МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
18
январь
2023

КОРНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

На ҳама сарварони давлат ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Барои ба номи бузурги «Пешвои миллат» сазовор гаштан пеш аз ҳама содиқ будан ба ватану миллат ва халқи азизи он, дониши баланд, ҷасорат, далерӣ, мардонагӣ, нотарсӣ ва меҳнату заабҳмат, ранҷу талоши шабонарӯзӣ азвадсон. Вақт муайян хоҳад кард, ки чӣ шахсон дар ҷомеа ба ин ном арзандаанд. Ҳангоми шарҳи воқеаҳои конкретии таърихӣ, ки на танҳо аз сабабҳои умумӣ ва махсус, балки аз сабабҳои фардӣ ҳам вобастаанд, аз ролик шахс сарфи назар кардан мумкин гнездо. Бахусус ҷараёни истиқлолхоҳӣ дар ин ё он мамлакат, инчунин рафт ва оқибати ҷанг дар байни шаҳрвандон, давлатҳо ва дигар воқеаҳои конкретии таърихӣ на танҳо ба сабабҳои асосию муайянкунанда, балки натиҷаҳои чунин ҳодисаҳо аз бисёр ҷиҳатҳо ба омилҳое ба монанди хирадмандӣ, мардонагӣ, дурандешӣ ва дигар хислатҳои неки онњое вобастаанд, ки ба ин ё он воқеаҳо роҳбарӣ менамоянд. Дидаҳо диданд, сарҳо дарк ҳам карданд, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки дар давлат ҷанги шаҳрвандї идома дошта, зиёда аз 150 000 нафар шаҳрванди куштаву беному нишон, 55 000 кӯдаки ятиму бепарастор, 1400 нафар сарбози ҷоннисоркарда дар роҳи Ватан, зиёда аз 25 ҳазор зани бешавҳару бесаробонмонда, беш аз 1 милион гуреза, афзун аз 10 миллиард доллар хисороти иқтисоди миллӣ, гузашта аз 36 ҳазор манзили ба хоку хуну оташ кашида, ҳазорҳо мактабу кӯдакистон, бемористон, 100-ҳо миллион хисороти ҳисобношуда ва, аз ҳама даҳшатовараш, ноумед будани мардум аз фардои дурахшони миллат буд. На касе парвои мансаб дошт ва на касе барои ба даст овардани мансаб талош мекард. Мансаб хавф дошт. Мардум дар фикри чӣ тавр луқмаи нон дарбудёфт кардану худро аз марг наҷот додан. Дар ин лаҳзаҳо зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан ва бо як умеду бовари том ба давлатсозӣ шурӯъ намудан аз хислатҳои неки ҷавонмардонаи ин шахсияти бузурги таърихӣ, фарзонафарзанди миллат Эмомал Раҳмонгувоҳӣ медиҳад. Ҳанӯз аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш ў изҳор дошта буд, ки «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро фидо месозам» ва ё «То он даме, ки ман охирин гурезаи тогарроҳикро баам, худнҳикро баам роҳбари давлат ором ҳис намекунам». Вақт нишон дод, ки воқеан ҳам тамоми ваъдањоеро, ки роҳбари давлат аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш карда буд, дар амал татбиқ намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона муаррифӣ намуд. Садои мавҷбори забони ноби тоҷикӣ аз минбари баланди ҷаҳон, Созмони Миллали Муттаҳид аз забони ин сиесатмадори маъруфу маҳбуб садо дод. Аҳмадшоҳи Масъуд, шахсиати бузурги Афғонистон, гуфта буд: «Ман дидам, ки чи гуна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба кафи даст, зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳаҳдат ба. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Бояд атрофи ӯ муттаҳид шуд ва манзалаташро гиромӣ дошт. Бадбахтии миллати мо афғонҳо дар он буд, ки чунин роҳбари ғамхор надоштем…». Сулаймон Демирель, Президенти Ҷумҳурии Туркия: «Дӯстии Тоҷикистон ва Туркия дӯстӣ байни давлатҳо ва халқҳо аст. Тоҷикистон таҳти роҳбарии дӯсти наздики ман Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ мебошад, метавонад бо кӯмаки дӯстон ва бо шарофати меҳнати фидокоронаи халқаш босуръат рушд кунад». Владимир Воронин, Президенти Ҷумҳурии Молдовы: «Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори собитқадам ва боистеъдод аст. Ин сифатҳо ӯро ҳамчун сарвари давлат на танҳо дар ватани худаш, балки дар хориҷи он низ соњибэътибор гардонидаанд». Чигиз Айтматов, нависандаи номвари қирғиз: «Дар самои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид моменам, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи мегадоңов. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст». Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар: «Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод. Ҷинояткоронро афв кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонда, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амниат овард». Дањҳо гуфтањои шахсиятҳои барӯманди дигари дохилу хориҷ, амсоли Президенти Академияи илмҳои Украина Борис Патон, собиқ вазир оид ба корҳои ҳаҷљи ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммадсидиқ Чокар, устоди бахши форсии Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон профессор Офтоби Асғар, раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Геннадий Селезнёв, ходими давлатӣ ва сиёсии Россия, Раиси Ҳукумати ФР Евгений Примаков, директори иҷроияи сандуқи байналмилалии асъор Мишел Камдессю, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, академик Муҳаммадҷон Шаккуриро низ инљо овардан мумкин мебуд. Эмомалӣ Раҳмон дар марҳила тақдирсози миллат сиёсати роҷеъ ба ваҳда
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*