МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » Хуҷанд: Ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ оид ба КАРАТЭ-ДО муайян гардид. 
25
февраль
2022

Хуҷанд: Ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ оид ба КАРАТЭ-ДО муайян гардид. 

Дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд аз рўи намуди каратэ-до баргузор гардид.
Мусобиқа бахшида ба Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, дар он зиёда аз 250 нафар варзишгарон байни иштирок намуданд.
Тибқи низомнома дар мусобиқа наврасон, ҷавонон ва калонсолон иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин рушди намуди варзиши каратэ-до, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар маросими ҷамбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳр Бахтиёр Боқизода иштирок намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин оммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди каратэ-до ва ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуд, татбиқи барномаҳои маҳаллии соҳаи варзиш, пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*