МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » 4 МАЙ: ОҒОЗИ СИЛСИЛАИ ҲАМОИШҲОИ ҶАВОНОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУН ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО”
04
май
2021

4 МАЙ: ОҒОЗИ СИЛСИЛАИ ҲАМОИШҲОИ ҶАВОНОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУН ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО”

Шуруъ аз 4 майи соли ҷорӣ, дар кишвар бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ифтихори 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳамоиш ва намоиши дастовардҳои ҷавонони касбу кори гуногун таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” баргузор карда мешавад.

       Ҳамоишҳои болозикр бо мақсади муаррифӣ намудани дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ, пешрафт ва дурнамои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат равона карда шуда, ба таҳкими бахшидани нақши ҷавонон дар рушди босуботи кишвар, хоса омухтани мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлати навини тоҷикон мебошад.         

       Шуруъ аз 4 майи соли ҷорӣ нахустин шуда, ҳамоиши ҷавонони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Минбаъд ҳар ҳафта рузҳои сешанбе ва ҷумъа то моҳи декабри соли 2021 баргузории чунин ҳамоишҳо дар вазорату идораҳои дахлдор доир карда мешавад. 

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*