23
февраль
2023
ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА 30 – ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мо имсол бо ифтихор 30 - юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот бо рӯҳияи баланду болидаи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн мегирем.
Пеш аз ҳама, аз номи худам ва аз номи тамоми ҷавонону варзишгарони кишвар ҳамаи афсарону сарбозони ғаюри Ватан ва дар симои ҳар яки онҳо кулли ҷавонони ватандӯсту хештаншинос ва далеру шуҷои ватани маҳбубамонро ба ин санаи фархунда, сидқан табрик ва муборакбод менамоям.
Воқеан Артиши миллӣ ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимод табдил ёфта, Ватан ва арзишҳои миллиамонро содиқона муҳофизат мекунад.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётии кишвар дигаргуниҳои азим рӯйи кор омада, таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи басо хосса дорад.
Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат, махсусан бо ташаббусу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахассисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбии ҳарбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Дар ин марҳила, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст.
Воқеан ҳам хизмати ҳарбӣ майдони љасорат ва мактаби бузурги ҷавонмардӣ буда, дар он ҷавонон обутоб меёбанд ва эҳсоси баланди ватандӯстиашонро таҳким мебахшанд.
Имрӯз, ҷавонони бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст ва бо амри дил ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда истодаанд. Ин падида, ифодагари ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони худогоҳу хештаншинос мебошад.
Барои насли ояндасози кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Беҳтарин ифодаи шукргузорӣ аз соҳибватан будан ва расидан ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр, ин ватандўстӣ буда, равшантарин изҳори ватандўстӣ, хизмат кардан ба Ватан аст.
Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ кардан ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар яки мову шумо ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва итминон дошта бошем, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем ба саодат комил даст ёбем.
Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Ҳамаи мо, дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ кунем, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамонро бовар кунонем, ки бо хизмати намунавӣ ва бо меҳнати созанда қудрати иқтисодӣ ва нерӯи мудофиавии давлатамонро афзун менамоем. Бо дилу ҷон ба Ватан хизмат карда, доимо бар он кўшем, ки мамлакатамон ҷавлонгоҳи меҳнату зиндагии осоишта ва хуррамбоғи фароғату роҳати пирон ва дунёи равшану босафои кўдакон бошад. Чунки мо медонем: «Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст!»
Бори дигар ҳамаи Шумо сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва ҷавонону варзишгарони бонангу номуси меҳанро ба ифтихори 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, дар роҳи хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан барору комёбиҳои беназирро хоҳонам.
ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК!