МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА ДАР СОЛИ 2022 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ МИНБАЪДА БАРГУЗОР ГАРДИД
13
январь
2023

ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА ДАР СОЛИ 2022 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ МИНБАЪДА БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 9 январи соли 2023 дар толори асосии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ҷаласаи мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда баргузор гардид. Дар кори ҷаласа  Абдуллозода Масрур - мушовири  калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робита ва ҷомеа, роҳбарон ва кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои системаи Кумита, масъулини раёсату бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои  варзишии кишвар ва директорони марказҳои ҷавонон иштирок доштанд. Дар ҷаласаи мушовара фаъолияти Кумита ва сохторҳои тобеи он дар соли 2022 ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуда, ҳамчунин вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд. Оиди масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини  якуми раиси Кумита Раҳимзода Шабнам баромад намуда, дар назди Раёсат ва аъзои Ҳайати мушовара оиди фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022, иҷроиши Нақшаи кори Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2022 ҳисобот дод. Ҳамзамон, дар музокироти масъалаи якуми рӯзнома гузоришҳои сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Юсуф Асадбеков, сардори  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва муовини сардори Раёсати вилояти Суғд шунида шуд.  Дар рафти маҷлис вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома нақшаи кори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 бо ҳамовозии якдилонаи ҳайати мушовараи Кумита тасдиқ карда шуд. Вобаста ба масъалаҳои 3, 4, 5, 6 ва 7- и рӯзномаи ҷаласаи мушовара, ки хусусияти якхела доштанд, барои баррасӣ пешниҳод карда шуда, бо ҳамоҳангсозии аъзои Ҳайати мушовара  тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва нақшаи маблағгузории он дар соли 2023 , Нақшаи маблағгузории барномаҳои давлатии соҳавӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш барои соли 2023 якдилона тасдиқ карда шуданд.  Дар идомаи маҷлис ҳамаи масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис буда, муҳокима ва баррасӣ карда шуда, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар интиҳои маҷлиси ҷамъбастӣ Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи пурра ва босамари нақшаҳои тасдиқшуда барои соли 2023 ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дода, назорати ҷиддии онҳоро аз масъулини мақомоти болоӣ талаб намуданд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муқаддаси 35-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳозир омодагии ҷиддӣ дида, дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ҷумҳурӣ бозиҳои футболу валейбол, шашкаву шоҳмот, тенниси рӯи миз бозиҳои миллӣ, гӯштини миллӣ бо усули деҳа ба деҳа, чорабиниҳои гуногуни варзишй, хонишҳои сиёсӣ бо  ҷавонони 14- 16 сола ва волидайни онҳо, 17 - 18 сола ва волидайни онҳо, баргузории хонишҳои сиёсӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баргузории озмунҳои зеҳнӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва чорабиниҳои дигари иттилоотӣ-сиёсӣ, конфронсҳо, ҳамоишу мизҳои муддавар бахшида ба ҷашну санаҳои муҳими миллию давлатӣ миёни ҷавонон доир намуда, инъикоси васеи онро тавассути саҳифаҳои фейсбукӣ таъмин намоянд.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*