МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
25
январь
2023

ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути саҳифаи расмии фейсбукии Кумита ва саҳифаи фейсбукии рӯзномаи ҷавонони Тоҷикистон миёни ҷавонони синни 14 - 30 сола эълон менамояд.

Иштирокчии озмун метавонад мақолаи худро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифа бо ҳуруфи муқарраршуда навишта, бо як адад расми электронии худ ва рақами телефон ба почтаи электронии diloshub.rozikov@mail.ru ирсол намояд.

Аз ҷониби Бахши таҳлил ва иттилооти Кумита ва муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мақолаи ирсолнамудаи иштирокчӣ дар саҳифаи расмии фейсбукии Кумита ва саҳифаи расмии фейсбукии рӯзнома бо рубрикаи “Ба озмун” инъикос карда мешавад.

Озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият ҷамъбаст карда мешавад.

Барои ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумита туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили ноотбук, планшет ва асарҳои Пешвои миллат тақдим карда мешаванд.

Муҳлати қабули мақолаҳо то санаи 18 феврали соли 2023, соати 17:00 муқаррар гардидааст.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

Суроға: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3. 

Телефон барои тамос: тел: 221.19. 67, 904.06.60.74

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*