ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо озмуни ҷумҳуриявии мақолаи бењтарин дар заминаи мақолаи коршинос Абдуллои Роҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” тавассути саҳифаи расмии фейсбукии Кумита ва саҳифаи фейсбукии рӯзномаи ҷавонони Тоҷикистон миёни ҷавонони 14-30 сола эълон менамояд.
Иштирокчии озмун метавонад мақолаи худро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифа бо ҳуруфи муқарраршуда навишта, бо як адад расми электронии худ ва рақами телефон ба почтаи электронии jaboriadiba@mail.com ирсол намояд.
Аз ҷониби Бахши таҳлил ва иттилооти Кумита ва муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мақолаи ирсолнамудаи иштирокчӣ дар саҳифаи расмии фейсбукии Кумита ва саҳифаи расмии фейсбукии рӯзнома бо рубрикаи “Ба озмун” инъикос карда мешавад.
Озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият ҷамъбаст карда мешавад.
Барои ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумита туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили ноотбук, планшет ва асарҳои Пешвои миллат тақдим карда мешаванд.
Муҳлати қабули мақолаҳо то санаи 18 феврали соли 2023, соати 17:00 муқаррар гардидааст.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:
Суроға: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3.
Телефон барои тамос: тел: 221. 18.11, 918.33.95.58