МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЙЁРИ ВАРЗИШӢ АЗ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД
25
февраль
2022

ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЙЁРИ ВАРЗИШӢ АЗ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД

Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе курси кӯтоҳмуддати  12 рӯзаи такмили ихтисос барои директорони муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳру ноҳияҳои ҶумҳурииТоҷикистон аз рӯи барномаи таълимии 72-соата ба итмом расид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин курси такмили ихтисос 16 нафар шунавандагон (директорони муассисаҳои тайёрии варзишӣ) иштирок доштанд.
Дар ҷамъбасти курси мазкур муовини  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Собирзода Парвиз иштирок ва суханронӣ намуда, ба шунавандагони курс шаҳодатномаҳои хатм (намунаи давлатӣ)-ро тақдим намуданд. 
 
Расмҳо аз рафти тақдими шаҳодатномаҳо ба шунавандагони курс.

25.02.2022.  ш. Душанбе
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*