03
февраль
2023
ВОХӮРИИ МУФИД БО ҶАВОНОН ДОИР БА ИНТИХОБИ КАСБ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бо иштироки намояндагони Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, Намҷон Шарифов ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва донишгоҳҳои олӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур доир ба тарзи интихоби дурусти касб, тарзи имтиҳонсупорӣ, имтиёзҳо, истифодаи бурдан аз сомонаи Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои милӣ, ҳамчун мутахассиси соҳибтахассус ба воя расидан ва бо ин роҳ саҳми арзанда гузошта дар рушди кишвари маҳбубамон ибрози назар карда шуд.
Зикр гардид, ки ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитобкорӣ бояд роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб кунанд, ки ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: “Дар хотир бояд дошт,ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи даваронро ба воя расонад,пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо кунад”.
Интихоби касб бояд на иҷборӣ, балки ихтиёрӣ, аз рӯи хоҳиш ва талабот сурат гирад. Иҷрои коре, ки ба иродаи шахсӣ мувофиқ нест, душвор ва ҳатто дилгиркунанда аст. Аксарият гумон мекунанд, ки интихоби касб бояд аз рӯи мавқеи касб сурат гирад. Яъне, агар дар бозори меҳнат ба духтур ниёзи бештар бошад, пас бояд духтур шуд.
Бояд ба назар гирифт, ки касбро на барои осон ё сердаромад будан интихоб мекунанд, зеро кори осон вуҷуд надорад ва дар сурати меҳнат кардан, ҳама соҳа даромаднок аст.
Волидайн бояд барои интихоби касб ба фарзандон фазои мусоид фароҳам оваранд, то онҳо хуб фикр кунанд, дар тарозуи ақл баркашанд ва пасон сари мақсад оянд. Ба хотири обрӯи хонавода ва ё орзуи падару модар интихоб кардани касб ғалати маҳз аст.
Бояд дар хотир дошт, ки на касб одамро, балки одам касбро машҳур мекунад. Аз ин рӯ, аз пайи шуҳрат нарафта, ба касби дӯстдошта машғул шудан, беҳтарин кор аст. Дарёфти ҷои кори мувофиқ ва дилписанд барои шахси соҳибкасб ҳеҷ гоҳ душвор нест, зеро онеро, ки кори хешро медонад ва аз уҳдааш мебарояд, ҳамеша ҷустуҷӯ мекунанд.
Намояндагони донишгоҳҳои олии кишвар низ доир ба ҷалби хатмкунандагон ба донишгоҳҳо доир ба интихоби касб суҳбат намуда, ба хатмкунандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар касби интихобкардаи худ устуворона қадам ниҳода, ҳамчун мутахассиси соҳибкасб ба воя расида дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми назарраси худро гузоред.