МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
16
сентябрь
2022

МО БА ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА МАСЪУЛЕМ

              Дар фарҳангу адаби ниёгони мо эҳтиром ба ҳамсоягон ҷойгоҳи баланд дорад, ки он ҳамеша аз ҷониби мардуми сарбаланди тоҷик риоя карда мешавад. Аммо, мутаассифона, бо дахолати душманону гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ бархе аз сарбозону сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон ба марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон ҳамла менамоянд, ки чунин ҳолат ба мураккаб гардидани вазъият дар минтақа боис мегардад. Чунин ҳодиса дар давоми ҳафтаи равон боз рух дод, ки боиси ба ҳалокат расидани сарбозону ҷавонони бегуноҳи тоҷик гардид. Ҳарчанд борҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ чунин мушкилиҳо инъикос гарданд ҳам, ҳанӯз гурӯҳҳои муайяни ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин кори нангинашон даст накашида, боиси халалпазир гаштани дӯстиву рафоқат ва ҳамзистии осоишта мешаванд.  
              Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо вазъи мураккабу ҷаҳонишавии ҷомеаи муосир аз ҳар кадоми мо сокинони ватандӯсту хештаншинос тақозо менамояд, ки дар ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва манфиатҳои милливу давлатӣ аз ҳарвақта дида бештар омода бошем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими Истиқлолияту ваҳдати сартосарӣ ва расидан ба ҳадафҳои олии ҳукумати кишварамон саъюу талоши бештаре дошта бошем. 
           Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали эълони Истиқлолияти давлатӣ сиёсати “Дарҳои боз”-ро интихоб намуда, ба ин васила ҳамкории судмандро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дар доираи ҳамзистии осоишта ва таҳкими суботи густарда ба роҳ мондааст, ки он натиҷаҳои хуб ба бор овардаанд. Мутаассифона, вақтҳои охир бо дахолати бархе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон нооромиҳо ба вуқуъ омада, боиси талафоти ҷонӣ ва ба таҳлука овардани сокинон гашта истодааст. Дар ин бархӯрдҳои сиёсӣ мардуми осоишта зиёни бештар мебинанд.
Ҳамзистии осоишта аз ҷумлаи ҳадафҳои олии мардуми тоҷик ва сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Сангимурод Шарипов, 
мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*