МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ТАБРИКОТИ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО ҚУРБОНАЛӢ -РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР
07
март
2022

ТАБРИКОТИ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО ҚУРБОНАЛӢ -РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР


Модарони меҳрубон,
Бонувону хоҳарони гиромиқадр!


Дар оғози фасли зебои сол, баҳори нозанин, ки замини биҳиштосои 
Тоҷикистони азиз пироҳани сабз ба бар карда, мардуми шарифи он дар фазои сулҳу амнияти пойдор, ваҳдату истиқлолияти комил зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, 
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зеботарин ҷашн – Рӯзи модарро тантана менамояд, бо камоли эҳтиром ва самимияти хосса аз номи худ ва тамоми ҷавонону варзишгарони кишвар ҳамаи Шуморо ба муносибати ин ҷашни фархунда шодбош мегӯем.

Боиси сарфарозист, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат давлат ва Ҳукумати кишвараз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати ҳаётбахш ва инсонофарии  модаронро қадр намуда, ба сиришти поку номи  нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  арҷ мегузорад. 

Зеро, аз нури чеҳра ва муҳаббати поки Зан - Модар роҳи ҳаёти имрўзу фардои инсоният мунаввар, манзилаш гарм ва қалбаш нарму осуда аст.

Воқеан, модар азизтарин мавҷуди рӯи замин мебошад. Зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ў ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Ба эътирофи нафақат бузургону мутафакирони олам, балки тамоми инсоният Зан - Модар  аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рўи замин мебошад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад. Ба қавли бузургон Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро такон медиҳад.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 
нисбати  зан- модар меҳр ва таваҷҷуҳи хосса дошта, таъкид менамоянд, ки «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад». 

Оре, маҳз модар дар қалби фарзанд меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва некуву накўкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондўст ва ватанпарвар ба камол расад.

Зеро ба ўҳдаи зан – модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон мебошад, аз рўзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок – тарбияи инсони нав ва дар ниҳоди ў ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шавқату муҳаббат ва эҳсоси ватандўстиву меҳанпарастӣ гузошта шудааст.

Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон занону духтарони саодатманди ҷумҳурӣ бо нерўю қувваи тозаи созандагӣ сарбаландона барои пешрафту ободӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Имрўз нақши занону бонувони кишвар дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеа бараъло эҳсос гардида, новобаста аз модар будан ва вазифаи арзишманди модариро ба ҷо овардан, дар баробари мардон вазифаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва роҳбарикунандаро анҷом дода истодаанд, ки ин боиси ифтихормандии мо мебошад.

Дар раванди давлатдории миллии имрӯзаамон, хосса таҳкими фарҳанги миллии халқи тоҷик барои зиндагии оянда сафарбар намудани насли ҷавони ҷомеа нақши занону модаронамон бағоят калон аст. Бахусус ба ҳаёти мустаъқилона ва дар рўҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ омода ва тарбия намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбияи кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммал аз масъалаҳое мебошанд, ки мо дар онҳо саҳми модарону бонувони арҷмандамонро эҳсос менамоем.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат субҳи имрӯз дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи модар баён доштанд “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки модаронухоҳарони арҷманди мо дар баробари тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим,
 инчунин, дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва ободиву созандагии Тоҷикистони азизамон 
минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад”.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ҳисоби ҷавондухтарони лаёқатманд тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, ҷалб намудани онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ дӯзандагӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, барои таъминоти занон, хосса ҷавондухтарон бо кор ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ зина ба зина тадбирҳо андешида истодааст.

Боварии комил дорам, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ба қадри ин Олиҳаи бузург ва неъмати бебаҳо яъне, манзалати модари тоҷик арҷ мегузаранд ва эҳтиромашро ба ҷо меоранд.

Бори дигар ин санаи муқаддасро ба ҳар яки Шумо модарону бонувон ва хоҳарони азиз сидқан табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом ва иқболи боз ҳам баландро таманно менамоям.

Ҷашни Модар муборак!
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*