МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО – РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
19
март
2022

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО – РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҷавонону варзишгарони хушиқбол,
Сокинони шарафманди Тоҷикистон!

Бо ихлосу фараҳмандӣ ва сипоси беандоза  ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки яке аз муқаддастарин ва зеботарин ҷашни бостонии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, сидқан шодбош мегӯям. 

Наврӯз иди аҷдодии мардумони ориёӣ буда, таърихи куҳан дорад. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Ҷашни Наврӯз васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асри хеш ва эҳёи беҳтарин расму оин ва анъанаҳои миллиамон мебошад”.

Наврӯз чун гаронбаҳотарин мероси ниёгони халқи тоҷик ба рамзи ваҳдату якдилӣ, паёғоми ҳаёти нав ва ҳамбастагию сулҳ табдил ёфтааст. Он на танҳо ҷашни табиату баҳор, балки ҷашни худшиносию худогоҳии миллии мо маҳсуб меёбад.

Боиси ифтихори бузург аст, ки соли 2010 бо пешниҳод ва иқдоми бузурги Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пазироии ин пешниҳод аз ҷониби давлатҳои идкунандаи Наврӯз дар Иҷлосияи 64- уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” қатънома қабул гардид ва соли равон бори дувоздаҳум аст, ки он ҳамчун иди ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад.
Бо итминон метавон гуфт, ки тавассути ин сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат сатҳи худшиносии ҷомеа боз ҳам боло рафта, аз ин ҷашни бузурги миллию давлатӣ пеш аз ҳама насли ҷавони кишвари азизамон ифтихор доранд ва арзишҳои наврӯзиро ҳамеша пос медоранд.

Наврӯз ҷашнест, ки покиву покизакорӣ, осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад, қалбҳоро нарму кинаҳоро дур месозад. Таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек маҳз дар талъати Наврӯз ҳувайдо мегардад.

Ин ҷашн василаи муҳими ваҳдату ҳамбастагии қавму нажодҳои гуногуни сайёра буд ва имрӯз низ ин рисолати худро идома дода истодааст. 

Истиқболи сазовор ва таҷлили хотирмони ин ҷашни аҷдодӣ – Наврӯзи аҷам бори дигар собит месозад, ки мардум дар ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва дӯстиву рафоқат зистанро аз ҳама ганҷи дунё болотару волотар мешуморад ва шод будану шод зистанро марому мақсади худ қарор медиҳад.

Дар баробари он хусусиятҳое, ки дар мавриди Наврӯз болотар сухан рондем, бояд илова намуд, ки Наврӯз оини ҷавонмардӣ ва рамзи паҳлавонӣ маҳсуб меёбад. Дар асарҳои зиёди муҳаққиқону олимони соҳа возеҳ дарҷу собит гаштааст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният ҷашни Наврӯзро бе сабқату тадбирҳои мардумӣ, мусобиқаҳои паҳлавонию човандозӣ, роҳнавардию пойга, аспдавонӣ ва дигар навъу намудҳои варзиш тасаввур карда наметавонист. Яъне ҷашни Наврӯз аз ибтидои пайдоишаш тадбири оммавии варзишӣ буд ва ибтидо Наврӯз бе ташкили бозиву мусобиқаҳои варзишӣ маънӣ надошт. 

Ба ибораи дигар, ҷашни Наврӯз ба худ бозиҳои миллиро чун ҳамтақдири хеш бо гузашти асру солҳо то замони мо ҳамчун тамаддуни халқи тоҷик оварда расонд ва дар ҳар як чорабиниҳои ҷашнии умумимиллӣ, бахусус Наврӯзи оламафрӯз як қатор бозиҳои миллӣ, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гаштанд, ба мисли гуштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ ва дигар намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ доир карда мешаванд.

Дар мавриди чорабиниҳои ҳамасолаи наврӯзӣ миёни ҷавонон метавон зикр намуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои мукаммали корӣ ҳамсола аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тадбирҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ, илмию сиёсӣ ба ифтихори ин ҷашни муборак дар саросари ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд, ки сол ба сол ба ин чорабиниҳо доираи васеи ҷавонон фаро гирифта мешаванд.

Дар доираи чорабиниҳои варзишӣ мо варзишгарони дигар минтақаҳо, махсусан варзишгарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро даъват мекунем, ки аз фарҳанги миллии мо баҳравар шаванд. Ҳамзамон, мо Фестивали бозиҳои миллии варзиширо эҳё кардем. Имрӯз кӯшиш карда истодаем, ки барои тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон низ бозиҳои миллии варзиширо ҳарчи бештар дар байни наврасону ҷавонон тарғибу ташвиқ намоем. Идеяи аслии мо миллати солим аст. Зеро вақте миллат солим аст, албатта дар он нависанда, донишманд, олим, ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст ва хештаншинос пайдо мешаванд, ки барои ояндаи миллат хизмат мекунанд. 

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд: “Миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст”.

Дар шароити имрӯза ҳар яки мо ҷавонону варзишгарони кишвар масъулу вазифадорем, баҳри ободию зебогии ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намаем, ки деҳаю диёри кишварон аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва шукуфонтар гардад.

Албатта, миллати тоҷик ҳамеша миллати сулҳофар, нексиришт буд ва нексириштии мо ҳамин расму оину анъанаҳои неке, ки мо дар Наврӯз иҷро мекунем, ҳамон аст. Бо итминон метавон гуфт, ки аз ин падидаи бузург пеш аз ҳама насли ҷавони кишвари азизамон ифтихор доранд ва арзишҳои наврӯзиро пос медоранд.

Бигзор ҷавонон ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва арзишҳои милливу муқаддаси худ арҷ гузоранд ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ чун Наврӯзи аҷдодӣ муаррифӣ намоянд.
Бигзор, файзу баракати Наврӯз моро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ кунад.
 
Бори дигар, ҳар яки Шумо ҷавонону варзишгарони кишварро ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз сидқан шодбош гуфта, бароятон саломативу саодатмандӣ, комёбиву некрӯзӣ ва ба кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу салоҳ ва файзу баракати бештарро таманно менамоям.

ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАРӮЗ МУБОРАК!
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*