30
январь
2021
Лагери омӯзишию сайёҳатии "Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат" дар Сафеддара

Санаи 30 январи соли ҷорӣ қисмати дуюми лагери омӯзишию сайёҳатии "Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат" дар Маҷмааи лижаронии "Сафед-дара" идома ёфт.
Иштирокчиёни лагери мазкур иборат аз 54 нафар, ки ҳамагӣ ҷавонони фаъол аз тамоми манотиқи кишвар ҷамъ омада буданд, аз назди бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақлиётҳо нишаста ба Сафед дара раҳсипор гардиданд.
Қисмати аввали чорабинии рӯзи дуюми лагери мазкур тибқи барнома дар Комплекси лижаронии Сафед-дара Семинари омӯзишӣ таҳти унвони "Ҷавонон Пайрави Пешвои миллат" гузаронида шуд. Дар ин семенари мазкур масъулони чорабини вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Волонтёрӣ ва маҳфилҳои назди Кумита суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар охири семинари омӯзишӣ ба ҳар як ҷавонони фаъолу ризокор, ки аз сар то сари ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, барои иштироки фаъолона Гувоҳнома супорида шуд.
Тибқи барномаи лагер санаи 30 январи соли 2021 иштирокчиён аз имкониятҳои сайёҳии Комплекси лижаронии Сафед-дара дидан намуданд. Дар қисмати дуюми рӯз бошад барои болидахотирии ҷавонони ихтиёрӣ (волонтёрон) имкониятҳои фароғатӣ фароҳам оварда шуда, онҳо истифода бурданд.
Бо ҳамин сафари дурӯзаи волонтиёрон, лагери омӯзишию сайёҳитии зери унвони "Ҷавонон пайрави Пешвои миллат", ки тибқи барнома санаи 29 январ аз шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, нахуст иштирокчиёни Лагер аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва боғи ба номи устод Рӯдакӣ дидан намуда буданд, дар Комплекси лижаронии Сафед-дара ба анҷом расид ва ба ҳар яки онҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшида бо як таасуроти хубу хотирмон ба самти Душанбешаҳр раҳсипор шуданд.