МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
16
сентябрь
2022

ЯК МУШТ ХОКИ ВАТАНРО КАМ НАХОҲЕМ КАРД

 Вақтҳои охир баъзе аз ашхоси манфиатҷу бо ҳар баҳонаву ҳилаву найранг мехоҳанд байни мардум низоъ бархезонанд. Ин низоъ дар сарҳади байни Қирғизистону Тоҷикистон ба авҷи аъло бархоста, табъи ҳамаи моро хира намуда истодааст. Ҳамаи ин низоъҳоро онҳое ташкил карданианд, ки риштаи дӯстии ин ду миллатро канданианд. Тоҷикон ба сари касе теғ накашидаанд, даъвои сарҳадӣ ҳам надоранд, вале чун мебинем, ки як пораи Тоҷикистони воҳидро канданӣ ҳастанд, барои ҳимояи марзу буми кишвар омода ҳастем. Дар ин маврид ба мардуме, ки барои ҳимояи марз бо марзбонони кишвар дар як саф истодаанд, якдил ҳастем.                                                                                       
   Даҳшат аст ин? Бале, аз ин зиёд даҳшат намешавад! Кӣ мехоҳад, ки ба сари тоҷику қирғиз гирдоби бало ояд?! Чӣ гӯям, тоҷикон таърихи талху ибратбахш доранд. Зиёда аз ҳазор сол зимоми давлатро аз даст дода, аз Ватани худ маҳрум буданд. Ҳатто солҳои бистуми асри гузашта дар табартақсими ҳудудҳои марзӣ тоҷиконро “фаромӯш” карданд. Аммо ҳақиқат дастболо шуду миллати тоҷик соҳибдавлат гашт.... . Хуб, ин дигар тарафи баҳс аст. Дар мавриди Воруху дигар минтақаҳои сарҳадӣ гуфтаниям, ки он ҳеҷ гоҳ анклав ва ё марзи кишвари қирғиз набуданд. Таърих исбот намудааст, ки Ворух манзили тоҷикнишин аст, аз қадим то ба имрӯз. Ин ҳақиқати таърихиро муаррих ва ҷаҳонгард Арминий Вамберӣ, асари ҷуғрофии асри Сомониён “Ҳудуд ул – олам”, Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар китоби “Бобурнома”, донишманди маъруф ва муаррихи номвар В.В. Бартолд, академик Б. Литвинский, академик Бобоҷон Ғафуров ва садҳо дигар муаррихон исбот кардаанд. Ба далелҳои таърихӣ бовар кунед, бародарони қирғиз! Шоири ватандӯсти мо Бозор Собир як мушт хоки Ватан, як каф оби онро кам кардани нест, балки аз дигар диёр онро баргардонида оварданӣ аст.
Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон, 
Аз бароят ҳамчу савғо, То кунам хоки туро як зарра бисёр… 
Ин тасвири Бозор Собир аз чиҳати қатраи обу пораи хоки Ватанро кам кардан не, балки афзудан самимӣ, таъсирбахш ва табъи дили ҳар фарди ватандӯст баромадааст. Тоҷикистону Қирғизистон аз қадим чун ҳамсояи қарин ва дӯстони бекина буданд. Мехоҳам суханонамро бо мисраъҳои ҳақиқатан ватандӯстонаи Бозар Собир ҷамъбаст намуда гӯям, ки – 
Вуҷуди туст аз ду тан
Тани замину чисми ман,
 Ману туем хамбатан, 
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
 Қосимзода Солеҳамоҳ Абдукарим-раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*