем, оё дар рӯзгори минбаъдаи як ҷавон ҳамон маъракаи дабдабанок ягон зарра мусоидат мекунад? Мантиқ куҷост охир?.
Аз рӯзгори мардуми тоҷик садҳо мисол овардан мумкин аст, ки баъд аз гузашти ду рӯзи тӯйи домодию арусӣ ҷавони тоҷик дар фақру нодорӣ мемонад. Кушодатар карда гӯем аз як тараф кайфи носу сигор, аз тарафи дигар пардохти қарзи бонк ва мушкилотҳои оилавӣ, яъне хариди ину он, аммо пул нест, дар ин ҳолат ҷавони кисахолӣ қаҳру ғазабро бар сари ки холӣ мекунад?, ҳатман бар сари он арӯсе, ки бо сад ҳавасу орзу ба хонаи бахт омада буду фикр мекард, ки хушбахт мешавад, аммо сад афсӯс, ҷойи он ҳавасу орзуҳо ва зиндагии хушбахти тасавурмекардаашро ҷангу ҷидол, кашмакашиҳои оилавӣ, қопалтар карда гӯем дӯзахи зиндагӣ мегирад. Ин ҳолат ҳарӯз дар рӯзгори оилаи тоҷик рӯй медиҳад. Охир ин ҳолат то ба кай бояд идома кунад, кай мо ин масъаларо дуруст дарк мекунем, то ба кай духтари тоҷик азобу машақат мекашад, то ба кай мо зиндагии фақирона мекунем? Биёед аз банди бовариҳои пӯсида берун бароему аз намоишкориҳо, ҳаво ҳавас, харҷу мараҷи бемаънӣ даст бикашем ва барои худамон зиндагӣ бикунем, на барои сухани таърифомези дигарон!
Ба изззати нафси ҳеҷ кас расидани нест, аммо бисёр вақт фикр мекунам виҷдонам нороҳатам мекунад, фикр мекунам шояд бисёриҳо ин мушкилотро дуруст дарк накарда бошанд. Ҳастанд ҷавононе, ки дар муҳоҷират бо чи азоб меҳнат карда пул ҷамъ мекунад, ба Ватан омада дар баробари садҳо мушкилоти дигар доштанаш, рафта як опел ё мерседеси кӯҳна мехарад, ки ҳамагӣ як ё ду моҳ ҳай мекунаду халос. Яъне меҳнати ду солаашро барои ҳавову ҳаваси ду моҳа харҷ мекунад. Баъд аз ду моҳ “гуё” ҳавасаш шикаста бошад, мошини 50 ҳазораро дар 15 ҳазор мефурӯшаду билет гирифта, боз ба Русия меравад. Биёед ин тафаккуре, ки дар пайи ҳавову ҳавас аст, яксу гузорему асбоби иззатро (майна)-ро дуруст кор фармоем. Мо як умур дар муҳоҷират буда наметавонем, ё як умр ҳамин хел пул ёфта наметавонем, ки ҳамеша кайфу сафо кардан гирем. Имрӯз шикамамон агар сер аст, пас барои фардо бояд фикр кунем, барои фардо чизе бихарем ва ё чизе бисозем, ки ба кор ояд. Ин миллионеру миллиардерҳое, ки дар дунё ҳастанд, ҳамту аз ҳаво наомада миллионеру миллиардер нашудаанд. Онҳо низ мисли мову шумо одами оддӣ буданд. Онҳо танҳо дуруст фикр ва дуруст барномарезӣ карданд то сарватманд шаванд. На ин, ки мисли мо ду сомонро дар киссаамон дида дигар худамонро намешиносем, дарав дар пайи маъракаороиву дар пайи ҳавову ҳавас ва дар пайи харидани опели кӯҳна мешавем. Мушкили дар худамон аст, аммо ҳама санги маломатро ба давлату Ҳукумат мезанем, ки дар Ватан ҷойи кор нестаю дар Ватан аз ду моҳ зиёд истода наметавонем. Охир давлат туро маҷбур накард, ки рафта ҳатман опел ё мерседеси кӯҳан бихар. Бо 50 ҳазор сомон мешуд ку ҷойи кор барои худ ва дигарон офарид, ё мешуд ҳади ақал ду сол зиндагии хуб дошт. Худованд тоҷикро барои шукр кардану ҳама хубу бадро қисмат гуфтан наофаридааст! Тоҷик аз ҷумлаи миллатҳои офарандаву созанда буд дар таърих! Мо метавонем, сарватманд бошем!. Барои мо танҳо дуруст дониш гирифтану дуруст фикр карданро омӯхтанамон лозим аст.
ЧАРО ҶАВОНИ ЧИНИВУ ҶОПОНӢ МЕТАВОНАДУ ҶАВОНИ ТОҶИК НЕ? МУШИКЛИ ДАР ЧИСТ?
Имрӯз замони он расидааст, ки ҳар як ҷавони соҳибзеҳну худшинос бояд ин саволҳоро ба худаш диҳад, ки чаро дигар миллатҳо тавонистанд пешрафт бикунанду мо натавонем пешрафт кард? Чаро ҳар чизе, ки мо дар рӯзгор истифода мебарем истеҳсоли онҳосту, чаро ин маҳсулотҳоро мо натавонем истеҳсол кард? Чаро мисли як ҷавони чинӣ ва ё ҷопонӣ, ки ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯйи дониш ва фановарӣ аст ва ба мувафақиятҳои нав ба нав ноил гашта истодаанд, мо наметавонем бошем?
Фикр мекунам, мушкилии асосии мардуми Тоҷикистон ин мушкилии мафкуравӣ аст. Ҳамин мушкилист, ки мағзҳои худро дуруст кор намефармоем, намехонем, намеомӯзем, намеҷӯем, фарзандони худро ба илмомӯзӣ роҳнамоӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ва одобу ахлоқ тарбият намекунем. Ман яқинам, ки қисми зиёди мардуми Тоҷикистон баъди хатми мактаби миёна шояд боре ҳам китобе нахонда бошанд. На худамон мехонем, на фарзандону ҳамсарони худро ба китобхонӣ ҳидоят мекунем. Рӯзнома ва дафтару китоби фарзандони худро назорат намекунем. Пас табиист, ки дар ин самт аз дигар миллатҳои дунё ақиб мемонем.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳар як чиниву ҷопонӣ дар як сол зиёда аз 50 китобро мехонад. Пас ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки онҳо дар саргаҳи тамоми пешрафтҳои илмии ҷаҳон қарор мегиранд. Мисли мардуми мо дар банди ҷаҳолату хуруфот ва таассуб нестанд, ки як сомониро дар кисаашон диданд саросемавор дар пайи чӣ тавр кайфу сафо ва маъракаороӣ кардан мешаванд. Ё ин, ки модарони ҷопониву чинӣ мисли модарону ҳамсарони мо аз саҳар то бегоҳ дар таги оинаи нилгун (телевизор) сериалҳои туркиву ҳиндӣ ва аврупоӣ тамошо карда намешинанд, балки онҳо ба тарбияи фарзанд машғул мешаванд, илм меомӯзанд, ҷустуҷӯ мекунанд, барномарезӣ мекунанд ва нақшаҳо мекашанд, ки фардояшон аз имрӯзашон дида беҳтар шавад. Пас чаро модари тоҷик, чунин намекунад, чаро фарзанди худро дар ҳамин рӯҳияи тарбият намекунад?. Биёед як атрофамонро нигарем ва ба худамон савол диҳем, ки мо барои пешрафту ободонии ватанамон чӣ саҳме гузоштаем...? Аз худамон нишоне дар Ватан намонда бошад, ҳади ақал биёед фарзандонро дуруст тарбият бикунем, то ки аз фарзандонамон нишон монад! Ба Худо бисёр бадаст, ки аз мо нишоне дар Ватан намонад!.
БУЗУРТАРИН АРЗИШЕ, КИ ВОЛИДАЙН БА ФАРЗАНД МЕДИҲАД ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ АСТ
Замоне, ки корманди ҲХДТ будам бо мардум сӯҳбату вохӯриҳо мегузаронидем. Дар яке аз вохӯриҳо бо мардум аз як сокини маҳал пурсон шудам: Амак, фарзандат дар синфи чандум мехонад? Дар ҷавоб гуфт намедонам, модараш медонад! Аз модараш пурсидам писарат дар синфи чандум мехонад, хола? - гуфт дар синфи даҳум, пурсидам бо баҳои чанд дар мактаб мехонад, гуфт намедонам! Боз пурсидам, холаҷон магар Шумо рӯзномаи фарзандатонро тафтиш ва раванди хониши уро назорат намекунед? Дар ҷавоб гуфт нааа, вақт надорам, мактаба хатм кард, ягон чи ба худаш мешавад албат! Рости дигар надонистам ба чунин волидайни бемасъулият, ки нисбати тарбияи фарзанди хеш, муносибати бепарвоёна дорад, чи гуям! Тассавур кунед, падар надонад писараш дар синфи чандум мехонад, модар вақт наёбад хондани фарзандашро назорат кунад, пас табиист, ки чунин фарзанд дар ҷомеа мавқеъи худро намеёбаду роҳи бадро интихоб мекунад, яъне дузд, роҳзан мешавад, падару модарашро дар пиронсоли нигоҳу бин намекунад ва ё аз нодонӣ ба ягон ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ мепайвандад.
Бузургтарин арзише, ки волидайн ба фарзанд медиҳад - ин таълиму тарбияи хуб аст, на чизи дигар! Хона, мошин, оиладор кардан ва додани пулу мол ба фарзанд инҳо қарз ё фарзи волидайн ба ҳисоб намеравад. Аммо фарз, қарз ва масъулияти бузурги волидайн ҳамон таълиму тарбияи фарзанд аст. Фарзанд таълиму тарбияи дуруст гирифт хона, мошин ва пулу молро меёбад ва падару модарашро низ дар пиронсоли нигоҳу бин мекунад.
Мо набояд фарзандонро аз таълиму тарбия ва ру овардан ба илмҳои замона канор гузорем. Аз китобхониву илмомӯзӣ канора ҷустанд дар банди таассубу хурофотҳои динӣ ғутидан аст. Дар банди таасубу хурофотҳои дини хутидан бошад, арзишҳои диниро танҳо дар андозаи ришу саллаву сатр ва маънии ҳаётро дар маъракаороиҳои намоишкоронаву дар ҳавову ҳаваси рондани опели кӯҳна мебинанд.
Бинобар ин моро зарур аст ба ҷойи маъракаороиҳои серхарҷу нолозим, баҷои ҳавову ҳавас ва намоишкориҳо бемаънӣ кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки фарзандони худро аз хурдӣ илмҳои дақиқу гуманитарӣ ва техникиро биомӯзонем, сатҳи маънавиёташро боло бибарем то дар оянда мутахассиси хуби соҳа шаваду барои давлату миллаташ ва ба падару модараш хизмат кунад. Набояд фаромӯш кард, ки бузургтарин иштибоҳи мо дар зиндагӣ - ин интихоби мост!
Шаҳбози Искандар,
Мудири шуъбаи таблиғот, таҳлил ва иттилооти Иттифоқи
Ҷавонони Тоҷикистон