28
февраль
2023
БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ГӮШТИНИ КАМАРБАНДӢ БАХШИДА БА 30-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25-26 феврали соли 2023 дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар деҳоти "Чорбоғ"-и шаҳри Истаравшан мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди гӯштини камарбандӣ бо иштироки паҳлавонони номии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва паҳлавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 440 нафар паҳлавонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон, Деваштич, Конибодом, Исфара Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Зафаробод, Душанбе ва Истаравшан ташриф овардаанд.
Мусобиқаи гӯштини камарбандӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Аюбзода Ҷовид зимни суханронии хеш меҳмононро бахшида ба 30-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз дастгириҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид ва доир ба таърихи гуштини камарбандӣ, дастовардҳои варзишгарони шаҳри Истаравшан ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози андеша намуд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо медал, диплом ва туҳфаҳои омода намудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан қадрдонӣ гардиданд