МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
23
ноябрь
2022

ЯТИМПАРВАР

Бино ба омори расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 148 ҳазор маъ-юб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор нимаятим зери сарпарастии давлат қарор дорад. Чуноне ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати онҳо таваҷҷуҳи хосса доранд ва аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Мо дар арафаи Рӯзи Президент якчанд иқдомҳои Роҳбари давлатро ҷиҳати муҳайё намудани шароити созгор ба ятимону маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мехоҳем пешкаши хонанда кунем.

Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, мунтазам барои таъмини зиндагии шоиста ба онҳо чораҳои заруриро меандешанд. Сарвари давлат дар ҳар Паёми худ аз бобати ғамхорӣ ва дастгирии маъюбону ятимон сухан ронда, аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал меоранд, ки нисбати ин қишри ҷомеа бетараф набошанд ва онҳоро дастгирӣ намоянд. Ҳамин аст, ки пайваста таъкид мекунанд, ки “Ман ҳеҷ вақт ятими кулро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.

НАФАҚА

“Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ин аст, ки пеш аз ҳама Пешвои миллат масъалаи нафақаи ин қишри ҷомеаро аввалиндараҷа арзёбӣ менамоянд. Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ, ки моҳи январи соли 2021 ироа гарид, қайд намуданд: “Соли 2020 барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат як қатор чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуд. Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд”.

Ҳамзамон, дар ин Паём Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафақаи ятимону маъюбон ва ниёзмандонро дар ҳаҷми 20% ва 50% баланд бардоштанд.
- Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1 - уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад, - таъкид намуданд Президенти кишвар.

Инчунин дар Паёми дигарашон, ки моҳи декабри ҳамон сол ироа гардид, Роҳбари давлат андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва ним-ятимонро ба андозаи 25 фоиз зиёд карданд.

Бояд гуфт, ки иқдоми пешгирифтаи Президенти кишвар барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда мусоидат кард.

ҶУДО НАМУДАНИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ

“Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, танҳо соли 2019 ҳаҷми кумакпулиҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд беш аз 102 миллион сомониро ташкил намудааст.

Танҳо соли 2020 ба муносибати идҳо ва рӯзҳои таърихӣ ба мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабҳо барои кудакони ятим ва маъюб, хонаҳои кӯдакон, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи 21 миллиону 187 ҳазору 529 сомонӣ кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуданд.

ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

“Таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шахс ва ҳифзи саломатии ҳар як ятиму маъюб самти афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Сарвари давлат дар Паёми охирашон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.

Имрӯз дар системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд. Дар шаҳри Душанбе низ чунин муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз қабили хонаҳои кӯдакони маъюб, беморхонаҳо барои маъюбони кӯҳансол ва мактаб-интернатҳои маъюбон фаъолият менамоянд. Ҳамасола ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии ятимону маъюбон ва таъмини муҳити дастрас барои шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби вазорат ва сохторҳои марбутаи он як қатор корҳо анҷом дода мешаванд.

Хулоса, ғамхории ятимону маъюбон доимо дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, расонидани кумакҳои моддӣ ва хизматрасонӣ ба ин табақаи эҳтиёҷманди кишвар барои ҳамаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон вазифаи ҷонӣ аст.

КУМАК ДАР СОҲАИ МАОРИФ

“Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем”.
Эмомалӣ Раҳмон

Ба ғайр аз ин, Ҳукумати мамлакат ба таълим ва тарбияи кӯдакони ятим диққати махсус зоҳир намуда, дар қисми 3-и моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” уҳдадорӣ гирифтааст, ки барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам орад.

Бо мақсади иҷрои уҳдадории мазкур Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бунёди се мактаб-интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.

Иқдоми мазкури Сарвари давлат ба таъмин, таълим ва тарбияи кӯдакони ятими кулл равона гардида, дар натиҷаи иҷрои ҳадафи мазкур ҳар як кӯдаки ятим дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.

Президенти кишвар ба сифат ва шароитҳои муассисаҳои мазкур аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар идомаи иқдомашон таъкид намуданд, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ сохта ба истифода дода шудани ин мактабҳо ба Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Инчунин 10 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 150 ятими кул туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлат ҳангоми супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд иброз намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд мавқеи меҳварӣ дошта, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор доранд. 

Фарзонаи Умаралӣ, "ҶТ"
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*