МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
Асосӣ
Кумита
Роҳбарият
Сохтор
Хабарҳо
Самтҳои афзалиятнок
Ҷавонон
Варзиш
Солимгардонӣ
Андешаҳо
Вокунишҳо
Тамос
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
»
АНДЕШАҲО
» Страница 10
14
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
30 ҚАДАМИ ҶАВОНОНИ ХАТЛОН БА СӮЙИ РУШД
Соҳаи ҷавонон ва варзиш яке аз соҳаҳои калидӣ дар самти татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҷавонон дар раванди амалигардонии ҳадафҳо ва нақшаҳои кории роҳбарияти давлату Ҳукумат аз пешсафони ҷомеаи кишвар дониста мешаванд.
14
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
ВМКБ: Истиқлол ба рушди афкори ҷавонон таъсири амиқ гузошт
Имрӯзҳо қисмати бештари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил дода, ин табақаи ҷомеа солҳои охир дар маркази таҳаввулоти хеле ҷиддиву муҳим дар ҷомеа, таъсиси сохтори нави сиёсӣ, бозсозии иқтисодӣ, мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва эҳёи ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтанд. Ин дигаргуниҳо ба андеша, афкор ва тарзи зисти ҷавонон таъсири амиқ расонида, барои ҳамоҳанг сохтани онҳо бо равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир замина гузоштанд. Аз ин лиҳоз, ба сифати захираи стратегии
14
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
СУҒД: Дастоварди ҷавонон дар 30 соли истиқлол
Самараи неки истиқло-лият ва баракоти сулҳу суботи сиёсии кишвар аст, ки дар мамлакати азизи мо ба масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Воқеан истиқлолият ҳамчун дастоварди олӣ ва нодири мардуми шарафманди кишвар ҷиҳати тавсеаи имконот ва шароити мусоиду арзанда барои насли ояндасоз заминаи мусоид фароҳам овард.
13
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
НАМОЗИ ШУКРОНА
Ё гиряи мӯйсафеде, ки ҷавонияш қурбонии ҷанг шуд Шомгоҳон Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Кӯли ҷавонон”-и шаҳри Душанбе пур аз ҷавонон аст. Хандаи осмонкафи гурӯҳе аз дӯхтарон, ки назди фавораҳо нишастаанд, бо садои об форамии дигареро ба гӯш мерасонад. Ҷуфти оилаи ҷавоне, дунболи кӯдаке, ки нав қадамзаниро меомӯзад, медаванд. Ҳарду хандонанд. Вале таппиши дили модарро, ки аз ҳаяҷон ба чунин ҳолат гирифтор шудааст, дар чеҳрааш бараъло мушоҳида метавон кард. Ҷуфти дигари оила ба хотири завқи
13
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
АДОЛАТ РАҲМОНОВА: “Агар заҳматҳои Сарвари худро нодида гирем, таърих
Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтем, аз рӯзгори нафаре қисса кунем, ки бо фаъолияти созандаву босамар соҳибэҳтиром ва маҳбуби дилҳо шудааст. Ӯ занест, ки аз ҷониби ҷомеа эътироф ва дар роҳи хизмат ба мардум обрӯманд гаштааст. Номи нек, фаросати азалӣ, рӯзгори омӯзанда, шеваи хоси зиндагӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, хоксорию фурӯтанӣ дар зоҳиру ботинаш ба ҳам омадаву намунаи олии зани фидокору ватандӯстро пеши назар ҷилва
13
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
Нақши занон дар 30 соли истиқлол
Истиқлолият тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам орад. Дар замони истиқлолият занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолият намоянд. Имрӯз занон дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки зиёда аз 51 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Бо шарофати ба қудрати сиёсӣ расидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа роҳандозӣ гардид. Дар
13
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
ВАҚТЕ ДИЛ ДАР ТАПИШ АСТ...
Ё чанд андеша перомуни шаҳрдори Душанбе ва озмуни “Душанбе - ганҷе дар қалби Осиё” Ҳудудан як сол мешавад, ки Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявиеро таҳти унвони “Душанбе – ганҷе дар қалби Осиё” эълон карда буд. Дар ин давра хонандагони бешумори мо ба унвонии рӯзнома мақолаву ёддоштҳои худро вобаста ба
13
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
30 соли Истиқлол ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон
“Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон Инак, аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардид. Дар тӯли ин солҳо баробари дигар қишрҳои ҷомеа, ҷавонон низ тавонистанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт нақши худро гузошта бошанд. Аз ҷумла, нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ин
08
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
08.09.2021 Ман андешаҳои худро доир ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 22-юми июли соли ҷорӣ муфассал баён карда будам. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва
06
сентябрь
2021
ХАБАРҲО
/
АНДЕШАҲО
“ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШАРАФ ВА НОМУСИ ҲАР ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНӢ”
Аз аввалин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолият, миллати тоҷик барои мустаҳкам намудани пояҳои ин дастоварди бузург, тамоми кӯшишу ғайрат ва нерӯи хешро сарф намуда, барои пойдрии Истиқлолу озодӣ ҷонфидоиҳои зиёде кардаанд, ки дар ин росто саҳми ҷавонони тоҷик низ басо назаррас мебошад. Орзуву ормони соҳибистиқлолӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳӣ тоҷик, дар тӯли садсолаҳо бо вуҷуди мушкилоти сахту сангин ва ҳодисаву руйдодҳои фоҷиабори он давра, бо такя ба таърихи ғанӣ ва суннатҳои қадимаи
Назад
1
...
6
7
8
9
10
11
12
13
14
...
27
Вперед
Авторизация
Войти на сайт
Чужой компьютер
Забыли пароль?
Регистрация