МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ИСТАРАВШАН: ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҲАМА МАРДОН АСТ
26
март
2021

ИСТАРАВШАН: ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҲАМА МАРДОН АСТ

Санаи 20 марти соли 2021 масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми низомии низомии 0202  Қӯшунҳои сарҳадӣ  воқеъ дар шаҳри Истаравшан боздид ба амал оварда, бо сарбозону афсарон вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин сарбозону афсаронро бо ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ҷиҳати содиқонаву софдилона хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, тарбияи дуруст ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ суханронӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби масъулини Кумита ба сарбозону афсарони қисми низомии мазкур лавозимоти варзишӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуд. 
Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома меёбад.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*