25
февраль
2022
ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН - ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН


Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ ки саршор аз васфи диёри азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.
Ҳамзамон, дар фарҷоми ҳамоиш гирандагони стипендияи Президентӣ дар шаҳр бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии кишвар миннатдории самимонаи хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои муаззами миллат хоҳанд буд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.Аксҳо аз рафти чорабинӣ:
