МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » Ҷавонони хушиқболи Тоҷикистон! Варзишгарон – парчамбардорони миллат!
25
ноябрь
2022

Ҷавонони хушиқболи Тоҷикистон! Варзишгарон – парчамбардорони миллат!

 Дар ибтидо ҳар яки Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, бароятон сарбаландӣ, комёбӣ ва бурдбориҳо таманно дорам. Воқеан, дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишонаи истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва вахдати миллӣ буда, давлати муосирро тавассути парчами он мешиносанд.      Ба ҷо овардани эҳтиром нисбати Парчам қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст. 
    Имрўз Парчами миллӣ ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Он ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳамрадифи «Дирафши Ковиён» - и аҷдоди ориётаборамон буда, бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.  Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. Хушбахтона бо ташаббус ва иқдомҳои неки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тоҷикон соҳиби муқаддасоти миллӣ аз ҷумла Парчами давлатӣ - таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардиданд. Имрӯз ҷавонону варзишгарони кишвари маҳбубамон бо дастгириву роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, ба хотири арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан ва парафшон намудани Парчами кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар бабораби дигар қишри фаъоли ҷомеа талошу ташаббусҳои созандаро рӯйи даст гирифтаанд ва бо иродаи қавӣ, матонату қаҳрамонии худ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва ҷойҳои шоёнро сазовор мегарданд. Ба хотири варзишгарони мо имрӯз Парчами Тоҷикистон дар миёни садҳо кишварҳои ҷаҳон парафшон гардида, Суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад, ки ин бори дигар нишона аз миллати тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад. Муҳтарам ҳозирин! Парчамбардорони миллат! Қарзи имрӯзаи ҳар яки мо шаҳрвандон хосса ҷавонон ин аст, ки рамзи ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро гиромӣ дорем ва баҳри ҳамеша парафшон буданаш ҷаҳду талош варзем.  Мо бояд ҳамеша зери ливои муқаддаси хеш муҳофизи манфиатҳои давлату миллати худ бошем ва то ҷон дар бадан дорем, ҳамеша аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ баҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Бори дигар ҳамаи Шумо ҷавонону варзишгарони кишвар ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик намуда, бароятон рӯзгори хушу осуда ва сарбаландию иқболи нек орзумандам. Бигузор Парчами давлатии мо дар фазои ободу осошта то абад парафшон бошад. 
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*