МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
25
февраль
2022

ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

25 феврали соли 2022 дар ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”   баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ҳамзамон гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.Дар  чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳмонзода Абдулло иброз доштанд, ки “Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат имрӯз ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ карда шудааст, ки аз ин иқдомҳо таъсиси стипендияҳои Президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад,  ки имрӯз теъдоди онҳо ба 3000 ададро ташкил медиҳад". Илова бар ин, қайд намуданд,ки "Маҳз дар синни ҷавонӣ инсон ояндаи дуру наздики худро муайян месозад. Ҳар як амале, ки имрӯз дар овони ҷавони иҷро мешавад, натиҷа ва самараи худро ба бор хоҳад овард. Аз ин лиҳоз дар ин айём тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш мебошад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад”Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим суханронӣ намуда, иқдоми мазкурро дар ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд ва баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо натаҷабахш номиданд.
Гирандагони стипендияи Президентӣ низ баромад намуда, аз дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳавасмандгардонии донишҷӯёну хонандагони аълохон миннатдории самимонаи худро баён намуданд.
Дар охир дар фазои тантанавӣ ба барандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 аз ҷониби раиси Кумита ва раиси ноҳияи Айнӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендия супорида шуд.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*