25
январь
2023
ГӮШТИНИ МИЛЛӢ “ГӮШТИНГИРӢ” МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГИРИФТ

Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат соли 2015 зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯшитини миллӣ “Гӯшингирӣ” ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Дар ин замина, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо маќсади рушди ин намуди варзиш дар дохили кишвар механизмҳоеро амалӣ намуд, ки ба ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ хосса ҷавонон ба Гуштингирӣ гардид. Давоми се соли сипаришуда ҷадвали баргузории чорабиниҳои варзиширо байни аҳолии кишвар аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла таҳия ва татбиқ намуд, ки агар давоми соли 2020, 485 мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” доир шуда бошад, соли 2021 он ба 2159 адад ва соли 2022 қариб ба 4000 чорабинӣ расонида шуд.
Дар ин ҳошия, бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Таваҷҷуҳ ва иштироки ҳарчи бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо гувоҳи возеҳи он буданд, ки гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” метавонад қаламрави худро васеъ намуда, байналмилалӣ шавад.
Ин аст, ки инак дар саҳифаи варзиши кишвар боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди варзишӣ рӯи кор омад. Гӯштини
миллӣ “Гӯштингирӣ” мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби Раёсати адлия ва умури дохилаи кишвари Шветсария санаи 17 июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.
Зимнан, ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи гӯштини миллӣ “Гӯштинигирӣ” давоми соли 2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”-и Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати Ҷаҳон ва Чемпионати Осиё оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” бо иштироки варзишгарон аз хориҷи кишвар дар назар дошта шудааст, ки метавонадаррушди њамаониаи ин намуди миллии варзишии мо” Гуштингирї” мусоидати фаъолтар намояд.