МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » НАҚШИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДУСТИИ ШАҲРВАНДОН” ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН
18
январь
2023

НАҚШИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДУСТИИ ШАҲРВАНДОН” ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

«Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташабускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем». 
Эмомалӣ Раҳмон 
Аввалан қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта ва зери  таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
 Имрузҳо баро мо ҷавонон мояи ифтихори бузург аст, ки  давлату ҳукумат, бахсус Пешвои муаззами миллат ба ин қишри ояндасоз ва бунёдкор таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамоянд ва пайваста баҳри рушду инкишофи ин қишри бунёдкор тамоми имкониятҳои ҷойдоштаро фароҳам оварда истодааст, ҳамзамон фаромуш насозем, ки мо дар баробари ҷавон буданамон ҳамзамон шаҳрвандони комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон азиз маҳсуб меёбем ва моро зарур аст, ки ҷиҳати таҳкими тарбияи ватандустии наврасону ҷавонон бо масъулияят бошем ва аз ҳамаи имкониятҳои барои мо ҷавонон мавҷудбуда истифода барем ва барои пешрави ин давлати азизу маҳбуб, ки номаш Тоҷикистон аст, саҳми арзандаи худро гузорем ва аз ҳамин давлати озоду соҳибистиқлол, орому - осоишта,  ки дар он Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёси ҳукмфармост шукрона кунем.
Ватандўстї дўст доштан ва содиќ будан ба Ватан ва миллати худ, ѓамхорї ба манфиатњо ва таќдири таърихии кишвари худ, эњтиром гузоштан ба гузашта ва арзишњои милии Ватан, ифтихор доштан аз дастовардњо ва муваффаќиятњо њамватанони худ мебошад. Дар њаёт ин эњсосот дар шакли донишњо арзишњо рафтору муносибат ба Ватан зоњир мешавад. Ватан маконест, ки шахс дар он љо ба маќсаду орзуњои худ мерасад ва орому осуда зиндагї мекунад. Ватан барои шахс амнияташро таъмин мекунад, ўро њифз менамояд ва барои пешрафташ тамоми шароитњоро муњайё мегардонад. Дар Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон ва қонуни болозикр “тарбияи ватанпарастї чунин шањр дода шудааст: Ватанпарастї арзиши муќаддас ва аз њама муњимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафњумњои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад”. “тарбияи ватандӯстӣ - фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст”.
Њамаи унсурњои дигари тарбия ба њамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоќатмандии шањрвандро ба ватани хеш дар назар дорад.
Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон чун фарзанди содиќу вафодори миллат пайваста њам бо сухан ва њам бо амалњои љавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавњари ноёб њифз намуда, барои рушду тараќќиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми ќувваю иродаи худро равона намудан лозим аст. «Фаромўш набояд кард, ки, — таъкид мекунад Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Рањмон, - танњо шахси воќеан ватандўст метавонад, дилсўзона ва бо тамоми њастї њифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».
Ватандўстї як унсури њуввияти миллї мебошад. “Њуввияти миллї падидаест, ки аз андеша, ойин ва арзишњои ба њам алоќаманди љомеа иборат аст. «Њуввият» вожаи арабї буда, бо маъноњои: а) љавњар, бех, бун, асл, моњият; б) њуввият, шахсият, шахс, симо, фардият; в) шайъ, њаќиќати мутлаќ, моњияти љузъї истифода мешавад. Ин мафњум даъватест ба ягонагии миллї, ки барои пайдо намудани фазои худшиносї ва њисси миллии инсон замина мегузорад” . Наќши муњити оила дар тарбияи њуввияти миллї хеле бузург аст. Устувор нигоњдоштани оила дар љомеа ва љой кардани њуввияти миллї дар зењни фарзанд дар муњити хонаводагї аст. 
Њуввият ин таљассумгари љавњари худшиносии ботинї, эътиќоди миллї ва фарњангии инсонро инъикос менамояд. Ба миллати тољик хатари парокандагию нобудї борњо тањдид карда, давлатдориаш ба завол рў ба рў шудааст. Аммо мардуми тољик њамеша дар асрњо њуввияти худро њифз намуда, то ба боргоњи истиќлолияти миллию давлатї расидааст. Дар љањони имрўзаи муосир чунин душманон кам нестанд, ки мехоњанд бо њар роњу усул дар љомеа нотинљї андозанд. Њодисањои хунини имрўз дар Ироќу Сурия, Яман, Либия, Афѓонистон ба вуќўъомада моро водор менамоянд, ки њамарўза њушёр бошем ва ба ягон дасисабозї ворид нашавем. Ифтихори миллї аст, худро шинохтан аст ва њар кас бояд аввал худро бишносад, ки кисту аз кадом ќавму миллат аст. Бояд њар кас бар души хеш масъулияти бузургеро дошта бошад, ки ў намояндаи як миллате дар арсаи љањонист ва дар миёни дигар ќавму миллатњо бояд фарќкунанда бошад, ки ў тољик асту ифтихор аз миллияти хеш дорад.
Њувияти миллї ин алоќањо, салиќањо, андешањо, ойинњо ва арзишњои муштарак дар як љомеа мебошанд. Њоло се дидгоњ: миллї, динї ва ѓарбї дар љомеа нисбат ба таърифи њувият мављуд аст. Њувияти фардї ва иљтимої, њувияти таърихї, фарњангї, забонї, динї ва ѓайра, падида ва унсурњои асосии ба вуљудоваранда ва шаклдињандаи њувияти миллї мебошанд. Масъалаи мубрам ва мураккаби имрўза барои њар як миллат дар раванди худшиносї њифз ва нигоњдошти њувияти фарњангї дар шароити љањонгарої мебошад. Хатари асосии љањонгарої бо унсурњои асосии њувияти миллї: забон ва фарњанг мерасад.
Масъалаи асосие, ки дар ин замина пешорўйи миллат ќарор мегирал, роњ надодан ба бегонашавї, бегонапарастї ва беэњтиромї ба арзишњо ва муќаддасоти миллї мебошанд. Аз ин љињат парвариши шахсиятњои фарњангии худогоњ, асил, парварда бо ормонњои волои љомеаи анъанавї ва ѓояњои бузурги замони нав, миллатпарвар, мењнатдўст ва фидокор, нахустин ва муњимтарин марњалањои худшиносии иљтимоию маънавї ва худогоњии миллии шахс дар рафти тањсилоти миёнаву олї бояд бошад.
Таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли дилсӯзу ғамхори Ватан, халқу ҷамъият, насле, ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дӯш гирифта тавонад, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси њар як фарди љомеа мебошад. 
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо мекунад, ки ба масъалаи сифати маънавиёти солим дар ҷомеа бештар эътибор  дода шавад. Чунки ҳастиву бақои инсоният ба маънавиёти солим иртиботи қавӣ дорад. Бинобар ин, масъалаи тарбияи ҷавонон, ки неруи созандаю бунёдкор мебошанд, марҳилаи сифатан нави муносибатҳоро тақозо дорад. Дар ин масъала тарбияи ватандӯстӣ ва башардӯстӣ бояд мавқеи хоса дошта бошад. Зеро танҳо шахси ватандӯст марзу бум, арзишҳои фарҳангӣ, пойдории давлат ва истиқлолияти миллии Ватани хешро ҳифз карда метавонад ва гирифтори тарғиботи идеологияи бегона намегардад.
Баланд бардоштани ҳисси миллию ватанпарварӣ дар тарбияи ҷавонон бояд мавқеи махсусро касб намояд. Ҳар яки мо бояд таърихи куҳан, фарҳанги бою рангин ва адабиёти оламшумули халқи худро ба ҷавонон омӯзонем, беҳтарин суннатҳои миллиро дар рӯзгорашон татбиқ намоем, барои пос доштани забони модарӣ кӯшиш ба харҷ диҳем ва дар айни ҳол, бо анъанаҳои миллии худ маҳдуд нашуда, дастовардҳои кишварҳои пешрафта ва арзишҳои  умумибашариро ба онҳо омӯзонем.
Хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳомии Ватан ва сохти конститутсионии давлатанд, бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву ваҳдати миллӣ тарбия ёфта, бо рафтору кирдори худ рамзи далериву шуҷоат ва ҷавонмардиву матонат бошанд.  
Ватандўстї арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар маҳфумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан  низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсур иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар доранд». Тарбияи ватандўстӣ аз оила, боғча, мактаб оғоз шуда, ниҳоят дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба камол мерасад. Дар шуури  бачаҳо  бедор сохтани ҳисси  муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.  
Тарбияи ватанпарварӣ маънои ташаккул додани инсонро дошта, ҳадафи он дар ниҳоди наврасон парваридани хислатҳои мардонагиву далерӣ ва эҳсоси муҳаббату садоқат ба Ватан мебошад. Мақсад ва мазмуни тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ба ҳимояи Ватан нигаронда шудааст. 
Нақши қонуни болозикр дар тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза мавқеи калидиро ишғол мекунад, чунки қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. 
Дар ин қонуни бозикр он муқарраротҳое пешбини гардиааст, ки махсус ба масоили тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, арҷ гузоштан ба мероси ниёгон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавонон нақш ва мавқеи ҳалкунанда  дорад, дар  мафкураи ҳар як ҷавони имрӯза ин муқарраротҳое, ки дар қонуни мазкур дарҷ гардиааст бояд давр занад ва огоҳ бошад ки ин Ватанро ба ҷуз ман дигар нафар дар пешрафту нумуи ин саҳм намегузорад ман худ масъулияти шаҳрванди дорам, ки дар масоили пешрафт ва рушд додани ин давлату  миллат саҳмгузор бошам ва бо шиори “Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорам, ки дар пешрафти ин  давлат саҳмгузор бошам” 
Агар ба истилоҳи ҷавон назар андозем тибқии муқарарроти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон “Ҷавон – гуфта  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ки синни  у аз 14 сола боло то 30 соларо ташкил медиҳад, аз ин рӯ мо дар баробари ҷавон буданамон ҳамзамон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбем, аммо тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва мавқеи бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мегардад.
 Дар асоси паёмҳои Пешвои муаззами миллат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. 
Воқеан, ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдкору созандаи давлату миллат буданд, ҳастанд ва мебошанд. Аз ин рӯ, ҳануз чанд ҳазор сол муқаддам философи машҳур Арасту навишта буд, ки «Ҳама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад». 
Аз ин рӯ бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шуд. Ҳамчунин нуқтаи мазкур дар Паёми декабрӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки «…ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» 
Пешвои муаззами миллат Президенти маҳбуби кишвар муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои хеш қайд менамоянд, ки “Ҷавонон -  қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба ҳар яки онҳо вобаста аст”. Дар давоми 31 соли истиқлолият дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
  Дар ин давра дар самти дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон як қаттор санадҳои меъёрии ҳуқуқи давлатӣ қабул гардиданд, ки самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ин бори дигар собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонони имрӯза ва фардои он  такя ва умеди калон бахшидаа, тарбия намудан ва ба воя расонидани насли наврасу ҷавони созанда ва бунёдкорро яке аз вазифаҳои муҳимтарин худ мешуморад. 
Бо тавҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалиӣ Раҳмон як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудадни вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад. Дар ин давра «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2022-2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027”, «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» қабул гардиданд, ки барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд. Ҳамзамон, ба хотири таҳким бахшидани ин самти афзалиятнок сиёсати давлатии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатӣ ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад. 
 Ба мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар бахсус Пешвои муаззами миллат ак қаттор озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар намуди “Фӯруғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат” “Илм фуруғи маърифат” ки  ин бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати кишвар ба насли наврасону ҷавонон умеди калон дошта ва такия ба ин қишри ояндасози ҷомеа менамояд. 
Мо дар партави суханҳои Пешвои муаззами миллат ва пайрави аз ин корнамоиҳои Қаҳрамони миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, дар рушду нумӯи ин давлату миллат саҳми назараси худро гузорем, ҳамаи он дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои мо ҷавонон пешниҳод менамоянд, роҳнамо ва дастурамали рӯимизии ҳар як мо ҷавонони  соҳибдили ин ҷомеа маҳсуб меёбад. 
Шерализод Самиаллоҳ – корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*