21
апрель
2021
Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!

Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии супориши Роҳбари Датгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба баргузории ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногун ба ифтихори 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши ҷавонон- дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!” доир гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур роҳбарияти Кумита мафҳум ва муҳтавои чорабинӣ, тартиби баргузории намоиши дастовардҳо, ҳамоиш, суханрониҳо ва дигар масъалаҳои кориро ба масъулини вазорату идораҳо пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарият даъват ба амал оварда шуд, ки масъулини вазорату идораҳо ба ҷараёни баргузории чорабиниҳои мазкур бевосита назорат намуда, барои дар сатҳи баланд ташкил ва омода намудани намоиши дастовардҳо, таъмини толорҳои барҳаво, теъдоди иштирокчиён, омода намудани маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва асоснок, инъикоси васеи чорабнӣ тавассути ВАО, хосса таҳияи барномаҳои алоҳидаи телевизионӣ ва муаррифии дастовардҳои соҳа дар 30- соли соҳибистиқлолӣ, ташкили экскурсияҳо, аёдати собиқадорони соҳа, аксияҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ, таҳкими фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар заминаи вазорату идораҳо дар сатҳи баланд иҷро карда шавад.