МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД.
08
февраль
2023

МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД.

Фарзанд,яке аз неъматҳои илоҳӣ ба ҳар падару модар ба шумор меравад. Ва падару модар мехоҳад ҳамавақт дар лабҳои фарзанди худ хушҳолӣ ва ҳаёти осоиштаро бубинад. Аммо  мутаассифона баъзе фарзандон ба қадри ин ҳама заҳматҳои падару модар намерасанд. Аммо бисёре чизҳо аз дасти падару модар вобаста аст. Чӣ тавре,ки Муҳаммад Ғаззолӣ мегӯяд:
"Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше,ки ба ӯ гузорӣ чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳар чӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди неки макун".
Вазифаи падару модар барои фарзанди худ муҳаё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ва онҳоро бояд аз амалҳои ношоиста ҳимоя намоянд. Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки " Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандони масъул мебошанд". Агар падару модар фарзанди хуб ба воя расонад метавонад аз ӯ меваи хуб гирад. Беҳуда нагуфтаанд,ки "Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар". Кӯдак дар ҳама гуна ҳолат бояд байни онҳое бошанд,ки аввалин шуда, ҳифзи иҷтимоӣ мебинаду ёрӣ мегиранд, зеро ғамхории дар ҳаққи кӯдакон шарти нагузирӣ ҳастӣ ва рушди  халқу давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд: 
1) " Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузорад".
2) " Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намояд". 
3) " Гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд ".
Агар ин ӯҳдадориҳоро падару модар риоя накунанд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳи ва баъд аз он  аз се то панҷ нишондиҳанда ҷарима карда мешаванд. Падару модар бояд кушиш кунад,ки фарзандони худро бо шахсони носолим гашту гузор накунад,ки ба маърифатноки кӯдак таъсири сахте мерасонад. Фарзанди худро барои ободи кишвар дастгири ва ҳимоя расонад. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд,ки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст.
Раҳмонов Сорбон Раҳматуллоевич - гирандаи стипендияи президентӣ аз Н.Восеъ.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*