МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
28
февраль
2023

ЧАРО ҶАВОНОН ГУМРОҲ МЕШАВАНД?

          Дар баробари рушди тараққиёти илму техника тарбияи маънавии наврасону ҷавонон низ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар боло рафта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврасу ҷавонон, ҳамчун ояндаи миллати тоҷик таваҷҷӯҳи хосае зоҳир менамоянд. Зеро қисми бештари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил мекунад. Бояд қайд кард, ки ҷавонони имрӯза аз ҷаҳони иттилооту технологияи муосир тасаввуроти бештар  доранд ва ба навовариҳо қадами устувор мегузоранд. Ин албатта, шоистаи дастгирист. Зеро бе рушди тафаккури техникӣ миллатро побарҷо боқӣ гузоштан номумкин аст.  Дар ин ҷода Сарвари давлат дар яке аз баромадҳояшон қайд карда буданд: «…агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд…»
             Мутаассифона, иддае аз ҷавонони мо иттолотҳоеро, ба худ қабул мекунанд, ки барои костагии мафкура оварда мерасонад. Шабакаҳои паҳншудаи «Одноклассники», «Фейсбук», «Твиттер», «Инстаграмм»,  ҳамарӯза даҳҳо ахброту наворҳои видеоиро паҳн мекунанд, ки  аксаран характери ифротӣ доранд. Ин гуна наворҳоро ҷавонони радикалӣ паҳн сохта, барои ҷалби ҷавонони гумроҳ маблағҳои зиёдеро низ мегиранд.
              Дар кишвари мо низ таблиғгарони равияҳои тундгароёна кам нестанд. Онҳо ҳамагӣ аъзои ҲНИТ буда, чун имрӯз ин ҳизб дигар рисолати ошкоро таблиғи ҳадафҳояшонро надоранд, бо дасти дигарон ба ташвиқу таблиғи ҳадафҳои ифротӣ равона шудаанд.  Чаро ҷавонони мо зуд ба чунин даъватҳои сарсарӣ розӣ мешаванд. Чунки дониши сиёсии ва динии баланд надоранд. Аз «хушгӯиҳо»-и таблиғгарони ифротӣ ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ шефта мешаванд. Ин нафарон дар ҳозири ҷавонон ва ҷомеа чизи дигар мегӯянду дар ғоиб кори дигар мекунанд. Онҳо имрӯз дар паноҳи хоҷагони худ дар Аврупо шоҳона зиндагӣ доранду аъзо ва пайравони содиқи онҳо дар маҳкама қарор доранд. Агар Кабирӣ ва дигар болонишинони ӯ бегуноҳ мебуданд, омада зердастони худро ҳимоя мекарданд. Гуноҳҳо кардаи онҳоро ба гардани худ мегирифтанд. Чӣ бояд кард, ки ҷавонони мо ба чунин роҳ нараванд. Тарбияро аз оила бояд шуруъ кард. 
            Хулоса, дар тарбияи ахлоқию маънавии насли наврасу ҷавонон ҳар як падару модар ва устод аҳамияти ҷидди диҳанд.
АЗАМАТ ЗАЙНИДДИНОВ-мудири бахши 
кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*