29
апрель
2021
"РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО ҚУРБОНАЛӢ КОРИ 28-УМИН ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ИДМ-РОҲУСНИ ОГОЗ БАХШИД"

Имрӯз, ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ҷаласаи навбатии 28 – умин кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ – ро ҳусни оғоз бахшид.
Бояд зикр намуд, ки дар қисмати ифтиттоҳӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Мусаев, муовини якуми раиси Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов, директори Департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ ва масъалаҳои иҷтимоии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сазонов Алексей суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Армения, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Ёддовар мешавем, ки Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ дар асоси Созишномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон 25 ноябри соли 2005 таъсис ёфтааст ва раисии Шӯрои мазкурро дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ тӯли ду рӯз идома мекунад.