МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » Баргузории дуюмин ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Ташкилотҳои устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикии бисёрҷониба баҳри ҷавонони фаъол ва комёби Тоҷикистон “ProYouth”
25
февраль
2022

Баргузории дуюмин ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Ташкилотҳои устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикии бисёрҷониба баҳри ҷавонони фаъол ва комёби Тоҷикистон “ProYouth”

Санаи 25 феврали соли 2022 дар бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Исфара, Шаҳритуз, Панҷ, Норак, Ашт, Спитамен ва Деваштич ва намояндагони ташкилоти Hilfswerk International” доир ба натиҷагирии татбиқи лоиҳа “Ташкилотҳои устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикии бисёрҷониба баҳри ҷавонони фаъол ва комёби Тоҷикистон “ProYouth” дуюмин ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи мазкур баргузор гардид.


Зимни ҷаласаи мазкур ҳисоботи мухтасар оид ба натиҷаҳои фаъолияти анҷомдода дар доираи татбиқи лоиҳаи болозикр барои иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод гардид. Инчунин, ҷиҳати банақшагирии фаъолиятҳои минбаъда ва татбиқи босамари лоиҳаи мазкур таклифҳои иштирокчиён пешниҳод гардида, нақшаи чорабиниҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи “ProYouth” ба дастгирии ҷавонон ва ҳаракати ҷавонон, алалхусус аз минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон тавассути тақвият бахшидани иқтидор ва малакаи онҳо баҳри иштироки фаъол дар ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ҳам дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ равона карда шудааст.


Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*