МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
» » МУҲИМТАРИН РЎЙДОДҲО ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА ҲАЁТИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ (САНАҲО ВА САНАДҲО- БОЗГЎИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОН)
22
май
2021

МУҲИМТАРИН РЎЙДОДҲО ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА ҲАЁТИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ (САНАҲО ВА САНАДҲО- БОЗГЎИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОН)

 
СОЛҲОИ 2010-2015

Соли 2010
 - 11 феврал Муроҷиатномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон қабул ва тариқи ВАО эълон гардид, ки мазмуни он даъвати фаъолонаи ҷавонон барои иштирок дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо буд;
 - 13-14 апрел дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи Шӯрои ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок намуданд;
 - 23 май бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар кохи “Борбад” – и шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки зимни он Паёми табрикии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон ироа карда шуд;
 - 24 май бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии “Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони ҷавонони Тоҷикистон созмон ёфт;
 - 1 июн дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфараи Вилояти Суѓд бо маблаѓгузории Бонки умӯмиҷаҳонӣ бинои “Маркази ҷавонон”  ба истифода дода шуд, ки дар маросими кушодашавии он роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд ва шаҳри Исфара иштирок ва суханронӣ намуданд;
 - 12 августи соли 2010 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар толори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон «Ориёно» мулоқоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматов М. ва муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Ф. бо донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, баргузор намуд.
 Дар ин мулоқот донишҷӯёни ватание, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанду дар рӯзҳои таътил дар Тоҷикистон қарор доштанд, ширкат варзиданд;
 - 11 – 15 сентябр дар асоси Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумиати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии ҷавонони Ҷумҳурии исломии Эрон сафари гуруҳи ҷавонони Эрон ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар асоси барномаи таҳиягардида чорабиниҳои гуногун баргузор намуда шуданд;
 - 19 – 26 сентябр дар ноҳияи Варзоб нахустин Лагери байналмилалии маърифатӣ – экологии ҷавонон “Экологияи ИДМ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони асри 21” ва дастгирии молиявии Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ(МФГС) доир гашт;
 - 29 – 31 октябр дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷомеаи кушода”,  Анҷумани 3 – юми минтақавии “Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ” доир гардид. Мақсади асосии он тарЃиби фанновариҳои муосири иттилоотию иртиботӣ дар байни ҷавонон ва истифодабарии технологияҳои ҷадид дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа буд. Дар кори он беш аз 160 нафар ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва ИМА иштирок намуданд;
 - 30 октябри соли 2010, №561  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 » ба тасвиб расид;
 - 29 – 30 ноябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Иҷлосияи аввалини вазирони кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он намояндаго аз Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
 Соли 2011
 - 20 апрел дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавзуи “Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мавриди муҳокима қарор гирифт, ки дар он Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар ин ҷаласа оиди таъсиси ниҳоди алоҳидаи кор бо ҷавонони ҲХДТ дастур дода шуд.
 - аз 16 то 23 майи соли 2011 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи ҷавонон» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон намоишгоҳи мусаввирони ҷавон зери унвони «Ватан дар рангҳо» ташкил ва баргузор намуда шуд, ки аз он ҳазорҳо нафар соҳибватанон ва меҳмонон дидан намуданд;
 - моҳи майи соли 2011 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии миёни мусаввирони ҷавонро зери унвони «Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» баргузор намуд, ки дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ѓолибон бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд;
 - 19 майи соли 2011 дар «Кохи Ҷомӣ» - и пойтахт Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди Сарбоз» - ро баргузор намуд, ки дар он ҷавонони соҳибистеъдод аз ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мактабҳои олӣ иштирок намуданд;
 - аз 26 то 28 июни соли 2011 дар асоси дастуру супориши Президенти мамлакат, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон доир гарид. Ҳайати намояндагии Фестивалро роҳбарони ҷавон, ҳунармандону эҷодкорони ҷавон, олимону муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёну стипендиантҳои Президентӣ ва рӯзноманигорони ҷавон ташкил медоданд;
 -  23 майи соли 2011 дар «Кохи Ҷомӣ» ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Руқия Атоевна -  Паёми табрикотии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷавонон қироат намуданд;
 - аз 19 то 21 июл дар шаҳри Хоруғ ва аз 26 то 28 август дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (UNFPA) тренинги омӯзиши барои кормандони мақомоти давлатии кор бо ҷавонон ва ихтиёриёни ҷавон дар самти тарзи ҳаёти солим дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд, ки дар натиҷа 100 нафар мутахассисони соҳа бо маълумотҳои зарурӣ фаро гирифта шуданд; 
 - аз 8 то 13 августи соли 2011 бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои иштирокчии ИДМ ва Иттифоқи ҷавонон ва донишҷӯёни Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи Нақшаи баргузории чорабиниҳои афзалиятнок барои соли 2011 дар шаҳри Габалаи Ҷумҳурии Озарбойҷон лагери тобистонаи донишҷӯён зери унвони «Мактаби тобистона-истироҳатгоҳи донишҷӯёни пешвои ИДМ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳайати донишҷӯёни Тоҷикистон иштирок намуданд;
 - 1 июли соли 2011 бо иштироки сездаҳ нафар иштирокдорон, ҷиҳати иҷрои дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хусуси таъсиси ниҳоди алоҳидаи кор бо ҷавонони ҲХДТ маҷлиси муассисони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” доир карда шуд;
 - 27 июли соли 2011 Конференсияи 1 ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир карда шуда, дар он Оинномаи ташкилот қабул гардид;
 - моҳи сентябри соли 2011 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  озмуни “Беҳтарин Ватансаро” – ро доир намуд, ки дар он 140 ҳунарманд иштирок намуда аз миёни онҳо 6 нафар ѓолибон муқаррар намуда шуд.
 Ѓолибони озмун аз ҷониби Кумита бо тӯҳфаҳои арзишманд ва дипломҳо қадрдонӣ гардиданд;
 - аз 1 то 3 октябри соли 2011 дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ доир гардид. Ҷаласаи мазкурро раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов роҳбарӣ намуд. Дар рафти ҷаласа масоили мубрами ҳаёти ҷавонони кишварҳои аъзои Шӯро, яъне Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирѓизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Молдова ва Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд;
 - аз 16 то 22 сентябри соли 2011 дар шаҳри Чолпон – Атаи ҷумҳурии қирѓисистон Форуми ҷавонони давлатҳои узви СҲШ доир гардид, ки дар кори он намояндагони ҷавонони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирѓизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок карданд;
 - 4 октябри соли 2011, №480 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” ба тасвиб расид;
 -  аз 23 ноябр то 7 декабри соли 2011 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой (шаҳрҳои Пекин, Чунсин ва Шанхай) мувофиқи даъвати Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай, Федератсияи ҷавонони умумии Чин ва Иттифоқи Коммунистии ҷавонони Чин бо мақсади расонидани мадад ба таҳкими ҳамоварӣ ва дӯстии байни роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупо - Осиё ва мусоидат ба табодули байналмилалӣ ва ҳамкории созмонҳои ҷавонон барои роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупо ва Осиё тренинг баргузор намуда шуд, ки дар он ҳайати роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуданд;
 - 
 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи мазкур ва мутобиқ намудани он ба дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, қисми зиёди таѓйиротҳои иловашуда хусусяти мафҳумӣ дошта, забони навишт содда ва ба қонунгузории амалкунанда мутобиқ карда шудааст. 
 Боиси қайд аст, ки қонуни мазкур 25 майи соли 2011 №433 аз ҷониби Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 
 - баргузории семинар-машварат дар мавзӯи «Истифодаи арзишҳои маънавӣ дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон»;
 - баргузории чорабиниҳои варзишиву таблиѓотӣ дар «Мактаби пешвоёни ҷавон»;;
 - 21 ноябри соли 2011 таҳти рақами 1426 Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд.
 Соли 2012
 - 6 апрели соли 2012 дар Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи ошкорои парламентӣ «Оид ба ичрои Бучети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солхои 2010 – 2011 вобаста ба татбики Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солхои 2010 – 2012» баргузор гардид, ки дар кори он дар баробари вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рохбарони масъули вазорату идорахо низ ширкат варзиданд. Дар интиҳо барои рушду инкишофи сиёсати давлатии чавонон қарор ва тавсияҳо кабул гардид;
 - аз 23 то 26 майи соли 2012 бо ташаббуси Форуми парлумонии Осиё ва Аврупо оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар ҳамкории муштарак бо созмони байналмиллалии UNFPA (Хазинаи СММ дар соҳаи Нуфус) дар шаҳри Истанбули кишвари Туркия Панҷумин Конфронси байналмиллалии  парламентӣҷиҳати татбиқи Барномаи амали Конфронси байналмиллалии оид ба нуфус ва рушд  (ПД МКНР) баргузор гардид, ки масъалаи ҷавонон масъалаи меҳварии ин чорабинии бонуфузуи байналмиллалӣ буд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуданд;
 - 18 -28 августи соли 2012 дар шаҳри Сахкадзори Ҷумҳурии Арманистон Форуми байналмилалии ҷавонон “АвруОсиёи ҷавон” доир гардид, ки дар он фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд;
 28-август то 10 сентябри соли бо супориши роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади вохӯрӣ ва ошноӣ пайдо намудан бо муҳоҷирони тоҷик дар минтақаи Сибири Федератсияи Россия қарор доштанд;
 - 27 октябри соли 2012 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” ва кӯмаки молии Дафтари ҳамкориҳои Швейтсариа дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми миллии “Ҷавонон ва фаъолияти волонтёрӣ” баргузор шуд;
 - аз   27 то 30 ноябри  соли 2012 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирѓизистон бо ташаббуси Форуми парлумонии Осиё дар ҳамкории муштарак бо созмони байналмиллалии UNFPA (Барномаи Хазинаи СММ дар соҳаи Нуфузи аҳолӣ)семинарии ҳуқуқӣ барои парламентарҳои ҷавони кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷавонони фаъол баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ ҷавонони фаъол иштирок намуда, муҳимтарин масоили вобаста ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавононро мавриди муҳокима қарор доданд;
 15 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимнисуханронии худ ба ифтихори 20-солагии баргузории Иҷлосияи  таърихии шонздаҳуми  Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки рушди давлатдории миллиро дар марҳалаи муосир мушаххас намуда, яке аз самтҳои муҳимтарини онро сиёсати «Рӯ овардан ба ҷавонон» номид; 
 - Президент Туркия вохури бо донишҷӯён
 Соли 2013
 - 13 марти соли 2013 дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон “Ориёно” бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон” конфронси амалигардонии Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013 – 2015 зери унвони “Ҷавонони солим” баргузор гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавонони кишвар ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, танзими оила ва воситаҳои истифодабарии усулҳои иноватсионии маълумотрасонӣ буд;
 - 14 – 15 марти соли 2013 дар Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирѓизистон Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ доир гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони Тоҷикистон низ иштирок намуда, вобаста ба амалисозии Стратегияи ҳамкории байналмиллалии ҷавонони ИДМ то давраи соли 2020 изҳори ақида намуданд.
 - 15 марти соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣбо мактаббачагону донишҷӯёни шаҳри Душанбе, ки ятимони кулл мебошанд, мулоқот намуд.
 Дар ин мулоқот ба зиёда аз 360 нафар хонандагону донишҷӯёни ятими кулл, яъне бепадару модар, ки аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гирд омада буданд, кумаки моддӣ расонд.
 Зимни мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархости як қатор донишҷӯёни ятим посух гуфта, барои ҳалли мушкилоти номбарнамудаи онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
 Дар посух ба шикоятҳо доир ба бесаробон мондани баъзе ятимон пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ, таъкид гардид, ки тамоми ятимони кулл, баъди хатми таҳсилоти миёна ва олӣҳам то ба ҳаёти мустақиллона ворид шуданашон бояд таҳти ғамхории давлат қарор дошта бошанд;
 - 5 апрел Ташкилоти ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон” зимни як нишасти матбуотӣ марҳилаи дуюми “Иштироки ҷавонон баҳри солимии миллат”- ро муаррифӣ кард. Лоиҳа аз тарафи барномаи минтақавии “Тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ” ва ҷамъият Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) таъмин карда шуд;
 - 6 апрели соли 2013 дар шаҳри Қурғонтеппа Хатлон аз тарафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи “Насли созанда” доир карда шуд, ки дар он зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавон ширкат варзид;
 - 24 апрел дар кишвар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии ҷавонон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии калони фарҳангиро бо иштироки ҷавонон баргузор намуд;
 - 26 – 27  апрел дар Китобхонаи миллии ҷумҳуриявӣ Форуми VI ҷумҳуриявии созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар анҷоми чорабинӣ озмуни “Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони сол” ҷамъбаст гардид;
 - 4  майи соли 2013 дар бинои Китобхонаи миллӣ анҷумани VI – уми Иттиҳоди ташкилотҳои кор бо ҷавонон баргузор гардид;
 - 19 май Конфронси байналмилалии олимони  ҷавон дар мавзӯи “Сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои ИДМ” баргузор гардид;
 - 23 майи соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад  бо намояндагони ҷавонони мамлакт  мулоқот намуда, ба ҳамаи иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ тақди намуд;
 - 24 май бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ дар мавзеи зебову афсонавии истироҳатгоҳи “Чайка” бо иштироки муҳассилини як қатор муассисаҳои таҳсилоти олва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи варзишӣ сурат гирифт;
 - 12 июни соли 2013 бахшида ба яксолагии таъсиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” китоби “Як сол бо ҷавонон” таълиф гардид, ки фарогири фаъолияти яксолаи созмон мебошад;
 - 14 июни соли 2013  дар   истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолият”   -     н.Ҷ.Расулов Конференсияи II  ТҶҶ«Созандагони Ватан» баргузор карда шуд;
 - 27 июни соли 2013 дар Рӯзи ваҳдати миллӣ бо дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон тӯи хонадоршавии 64 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои   намуда шуд, ки ба ҳамаи навхонадорон тӯҳфаҳо тақдим карда шуд;
 - 29- 30 июни соли 2013 бахшида ба таҷлили сазовори 16- умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд роҳпаймоии автомобилӣ таҳти унвони “Шоҳроҳи Ваҳдат- 2013” доир карда шуд.
 - 19 – 26 август дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Форуми байналмилалии журналистон, блогнависон ва аккосони ҷавони кишварҳои СҲШ доир гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзиданд;
 - 12 – 13 сентябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирѓизистон Ҷаласаи 6 Шӯрои кор бо ҷавонони СҲШ доир гардид, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар он иштирок намуданд;
 - 21 сентябр дар «Кохи Ваҳдат» Анҷумани 10 Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки вакилони он Эмомалӣ Раҳмонро якдилона номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд;
 -
 Соли 2014
 - 3 апрел дар толори Маркази ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» муаррифии Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон доир гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд;
 - 4 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷавонону наврасони лаёқатманди Вилояти Суѓд мулоқот намуд;
 - 20 май бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори «Кохи Ҷомӣ» - и пойтахт фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди Сарбоз»  баргузор гардид, ки дар он ҷавонони соҳибистеъдод аз ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мактабҳои олӣ иштирок намуданд. Ѓолибону иштирокчиён бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд;
 - 9 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияди давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон конфронси илмӣ – амалӣ зери унвони “Нақши ҷавонон дар рушди давлати Тоҷикистон” доир гардид, ки дар интиҳои он ба ҷавонони фаъол сипосномаҳо тақдим карда шуд;
 - 22 май Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон тариқи ВАО ироа гардид;
 - 23 май дар толори «Кохи Ваҳдат» - и пойтахт бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки фаъолҷавонон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маликшо Неъматов иштирокчиёни чорабиниро табрик намуда, ба ѓолибони Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, озмуни “Тоҷикистон – кишвари туризм” ва ҷавонони фаъол, ҷоиза, диплом ва ифтихорномаҳо супорид;
 - 11 – 14 июн бо ташабус ва ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи волонтёрони Тоҷикистон дар урдугоҳи “Шоҳин” – и шаҳри Қайроқум Анҷумани 7 ташкилотҳои ҷавонони кишвар доир шуд;
 - 21 – 22 июн дар шаҳри Қайроқуми Вилояти Суѓд Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ зери унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён» доир шуд;
 26- 28 июни соли 2014 бахшида ба таҷлили сазовори 17- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб- Муминобод роҳпаймоии автомобилӣ таҳти унвони “Шоҳроҳи Ваҳдат- 2014” доир карда шуд.
 - 2 - 7 июл дар шаҳри Читаи Федератсияи Россия Фестивали «Баҳори донишҷуён» - и кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид, ки аз ҳафт бахш: фарҳанг, маориф, варзиш, ВАО, ҷавонони сиёсатмадор, бозиҳои ҳарби – ватандустӣ, ва маликаи баҳор иборат буд. Дар он 5 ҳазор донишҷӯён аз кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Қирѓисистон, Ҳиндустон, Арманистон, Эрон, Афѓонистон, Шри Ланка ва Туркия иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни ҷавонон, табодули фарҳанг ва муаррифии истеъдодҳо буд. Кишвари моро дар ин чорабинӣҷавонони фаъоли донишҷӯй аз муассисаҳои таълимӣ намояндаги карданд;
 - 21 – 27 июл дар шаҳри Москва ва Вилояти Калугаи Федератсияи Россия лагери байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Рӯзи ҷавонони иттиҳод» доир гардид, ки ташабускорони он созмони байналмилалии «Содружество», Ожонсии федеролии кор бо ҷавонони Россия ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия буданд. Дар ин лагер 70 нафар ҷавонони фаъол аз 17 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ фаъолона ширкат намуданд;
 - 29 июл Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба истиқболи сазовори 20 соагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рузи ободониро зери унвони “Ин ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем” роҳандозӣ намуд, ки дар доираи он корҳои зиёди созандагӣ аз он ҷумла тозаву ободонии кучаву хиёбонҳо ва боѓу гулгаштҳо амалӣ гардиданд;
 - 11 август бахшида ба рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фестивали дустии ҷавонони Тоҷикистону  Қирѓизистон дар Вилояти Суѓд баргузор гардид. Чорабинӣ зери унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» баргузор гардида бо барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, тамошои осорхона, мавзеҳои таърихиву сайёҳӣ хотирмон ҷамъбаст гардид;
 - 12 август бахшида ба рӯзи байналмилалии ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Боѓи Рӯдакӣ аксияи “Биёед китоб мехонем” доир гардид. Зимни баргузории ин чорабинӣ 1000 дона китоб ва 1000 нусха рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба хонандагон ройгон тақдим карда шуд;
 - 16 – 17 октябр ба муносибати 90 солагии ба мақоми пойтахт сазовор шудани шаҳри Душанбе Фестивали ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе – пойтахти сулҳ ва ризоият» баргузор гардид;
 - 16 октябр дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон «Ориёно» Анҷумани 11 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир шуд;
 - 23 – 25 октябр дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия Анҷумани дуюми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки намояндагони ҷавонони Тоҷикистон низ дар кори он фаъолона иштирок намуданд;
 - 17 – 18 ноябр дар Ҷумҳури мардумии Чин бо ташаббуси Федератсияи Умумичинии Ҷавонон (ФУҶ) вохурии дустонаи лидерони ҷавони давлатҳои АвруОсиё баргузор гардид. Зимни он дар доираи лоиҳаи «Ба сӯи орзуҳо дар «Шоҳроҳи абрешим» 51 лидери ҷавон аз кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Қирѓисистон, Ҳиндустон, Туркия, Узбекистон, Белоруссия,  Озорбойҷон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
 - 23 ноябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Боѓи Рӯдакӣ амалиёти навбатии “Биёед китоб мехонем” доир гардид. Зимни баргузории ин чорабинӣ 2500 дона китоб ва 1000 нусха рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба хонандагон ройгон тақдим карда шуд;
 - 25 ноябр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расид;
 - 11 декабр Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон ва муҳакиқони ҷавони Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
 Соли 2015
 - Ибтидои соли 2015 Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ифтихори 85 солагии таъсисёбиаш сомонаи интернетии худро бо нишонии WWW.TJ таъсис дод, ки ҳадафи асосиаш фаро гирифтани ҳарчи бештари хонандагон мебошад. Он хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, бо забонҳои тоҷикию руссӣ пешкаш мешавад;
 - 15 январ гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ сафар намуда дар ҷараёни он аз вазъи зиндагию таҳсил ва хизмати сарбозони дидан намуда, бо ҷавонони касбу кори гуногун вохуриву нишастҳо баргузор намуданд;
 - 23 январ дар пойтахти мамлакатамон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, дар он теъдоди зиёди ҷавонон иштирок намуданд;
 - 30 январ бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” дар қароргоҳи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар мавзӯи “Муаррифии барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ барои ҷавонон” вохурии ҷавонон бо роҳбариат ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ баргузор гардид. Зимни он роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ вобаста ба фаъолияти худ дар масъалаи ҷавонон андешаронӣ намуданд;
 - 6 феврал дар факултаи рузноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Партави Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ва ба ифтихори 85 – солагии рузномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мулоқоти донишҷӯён бо ҳайати эҷодии рӯзнома баргузор гардид. Рузномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз рузҳои нахустини таъсисёбиаш мактаби рузноманигорони ҷавони мамлакат ба шумор меравад;
 - 17 феврал дар Китобхонаи миллӣ дар Партави Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ вохурии роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷавонон доир гардид;
 - 18 феврал дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  музи мудаввари ҷумҳурияви доир ба баррасии лоиҳа дар бораи таъсиси “Маркази миллии такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷвавонон” доир гардид;
 - 08 январи соли 2015 Конференсияи 3 ТҶҶ «Созандагони Ватан»  баргузор гардида, дар он масоили ташкилии марбут ба фаъолияти созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 - 25 феврал дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” бо иштироки вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи кормандони ѓайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардида, зимни он ба ҷавонон – дружиначиён, ки дар пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳиссагузорӣ менамоянд, мукофотҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд;
 - 13 март Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёне, ки курси “Сарварони ҷавон” – ро хатм намудаанд, мулоқот намуда, ба онҳо сертификат дод;
 - 27 март Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон мулоқот намуданд. Ҳадафи баргузории чорабинӣ суҳбати озоду ошкоро ва баррасии мушкилоти мавҷудаи муосир буд;
 - 5 апрел бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо зери унвони “Як рӯзи тамошои осорхона” доир гардид, ки ҳазорҳо нафар ба ёдгориҳои таърихии осорхонаҳо шинос шуданд;
 - 13 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея бо донишҷӯёни тоҷикистонии дар муассисаҳои таҳсилоти олии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуд. Сарвари давлат таъкид дошт, ки аз фурсати таҳсил дар ин мутараққии ҷаҳон пурсамар истифода бурда, дониши илмию техникӣ ва технологии худро ҳаматарафа тавсеа бахшанд ва дар оянда дар инкишофу пешрафти Ватани худ, Тоҷикистони азиз саҳми намоён гузоранд;
 - 24 апрел дар тарабхонаи “Истиқлол”- и шаҳри Душанбе бо ташаббус ва ибтикори Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти соҳибкорони ҷавони кишвар баргузор гардида, иштирокчиёни он проблемаҳои истеҳсолот, коркард ва хариду фуруши молу ашёи ватаниро мавриди баҳс қарор дода, роҳу василаи бартараф кардани проблемаҳоро баён намуданд;
 - 2 май дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ дар боѓи “Ирам” – и шаҳри Душанбе маросими расмии кушодашавии “30 рузи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зери унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” баргузор гардид, ки зимни он аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалиёти “Биёед китоб мехонем” ба дустдорони китоб беш аз 1000 китоби гуногуни бадеӣ тариқи ройгон тақсим карда шуд;
 - 8 май дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70 – солагии Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зери унвони “Ҳифзи Модар – Ватан вазифаи ҳар фард” конфронси илмӣ баргузор гардид;
 - 12 – 13 май дар шаҳри Душанбе бо ҳузури роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ доир гардид; 
 - 15 – 17 май дар шаҳри Душанбе ва Кӯлоб Форуми байналмиллалии «Ҷавонон – нерӯи рушди зеҳнии кишвар» баргузор намуда шуд;
 - 22 май Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ироа шуд;
 - 23 май дар дар боѓи “Ирам” – и шаҳри Душанбе чорабинии калони фарҳангӣ  ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид;
 - 23 май Муроҷиатномаи ҷавонони кишвар ба мардуми Тоҷикистон, нашр шуд, ки дар он ҷавонон ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастгириҳо рӯзафзунашон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд;
 - 11 – 17 июн бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Суѓд бо иштироки зиёда аз 300 нафар ҷавон аз тамоми манотиқи кишвар дар Вилояти  Суѓд Фестивали дустии ҷвонон таҳти шиори “ Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!” доир гардид;
 - 22 июни соли 2015 Конференсияи 4 ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардида,  дар он масъалаҳои вобаста ба интихоби мақомоти дастаҷамъии созмон ва роҳбарияти он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 - 26- 28 июни соли 2014 бахшида ба таҷлили сазовори 18- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатол роҳпаймоии автомобилии ҷавонон таҳти унвони “Шоҳроҳи Ваҳдат- 2015” доир карда шуд;
 - 10 июл дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия  зимни ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханрониаш пешниҳод намуд, ки «Кор бо ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон бояд яке аз афзалиятҳои муҳими СҲШ бошад. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки яке аз солҳои оянда «Соли ҷавонон» эълон карда шавад;
 - 11 - 16 июл дар шаҳри Хоруѓ – маркази маъмурии Вилояти Кӯҳистони бадахшон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Мавқеи ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм, экстримизм ва маводи нашъадор” доир гашт, ки дар кори он роҳбарон ва кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ иштирок ва маърӯза намуданд;
 - 18 июл Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № - Дар бораи таъсиси  Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид;
 - 30 июл дар Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри Қурѓонтеппа бо иштироки кормандони соҳаи тандурустии Вилояти Хатлон ҷамъомад доир гардида, масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт;
 - 12 август бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани “Маҳфили ҷавонони дар хириҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор гардид. Ҳадафи асосии он роҳҳои бо ҳамдигар робитаи рӯзмарра доштан, аз мушкилоти ҳам огоҳ шудан ва равона намудани нерӯи ақлонии ҷавонон ба манфиати Ватан буд;
 - 28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, ба мукофоти давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Дар ин маросим 12 нафар олимони ҷавон сазовори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015 гардиданд;
 - 1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси Сулҳ иштирок намуд;
 - 9- 10 сентябри соли 2015 бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе- Ҳисор- Шаҳринав- Турсунзода роҳпаймоии хурдӣ автомобилӣ доир карда шуд;
 - 16 октябр  як гурӯҳи ҷавонони фаъоли мамлакт дар доираи сафар ба Федератсияи Россия ба ноҳияи Рамешковскии вилояти Твер ташриф оварда, бо роҳбарияти ноҳияи мазкур ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар инҷо фаъолият менамоянд, вохуриву мулоқотҳо анҷом доданд;
 - 4 ноябр дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Конститутсия – асоси зиндагӣ ва саодати миллат” баргузор гардид, ки зимни баргузории он Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонону иштирокчиёнро ба ин муносибат табрик намуд;
 - 21 ноябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар толори Шӯрои олимони донишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсияи фосилавӣ(онлайнӣ) таҳти шиори “Хифзи муқаддасоти миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид;
 - 24 ноябр дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи ҷавонон доир гардид, ки дар он беш аз 50 ҳазор ҷавонону донишҷӯён иштирок намуданд;
 11 - 13 декабр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳи “Санавбар” – и шаҳри Роѓун лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол” доир гардид, ки дар он беш аз 80 нафар гирандагони Стипендияи Президентӣ аз ҳама гӯшаву канори кишвар иштирок намуда донишу малакаашонро сайқал доданд;
 -17 декабр бо ибтикори Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар бозори “Корвон” – и шаҳри Душанбе аксия зери унвони “Биёед, рӯзнома хонем!” гузаронида шуд, ки ҳадафи асосиаш истифодаи самараноки вақтҳои холигии наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба мутоилаи рӯзнома буд; 
 -18 – 19 декабр бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Кохи Лоҳутӣ” – и шаҳри Қурѓонтеппа Конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ” доир гардид;
 -26 декабри соли 2015 бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан ”мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ифротгароии ҷавонон: омилҳо ва роҳҳои пешгирии он» доир карда шуд;
 -26 декабр бо ташабуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ташабуси бевоситаи ҷавонони худшинос дар майдони назди театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо иштироки васеи ҷавонон аксияи “Ҷавонон – пайрави пешвои миллат” баргузор гардида, дар он ҷавонон истиқболи худро ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” иброз намуданд.
Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*