Барои миллати тоҷик баъди гузашти асрҳо неъмати бузург истиқлолият ва озодиро насибу рӯзи гардонид, агарчӣ дар давоми ҳазорсолаҳо душман моро шикастанд, пора - пора карданд, вале мо нарехтему нагурехтем, зи дами теғи Искандару муғулу манғит ва садҳо истилогарон гузаштем ва боз ҳам ба по бархестем, бо остини пора, пиёдаву савора бо гузоштани чандин ҷигарпора ва тарки марғзора ба як пораи замини кӯча бо ном давлат расидем. Боз таъқибу боз фишор ва боз даъвову террор дар болои ин меҳани азиз