МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ТАБРИКОТИ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО – РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР
07
март
2023

ТАБРИКОТИ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО – РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

Модарони бениҳоят арҷманд  
Бонувони азиз, 
 Хоҳарони меҳрубон ! 
Дар оғози фасли зебои сол, баҳори нозанин, ки замини биҳиштосои Тоҷикистони азиз пероҳани сабз ба бар карда, мардуми шарифи он дар фазои сулҳу амнияти пойдор, ваҳдату истиқлолияти комил зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зеботарин ҷашн – Рӯзи модарро тантана менамояд, ҳамаи Шуморо бо самимияти хосса аз номи худ ва тамоми ҷавонону варзишгарони кишвар ба муносибати ин ҷашни фархунда сидқан табрику таҳният менамоем. 
 Воқеан, модар азизтарин мавҷуди рӯи замин мебошад. Зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ў ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. 
Ба эътирофи нафақат бузургону мутафакирони олам, балки тамоми инсоният Зан - Модар  аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рўи замин мебошад. 
Боиси сарфарозии мост, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат давлат ва Ҳукумати кишвар  аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаётбахши занону модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи  нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ арҷ мегузорад.  
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. 
Маҳз модар дар қалби фарзанд меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва некуву накўкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондўст ва ватанпарвар ба камол расад. 
Зеро ба ӯҳдаи зан – модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон мебошад, аз рўзи азал вазифаи муқаддас ва басо масъулиятнок – тарбияи инсони нав ва дар нињоди ў ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шавқату муҳаббат ва эҳсоси ватандўстиву меҳанпарастӣ гузошта шудааст. 
 Воқеан, ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббате амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад. 
Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки 
волидайн ва махсусан модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.  
Боварии комил дорам, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ба қадри ин олиҳаи бузург ва неъмати бебаҳо янъе ба қадри манзалати модари тоҷик арҷ мегузаранд ва эҳтиромашонро ба ҷо меоранд. 
Бори дигар дар ин айёми фархундаи арўси сол, рўзҳои аввали баҳори нозанин, ки тавъам бо иди модарони гиромиқадр фаро расидааст, ҳамаи Шумо занону бонувони кишвари азизамонро самимона муборакбод гуфта, пеш аз ҳама бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори орому осоишта ва пурфайзу футўҳро таманно менамоям. 
Бигузор аз нури чеҳра ва муҳаббати поки Зан - Модар роҳи ҳаёти имрўзу фардои инсоният мунаввар, манзилаш гарм ва қалбаш нарму осуда бошад. 
Идатон муборак модарону бонувон ва хоњарони азиз!

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*