МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
25
январь
2023

ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо озмуни ҷумҳуриявии мақолаи бењтарин дар заминаи мақолаи коршинос Абдуллои Роҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” тавассути саҳифаи расмии фейсбукии Кумита ва саҳифаи фейсбукии рӯзномаи ҷавонони Тоҷикистон миёни ҷавонони 14-30 сола эълон менамояд.

Иштирокчии озмун метавонад мақолаи худро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифа бо ҳуруфи муқарраршуда навиштабо як адад расми электронии худ ва рақами телефон ба почтаи электронии jaboriadiba@mail.com ирсол намояд.

Аз ҷониби Бахши таҳлил ва иттилооти Кумита ва муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мақолаи ирсолнамудаи иштирокчӣ дар саҳифаи расмии фейсбукии Кумита ва саҳифаи расмии фейсбукии рӯзнома бо рубрикаи “Ба озмун” инъикос карда мешавад.

Озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият ҷамъбаст карда мешавад.

Барои ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумита туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили ноотбукпланшет ва асарҳои Пешвои миллат тақдим карда мешаванд.

Муҳлати қабули мақолаҳо то санаи 18 феврали соли 2023, соати 17:00 муқаррар гардидааст.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

СуроғаКумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонкӯчаи Академик Раҷабовҳо 3. 

Телефон барои тамос: тел: 221. 18.11, 918.33.95.58

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*