МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ соҳиби 269 медал шудаанд
03
август
2022

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ соҳиби 269 медал шудаанд

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ варзишгарони кишвар ба хазинаи варзишии мамлакат 269 медал ворид намуданд, ки аз ин шумора 64 медали тилло, 77 нуқра ва 128 медали биринҷӣ мебошад, - гуфт Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ.   
Ӯ дар шарҳи дастоварди варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ таъкид кард, ки дастоварди нимсолаи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 38 медали тилло, 43 медали нуқра ва 97 медали биринҷӣ зиёд мебошад.

Номбурда ҳамчунин зикр кард ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 269 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, 64 маротиба Суруди миллӣ садо додааст.

-Давоми нимсолаи якуми соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 иншооти нави варзишӣ, аз ҷумла 28 майдончаи варзишӣ, 13 толори варзишӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ бо харҷи 86 миллиону 56 ҳазору 884 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ин 9 миллиону 438 ҳазору 884 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 76 миллиону 618 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад, - гуфт раиси Кумита.

Вобаста ба баргузории чорабиниҳои варзишӣ гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи он дар кишвар 22 620 чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1021 чорабинӣ зиёд) бо фарогирии 1 миллиону 979 ҳазору 250 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 531170 нафар зиёд), аз ҷумла 338 ҳазору 431 нафар бонувон (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29896 нафар бону зиёд) ва бо ҷалби қариб 1 миллиону 300 ҳазор нафар мухлисону тамошобинон баргузор карда шуд. 
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*