МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » ДЕВАШТИЧ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ "ТИРПАРРОНӢ" МИЁНИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ ВА ҶАВОНОНИ СИННИ ДАЪВАТӢ
20
март
2021

ДЕВАШТИЧ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ "ТИРПАРРОНӢ" МИЁНИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ ВА ҶАВОНОНИ СИННИ ДАЪВАТӢ

Санаи 20 марти соли 2021, дар доираи иҷроиши бандҳои нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии "Тирпарронӣ" баргузор гардид. 
Дар чорабинии мазкур ҷавонони синни даъватӣ ва афсарону сарбозони ноҳия иштирок намуда, маҳорату малакаи касбии худро нишон доданд. 
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо Диплом, Ҷом ва дигар тӯҳфаҳои омода намудаи масъулини Кумита қадрдонӣ карда шуданд. 
Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» руҳандози гардидааст. 
Дар хотима аз ҷониби Фарҳангчиёни ноҳия чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор карда шуд.     
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*