МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ҲАШАРИ ДАСТҶАМЪӢ  ҶИҲАТИ САҲМГУЗОРӢ ДАР ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
26
февраль
2022

ҲАШАРИ ДАСТҶАМЪӢ  ҶИҲАТИ САҲМГУЗОРӢ ДАР ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Нимаи аввали имрӯз, 26-уми феврали соли 2022 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар доираи раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ободу зебо, сабзу хуррамгардонӣ ва ҳамовозӣ бо Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳашари дастҷамъиро роҳандозӣ намуданд. Дар ин иқдом, ки дар назди гардиши товус то пули "Путовский" атрофи дарёчаи Душанбинка сурат гирифт, коммунист Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, волонтёрони Раёсат, варзишгарон ва мураббиëни мактабҳои варзишӣ бо тозаву озода намудани муҳити атрофи ин мавзеъ саҳми худро дар тозаю озода намудани як гӯшаи қалби бузургу муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе гузоштанд. Масъулин зимни ҳашари дастҷамъӣ иброз доштанд, ки  ниҳолшинониву гулшинонӣ, ки миёни мардуми мо ҳамчун  рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубият пайдо кардааст, аз гузашта то имрӯз роиҷ аст. Аз ин рӯ, ин гуна иқдомҳо метавонанд барои дар замири насли наврас талқин намудани ҳисси зебоипарастӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф саҳми назаррас гузоранд. Ёдовар мешавем, ки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ин гуна иқдомҳои ободониву гулшинониро бо истифода аз ҳавои мусоид ҳар ҳафта баргузор намуда, ба ин васила саҳми худро дар ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри Душанбе мегузаранд.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*