РОҲ ВА УСУЛҲОИ ПЕШГИРИИ МУҚОВИМАТ БА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР АЗ ҶУМЛА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
Љавонон ба унвони нерўи созанда ва њалќаи мустањками пайванди наслњои башар наќши муњим ва рисолати бузурге дар љомеа бар дўш доранд. Пешрафти миллат бидуни сањми љавонон тасаввурнопазир буда, шукуфої, зебої ва созандагиву бењбудии зиндагї аз љавонон ѓайрату матонати зиёдеро таќозо мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки муњимтарин рукни тањкими истиќлолият ва сулњу осоиштагї низ мањз љавонон њастанд, зеро бо нерўи созандаву иќтидорманд, ќувваю тавон, диду нигоњи тоза, зиракї ва аќидањои солими хеш дар рушди љомеа ва ободии Ватан сањми босазо мегузоранд.
Љавонони ояндасозро месазад, ки дар дилу вуљуди худ њама ваќт фикри оядаи миллату Ватанро дошта, бо эњсоси мењанпарастї ва худогоњиву худшиносї њомии дастовардњои даврони истиќлоли кишвар ва арзишњои неки марзу буми хеш бошанд. Њамзамон, ба муќобили ифротгароиву хурофотпарастї ва аќидаву андешањое, ки барои рушди мамлакат монеагї мекунанд, муборизаи беамон баранд ва љомеаро аз таъсири њар гуна фарњангу мафкураи бегона њифз намоянд.
Бешубња дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм барои пешрафт ва нумўи тамоми кишварњои олам монеаи бузургеро эљод намуда, башариятро дар ҳоли ваҳму ҳарос ва даҳшат қарор додааст. Имрўз мо дар љањоне зиндагї дорем, ки пур аз сару садоњо ва нооромињои пай дар пай мебошад.
Тањлили вазъияти љањонї гувоњи он аст, ки дар натиљаи амалњои террористӣ ва экстремистӣ садњо нафар ашхоси бегуноњ љони худро аз даст медињанд. Аз ин рӯ, давлатњо ва созмонњои байналхалќї маблаѓњои зиёдеро сарфи пешгирии ин зуњуроти номатлуб менамоянд, вале мутаасифона гирифтани пеши роҳи содиршавии чунин чунин амалњои номатлуб ба таври комил имконпазир нагардидааст.
Гурўњои ифротгаро бо истифода аз роњу усулњои гуногуни таъсиррасонї ба мафкураи одамон, бахусус нарасону љавонон таблиѓоти ѓайриќонунї бурда, ақидаҳои носолимро дар тафаккури онњо ба вуҷуд меоранд, ки дар натиҷа боиси ифротї гардидани ҷавонон мегарданд.
Таљрибаи кишварњои мусулмонї дар чанд соли охир собит сохтанд, ки аксари тазоњурот ва табаддулоте, ки дар ин кишварњо сурат гирифтанд, дар заминаи низоъњои динї-мазњабї ба воќеият табдил ёфтаанд ва аз паси њамаи он ќуввањои динї-сиёсие меистанд, ки ин тазоњуроту љангњои дохилиро барои таѓйири њокимият роњандозї мекарданд.
Таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, арљгузорї ба њуќуќи инсон ва шаҳрванд, махсусан эњтиром гузоштан ва таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои наврасону љавонон њамеша дар мењвари фаъолияти Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор дорад.
Наврасону љавонони Тољикистон бо дарки баланди масъулият эњсос менамояд, ки гаравидан ба гурўњњои ифротї барои пешрафту шукуфоии кишвар монеаи љиддї эљод менамояд.
Тундгарої ва ифротгарої сарчашмаи терроризм буда, ҳифзи мафкура ва андешаи ҷавонон вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа, хосса худи қишри фаъоли ҷомеа, яъне ҷавонон мебошад.
Дар баробари ин, мо масъулин насли љавонро бояд тавре тарбия намоем, ки ба ин олами зебо бо чашми мењр назар намоянд ва роњеро барои худ ва ҳамсолонашон интихоб намоянд, ки барояшон хушбахтї ва саодати рузғор биёварад.
Гурўњњои тундгаро љавононро бо омўзишњои нодуруст фаро гирифта, афкори онњоро бо ваъдањои хаёлї пур мекунанд ва оќибат онњоро бо хост ва интихоби худашон истифода менамоянд.
Њоло ваќти он расидааст, ки башарият дар якљоягї дар пешгирии ин амали мудњиш гомњои нав гузошта, дар мубориза алайњи љиноятњои террористї аз истифодаи механизм ва роҳу усулҳои муосир кор гиранд. Дар ин маврид, шеваи ягонаи муносибат ба ин падидаи номатлуб ва гуруҳҳои ба ин омилҳо мусоидаткунанда амри зарурї дониста мешавад. Инчунин, дар ин маврид гуфтугуи фарњангњои мухталиф ва шинохту эњтироми њамдигарї низ калиди муваффақиятҳо хоҳад буд.
Таҳияи маќолаҳои илмӣ ва навиштани вокунишҳо тавассути васоити ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуќуќии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, илмию маърифатӣ ва тарѓиботиву ташвиќотӣ, баланд бардоштани саводнокии наврасону ҷавонон бо руҳу усулҳои муосири таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини сатҳи иќтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар миёни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуќуќии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ташаккули андешаи миллӣ ва пурзўр намудани корҳои мафкуравӣ, кам кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани шароитҳои фароѓат барои ҷавонон аз роҳу усулҳои муосири муќовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифродгароии хушунатомез дар байни ҷавонон маҳуб меёбад.
Имрўз дар раванди љањонишавї мубориза ба густариши аќидаву афкори гуногуни бегонагон бидуни мављудияти аќидаи устувор дар кадом соњае, ки набошад, ѓайриимкон аст. Пешгирӣ кардан аз ифротгароию тундгарої яке аз омилњои муњими њифзи миллат, вањдату ягонагї, сулњу суббот ва рушди кишвари азизамон мебошад.
Пешвои муаззами миллат ба ҳалли масъалањои мубрами љањони муосир, аз љумла равандњои террористию экстримистї дар љањон ва минтаќа таваљљўњи хос доранд.
Сарвари давлат борњо таъкид менамоянд, ки «Давлату Њукумати Тољикистон тўли солњои истиќлолияти давлатї ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароњам овардани шароит барои зиндагии арзандаи њар як шањрванд ањамияти зарурї дода, барои тарбияи насли наврасу љавон дар рўњияи ватандўстї, ифтихор аз таърих ва миллат тадбирњои зарурї меандешад.
Воќеан, имрӯз љавонони мо њамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо њалли мушкилоту масъалањои њаёти наврасону љавононро самти стратегї ва афзалиятноки сиёсати иљтимоии давлат эълон кардаем».
Дар замони соњибистиќлолии кишварамон миллати бузурги тољик бо дастовардњои назаррасе ноил гардид, ки ин пеш аз њама аз зањматњои шабонарўзии Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон дарак медињад. Њамарўза мо шоњиди навгонињои зиёде дар самтњои иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва фарњангии мамлакатамон мешавем. Аммо, мутаасифона дар шароити љањонишавї мо дучори хатарњои зиёде мешавем, ки метавонанд, ин раванди рушду созандагиро халалдор созанд. Дар ин росто, иттиҳоду ягонагии ҷавонон атрофи давлату Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат дар заминаи шинохт ва ҳимояи манфиатҳои миллї метавонад ҳамчун сипари боэътимод бар муқобили ин гуна зуҳуроти номатлуб бошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мутобиќшавии Тољикистон ба љањони муосир мо бояд роњу восита ва шаклњои татбиќи андешаи миллиро дар соњаи иќтисодиёт, иљтимоиёт, фарњанг, сиёсат ва амният, ки хусусияти миллї ва симои маънавию сиёсии моро нигоњ медорад, пайдо намуда, тадриљан амалї намоем.
Ҳамасола, Наќшаи чорабинињои муштараки Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокуратураи генералї, вазоратњои корњои дохилї, маориф ва илм, тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї, кумитањои дин, танзими анъана ва љашну маросимњо, телевизион ва радио ва кор бо занон ва оила дар самти пешгирии омилњои номатлуби иљтимої миёни љавонон ва наврасон, аз ќабили љинояткорї, терроризму экстремизм, шомилшавї ба њизбу њаракатњои иртиљої, зуроварї, худкушї ва сўиќасд ба љони худ, танфурўшї хариду фурўши инсон, њамзамон тарбияи чавонон дар руњияи созандагиву бунёдкорї ва тарѓиби идеалогияи солим тањия ва амалї шуда истодааст.
Инчунин, ҷиҳати татбиќи ҳамаҷонибаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муќовимат ба экстремизм барои солҳои 2021 – 2025, оид ба ташаккули нерўмандии мафкураи миллӣ, таҳкимбахшии он дар пешгирии тундгароӣ ва экстремизм, омода намудани мутахассисон дар соҳаи муќовимати иттилоотӣ бо экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани наќши пешгирикунандаи воситаҳои ахбори омма ва таъмини ниҳодии корҳои таҳлилӣ, иттилоотӣ ва ташвиќотӣ дар ин самт чораҳои амалӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар Стратегияи мазкур зикр гардидааст, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос доир ба пешбурди ҷанги иттиллоотӣ ва мафкуравӣ дар шабакаҳои Интернет чораҷўӣ карда шавад.
Вобаста ба иҷрои ин масъала, мо ба тамоми сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, аз ҷумла волонтёрон – аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ҷиҳати фаъолнокии онҳо вобаста ба навиштани вокунишҳо, ибрози нигоҳи муќобил ва мубоҳисаҳои созанда дастурҳои мушаххас додем ва кор дар ин самт боз ҳам таќвият бахшида мешавад.
Умуман, муќовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир бахусус терроризм ва экстремизм иштироки дастаҷамъии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад.
Аз ин рў њар яки моро месазад, ки бањри пешгирии ин зуњуроти номатлуб, ки доимо амнияти давлату миллатро зери хатар ќарор медињад, муборизаи беамон барем.
Розиқзода Дилошуб – мудири Бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (баромад дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар сатми муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои мухталифи хатарзо”