08
февраль
2023
ДАР ШАҲРИ БОХТАР ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ" ДОИР ГАРДИД!
Саннаи 4 феврали соли 2023 дар шаҳри Бохтар бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар таҳти унвони "Пайравони Пешвои миллатем" баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон оғоз гардид.
Дар идомаи ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасози кишвар - ҷавонон рӯз аз рӯз афзун гардида, истодааст, ки намунаи олитарини ин таваҷҷуҳ ин таъсиси як қатор имтиёзҳо аз ҷумла таъсиси стипендияи Президентӣ ба хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки соли 2022 теъдоди стипендия аз 400 нафар ба 3000 нафар дар ҷумҳурӣ расонида маблағи он низ боло бурда шуд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби гирандагони стипендияи Президентӣ ба Пешвои муаззами миллат барои қадрдонии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Дар охир аз ҷониби масъулин ба таври тантанавӣ ба гирандагони стипендияи Президентӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендия супорида шуд.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун Пайрави асили Пешвои миллат дар омӯзишу фаъолияти ҷамъиятӣ намунаи ибрат нишон дода, фаъол бошанд.
Ҳамоиш бо намоишномаи " Зол ва Рудоба" аз ҷониби ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакаи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба анҷом расид.