МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
25
февраль
2022

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

Имрӯз аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар МТМУ №66 бо ҷавонони синни 14 то 16 ва 17 то 18  сола хониши сиёсӣ аз рӯи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ  Нуров М.А. - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино ва роҳбарияти муассиса  иштирок намуда вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар суханронӣ намуданд. Ҳамзамон баромадкунанданон оид ба пешгирии ҷавонону наврасон аз амалҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, ҷангҳои гурӯҳӣ, оворагардӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ парокандашавии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВНМО, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, дӯст доштани Ватан ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонону наврасон ва волидайни онҳо суханронӣ намуданд.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*