МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » Артиши миллӣ - яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил
03
февраль
2023

Артиши миллӣ - яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил

Имсол мо 30-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунем. Тӯли 30 сол мешавад, ки ин ниҳод фаъолият мекунад. Аммо, 5 соли онро мо метавонем соқит намоем, чунки ҚМҶТ дар як замони вокеан ҳам нангину ғамгин дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик рӯ ба ҳастӣ оварда, аз шароитҳои зарурии барои пурра амал намудан танқисӣ мекашид. Ва инак дар бораи таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ  мухтасар баён хоҳам кард.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳо ҷангиданд, танзимгари сохтори ташкилию штатии худмашғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаъҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимат роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.  Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро низ омӯхт ва имрӯз онро такмил медиҳад.
Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис  ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.
Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои наздисарҳадӣ, десантура ва ғайра фаъолият менамоянд. Дар муддати 28-сол Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки кадрҳои баландихтисосро дар хориҷи кишвар омодаи дифоъ тайёр намоянд. Дар ин ҷабҳа саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон мебошад.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанўз дар аввалин солҳои Итиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурўъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997)  қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурўҳҳои экстремистиву террористӣ рисолат худро ба таври шоиста адо мекарданд.То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қўшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рўзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанўз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қўшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Қўшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қўшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қўшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, тонкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гўшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қўшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рў, ҳадафи асосии бунёди Қўшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерўҳо ва дар маҷмўъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кўҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қўшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерўҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд.
Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест, ба найрангҳои сиёсатхоҳону авбошон гирифтор нахоҳад шуд, ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболо аст ва доимо сулҳу амониро тараннум хоҳад кард.
Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо ҷавонони бонангу номуси кишвар тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Тоҷикистони азизам, гулшани зебои ман,
Меҳри ту бошад ҳамеша дар дилу маъвои ман.
Сар ба саҷда мегузорам ман ба номат, эй Ватан,
Аз барои ҳифзи ҳар як буттаю хорат Ватан.
Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*