22
май
2021
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛИГАРДОНӢ ВА ПОЙДОРИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА ДЕМОКРАТИКУНОНИИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИ МИЛЛӢ

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳайси субъектҳои системаи сиёсии ҷамъият соҳиби мақоми ҳуқуқӣ мебошанд. Вобаста ба ин, дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «давлат ва ҳамаи мақомотҳои он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон уҳдадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».
Мувофиқи талаботи Конститутсия (Сарқонун) дар шароити кунунӣ ва минбаъда мавқеъ ва манзалати ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар муҳити сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Албатта, чунин иқдом дар таҳким ва пойдории татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пешравӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, доираи таҳқиқоти мазкурро фаъолият ва саҳми ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар пойдор гардидани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад. Дар шароити кунунӣ омӯзиш ва таҳлили масъалаҳои мазкур хеле душвору мураккаб арзёбӣ шудааст. Душворӣ дар он аст, ки ҳамгироии муносибатҳои байни ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ дар инкишофи вазъи сиёсии мамлакат зич алоқаманд аст.
Ба ин муносибат, омӯзиш ва таҳқиқи қонуниятҳои умумӣ ва мушаххаси масъалаҳои мазкур иқдом ва ҳамкории якҷояи мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм – фалсафа, таърих, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва равоншиносиро тақозо менамояд. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир таҳқиқоти зиёди илмӣ-оммавӣ оид ба вазъияти сиёсии ҷомеа, алалхусус, сиёсати давлатии ҷавонон бахшида шудаанд. Дар он қатор олимони кишварҳои ИДМ А.П.Бутенко, И.М.Илинский, И.К.Асадуллоев, А.Н. Маҳмадов, А.А.Шамолов ва С.Б. Ашӯровро номбар кардан мумкин аст.
Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъалаҳои тарафайни ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ дар устувор гардонидани сиёсати давлатии ҷавонон ҳарчанде ба таври умумӣ баррасӣ шуда бошанд ҳам, дар он механизми амалӣ шудани масъалаҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон нокифоя мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ба ин нигоҳ накарда, таҳқиқи мавқеъ ва манзалати ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ дар мамлакатҳои ИДМ аҳаммияти хосса дорад. Зеро ин мавзуъ дар Тоҷикистон ба таври нокифоя омӯхта ва кор карда шудааст ва то имрӯз таҳқиқоти илмии арзишманде, ки моҳият, вазифаҳои асосӣ, дараҷаи амалигардонӣ ва таъмини самараноки самтҳои асосии стратегии сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистон фаро гирад, мавҷуд нест.
Аз ин лиҳоз, таҷрибаи андӯхташуда водор месозад, ки давлат, ҳукумат, ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои ҷамъиятӣ насли ҷавонро бояд ба он омода намоянд, ки онҳо минбаъд аз хатоҳои гузашта дарси ибрат гирифта, муттаҳид шаванд ва якҷоя амал карда, ба роҳи ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ қадам гузоранд. Чунки сарварони ояндаи сиёсӣ, роҳбарони давлативу ҳизбӣ, созмону вазорату муассисаҳо маҳз аз байни ҷавонони имрӯза ба воя мерасанд. Мо дар пайраҳаи бунёди ҷамъияти демократӣ қарор дорем. Бинобар ин, бояд принсипҳои бисёрҳизбӣ ва сиёсати алтернативиро эътироф карда, онро дар фаъолияти худ ҷорӣ намоем.
Аз рӯйи таҳлили вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои асосии идеали сиёсии мо, аз ягонагии миллӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва муттаҳидии халқҳои сокини кишварамон иборат мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои кишвар аст. Яъне, ҷавонони Тоҷикистон бояд фаъолияти худро барои устувор гардонидани ягонагии Тоҷикистон ва беҳтар кардани шароити зиндагии халқ равона созанд. Агар мо ба таърихи ташаккули давлати худ назар афканем, зуд пай мебарем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити вазнини иқтисодии мамлакат нигоҳ накарда, тамоми имкониятҳоро барои таъмини кардани раванди муътадили таҳсил дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус фароҳам оварда, баҳри беҳтар кардани шароити моддӣ ва иҷтимоии донишҷӯён тадбирҳои муфид меандешанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурии мо бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ташаккул ёфта, айни ҳол ба устувории иҷтимоӣ-сиёсӣ ва андешидани маҷмӯи тадбирҳо, ки барои инкишофи минбаъдаи он зарур аст, ниёз дорад. Бояд таъкид кард, ки ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ дар пойдорӣ ва устуворгардонии сиёсати давлатии ҷавонон нақши муҳим мебозанд. Дар тӯли солҳои охир оид ба мавзуӣ нақши ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои зиёди илмӣ-назариявӣ таҳия гардида, рӯйи чоп омадаанд. Муҳаққиқон ҷиддан кӯшиш намудаанд, ки масъалаи мазкурро дар шароити Тоҷикистон ба таври муффасал, возеҳу равшан мавриди баррасию таҳлил қарор диҳанд.
Оид ба бунёди давлати дунявии демократӣ ва суботи вазъи сиёсии кишвар, таъмини ҳамкориҳои Ҳукумат ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ, ризоияти ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буд: «Демократикунонии ҷомеа раванди мавсимӣ нест ва демократияро дар як давраи муайяни кӯтоҳ ҷорӣ кардан ва фароҳам овардан ғайриимкон мебошад. Ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳз ба шаҳрвандоне такя мекунад, ки аз ҷиҳати сиёсиву ҳуқуқӣ бомаърифат, ба ҳифзи адолат қодир, ба риояи волоияти қонун ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омода бошанд. Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон меъёрҳои асили демократияро ҳамчун омили пешрафти ҷомеа эътироф намуда,минбаъд низ барои инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам меорад».
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар демократӣ кардани ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мебошад. Демократикунонии ҷомеаи имрӯза ба таҳкими арзишҳои демократӣ, ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии кишвар, инчунин, таъмини шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили низоми гуногунандешии сиёсӣ мусоидат мекунад.
Имрӯз дар Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷараён дорад, ки ин иштироки бевосита ва фаъолонаи шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилот ва созмонҳои ҷамъиятиро тақозо менамояд. Дар ин радиф масъалаи дигар дарки назариявии воситаҳо ва стратегияи минбаъдаи моҳияти иштироки ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ дар амалӣ намудани вазифаҳои муҳим ва асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон мебошад. Зеро иштироки фаъолонаи субъектҳои мазкур, сиёсати давлатии ҷавононро муайян ва ҳалли вазифаҳои онҳоро ҷоннок менамоянд.
Дар иртибот ба ин агар мо ба таҷрибаи амалӣ назар андозем, пас маълум мешавад, ки муносибат ба ҷавонон ҳамеша барои давлат ва ҷамъият муҳим хоҳад монд. Имрӯз ҷавонон ҳамчун ифодагари манфиатҳои насли наврас, омили комёб гардонии сатҳи инкишофи ҷамъият ва давлат маҳсуб меёбанд. Сиёсати давлатии ҷавонон чунин нишонаҳоро муайян месозад:
то кадом андоза ҷавонон вазъи кунунии ҷамъият ва сиёсати давлат нисбат ба ҷавононро қабул доранд ва ҷонибдорӣ менамоянд;
навоварие, ки насли ҷавон барои пешрафти ҷамъият ва фаъолияти давлат ворид мекунад, таассуроти насли гузаштаро нисбат ба ҷавонон чи гуна ифода ва арзёбӣ мекунад;
ҷавонон то кадом андоза омили инкишоф ё монеаи пешрафти ҷамъият ва давлат мегарданд. Ба ҷавонон системаи худинкишоф хос нест, зеро зиндагии онҳо ба шароити воқеии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ вобаста мебошад.
Дар мавриди омӯзиш ва таҳлили моҳият ва самтҳои муҳимми сиёсати давлатии ҷавонон қайд кардан лозим аст, ки зарурати сиёсати мазкур нисбат ба ҷавонон дар ба эътибор гирифтан ва муайян намудани вазъи ҷамъиятии онҳо зоҳир мегардад. Яъне, ҷавонон қисми ҷудонашавандаи ҷамъияти оянда маҳсуб мегарданд. Ҷавонон қисми муҳимми ҷамъияти муосир ҳисоб ёфта, мақому манзалати ивазнашавандаро нисбат ба дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ соҳиб мебошанд. Насли ҷавон барои тақдири имрӯза ва ояндаи давлати худ масъул аст. Масъулияти насли ҷавон дар асоси аз худ кардан ва такмил додани системаи арзишу меъёрҳо ва истифодаи онҳо дар рафтору фаъолияти хеш, ки ба таракқиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад, зоҳир мегардад.
Дар ҳоли ҳозир огоҳ намудани ҷавонон аз таҳаввулоти ҷомеа ва дастовардҳои илми муосир, истифодаи иттилооти илмиву санҷидашуда ва баррасии мероси илмиву фарҳангии гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик зарур аст. Бештар ба илм ҷалб намудани ҷавонони худшиносу худогоҳ, ки қишри асосӣ ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ба мақсад мувофиқ мебошад. Хуллас, ҷавононро дар заминаи арзишҳои маънавӣ бояд тарбия кард. Яке аз вазифаҳои асосии давлат, Ҳукумат ва, умуман ҷомеа аз он иборат аст, ки ҷавононро бо роҳи худогоҳии миллӣ, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят намуда, аз иштибоҳоти наслҳои пешин сабақи таърихӣ бардоштанро омӯзонанд. Самти асосии сиёсати давлатии ҷавонон, ки баробари ташкилёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзи вуҷуд кардааст дар ҷавонон тарбия намудани руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, нигаҳдорӣ ва ғанӣ гардонидани фарҳанги миллӣ, муносибати некбинона нисбат ба таърих ва гузаштаи халқи тоҷик ва дигар халқияту милллатҳо мебошад.
Аз тарафи дигар, омили ташаккули масъулияти ояндабинии ҷавонон барои давлат аз ҳамаҷониба ба роҳ мондани иштироки ҷавонон дар демократикунонии кишвар ва тараққиёти ҷомеа иборат аст. Дар асоси андешаҳои зикршуда қайд намудан мумкин аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон барои таъмин намудани самтҳои зерин нигаронида шудааст:
– ташаккули малакаву маҳорати ҷавонон дар рушду ҳифзи фарҳанги миллӣ, тарбия намудани муносибати эҳтиёткорона ба мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик;
– парваридани тафаккур ва эҳсоси ватандустӣ, тарбияи шаҳрванди ҷамъияти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дорои қобилияти дарки муҳити иҷтимоӣ дар шароити ҷамъияти шаҳрвандӣ буда, эҳтироми ҳуқуқ ва озодии шахсро ба ҷо оварда, истифодабарандаи имкониятҳои системаи демократӣ, ифодагари ҳиссиёти баланди дарки шаҳрвандӣ, таҳаммули миллӣ ва динӣ буда, муносибати бо эҳтиром ба забон, урфу одат ва фарҳанги халқҳои дигар дошта бошад;
– ташаккули фарҳанги ҷаҳонии муносибатҳои байниинсонӣ барои ҳалли низои дохилии кишвар, монеъ шудан ба истифодаи зӯроварӣ ва омода будан ба ҳифзи Ватан аз таҷовузи беруна;
– инкишофи ҳаматарафа ва замонавии насли ҷавон, такмили қобилияти эҷодии ҷавонон, малакаи худташкилӣ ва худамалкунии онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳо ва иштироки фаъолонаи онҳо дар созмонҳои ҷамъиятӣ;
– ривоҷ додани ҷаҳонфаҳмии комил ва ҷаҳонбинии муосири илмӣ, инкишоф ва риояи фарҳанги муносибатҳои байниэтникӣ;
– дастёбӣ ба ҳадафҳои мусбияти меҳнат, фаъолияти баланди корӣ, бомуваффақият аз худ намудани принсипҳои асосии касбият, малакаи рафтори босамари бозори меҳнат;
– аз худ намудани малакаи гуногуни иҷтимоӣ ва нақшҳо, масъулиятнокӣ нисбат ба боигарии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ташаккули фарҳанг ва рафтори иҷтимоӣ бо назардошти арзишҳои ҷамъияти кушод, иттилооти он ва болоравии тағйироти динамикӣ.
Вазъи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он душвории иқтисодӣ, пастравии сатҳи зиндагӣ, болоравии камбизоатии аҳолӣ мушоҳида карда мешавад, таҳлили ҳаматарафаи ҷанбаъҳои зиндагии мардум, аз ҷумла, ҷавононро, тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, комёб гардидани давлат ба дигаргунсозиҳои ҳаёти иҷтимоӣ танҳо тавассути иштироки фаъолонаи ҷавонон имконпазир аст. Ҳамаи ин муносибати навро ба коркард ва амалӣ кардани сиёсати давлатии ҷавонон тақозо дорад. Ба ин муносибат, таҳқиқи давра ба давраи паҳлуҳои фаъолияти ҷавонон, ҷамъоварии маълумот ва ба эътибор гирифтани талабот ва манфиатҳои ба миёномадаи онҳо яке аз масъалаҳои замони муосир ба шумор мераванд.
Аз таҳлилҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки вазъи мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ бар дӯши ҷавонон бори гаронеро оварда, ҳифзи манфиатҳои онҳо муаллақ мемонад ва оқибат боиси ба таъсири ғояҳои гуногуни радикалӣ ва экстремистӣ рӯ овардани онҳо мегардад. Аз ин рӯ, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ ташаккул ёфтани шахсияти насли ҷавон яке аз вазифаҳои муҳим буда, ҳамзамон диққати ҷиддиро талаб менамояд.
Таҷрибаи амалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди вазорату муассисаҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ доранд, ки ҷиҳати муайян намудани тақдири минбаъдаи насли ҷавон қарорҳои дахлдор қабул мекунанд. Аммо, на ҳамаи онҳо фаъолияти худро содиқона ва мансубан ба стратегияи ягона ба роҳ мондаанд. Аз ин лиҳоз, ҷой надоштани ҳамоҳангии умумӣ ва ягонагии мутамарказ моро водор мекунад, ки сатҳи амалигардонии сиёсати давлатии ҷавононро дар ҷумҳурӣ тавассути таҳлили фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ, ки бо ин ё он роҳ ба тақдири насли ҷавон таъсир мерасонанд, дида бароем.
Ташкилотҳои давлатӣ, ба мисли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра дар асоси қонун фаъолият мекунанд. Чунин ташкилотҳои давлатӣ ба монанди милитсия, суд, прокуратура, амният, армия, адлия ва ғайраҳо, ки ҳамчун ниҳодҳои таҷрибаноки пурқуввати ҷамъият ташкил шудаанд, метавонанд аз уҳдаи саривақтии ҳалли ҳама гуна масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бароянд. Дар шароити кунунӣ ташкилотҳои давлатии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динии ҷумҳурӣ алоқаи зич доранд ва дар ин радиф муносибатҳои ҳамкориро ба роҳ мондаанд, ки дар якҷоягӣ вазифаҳои мураккаб ва душвори сиёсати давлатии ҷавононро ҳал менамоянд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳадаф аз сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ ва сиёсӣ, қафолати ҳуқуқӣ, ки имкони беҳтар кардани тарзи ҳаёти солими ҷавононро дорад (тавассути зарар нарасонидан ба фаъолияти ҳаётии гурӯҳҳои дигар ва табақаҳои ҷамъият) мебошад.
Дар бораи чорабиниҳои давлатӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон нигаронида шудаанд, гуфтан ба маврид аст, ки сиёсати давлатии ҷавононро системаи баохиррасида, ки ба таври аниқ танзими муносибати байни насли ҷавону ҳаёти гуногунмазмуни муосирро ба уҳда дорад, номидан нодуруст аст. Зеро он аз низоми доимоамалкунанда ва беохир иборат аст. Аниқтараш, сиёсати давлатии ҷавонон ба ягонагии комил табдил додани барномаю лоиҳаҳои муфассали ба ҷавонон тааллуқдошта, ки нақш ва танзими устувори давлатиро тақозо менамояд, нигаронида мешавад.
Ба ин муносибат қайд кардан лозим аст, ки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар роҳандозӣ ва устуворгардонии сиёсати давлатии ҷавонон қувваи бузург ба ҳисоб мераванд. Имрӯз маҷмӯи вазъи дохилӣ ва берунии кишвар қувваҳои солимфикри онро ба хулоса овард ва водор сохт, ки масъалаи зарурияти муттаҳидӣ, устувор гардонидан ва ҳифзи давлатдории тоҷикон, ваҳдати ҳамаи халқҳои Тоҷикистон, зарурияти ба даст овардани сулҳ ва оромӣ ягонагии миллиро дар Тоҷикистон ба миён гузоранд.
Дар шароити кунунӣ дар Тоҷикистон як қатор ташкилотҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ, ба монанди ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, эҳсонкорӣ, маданӣ ва равшаннамоӣ арзи ҳастӣ доранд. «Ҳамаи онҳо дар асоси қонунҳои конститутсионӣ, ки ба онҳо фазои ҳуқуқӣ фароҳам овардааст, фаъолият мекунанд», –қайд менамояд, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар иртибот ба ин, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷалб намудани оммаи халқ, идора кардани ҷамъият ва инкишоф додани Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мебозанд.
Принсип ва арзишҳои демократӣ, ки аз ҷониби ҷамъият эътироф шудаанд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозанд, ки ба таври мунтазам ба роҳ мондани фаъолияти худро дар самти ба ҷавонон расонидани кумаки иттилоотӣ оид ба сиёсати давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, имкониятҳои амалӣ кардани ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таҳсил ва таъмини иҷтимоӣ ва ғайра суръат бахшанд.
Масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавононро мавриди таҳқиқ қарор дода, сиёсатшинос В.А.Малтсев чунин менависад:
«Дар зери ибораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои занону собиқадорон, ҷавонон ва наврасон, маъюбон, ташкилотҳои маданӣ-равшаннамоӣ, варзиш, ташкилотҳои ихтиёрӣ, иттифоқи эҷодкорон, ҳамдиёрон, фондҳо, ассосиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ фаҳмида мешавад».
Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Фаъолияти соҳибкорӣ», «Ҳизбҳои сиёсӣ» ва ғайра танзим менамоянд.
Ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳо сиёсати давлатии ҷавононро роҳбарӣ карда, ба амалигардонӣ ва пешрафти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фаъолнокии меҳнатӣ, мустақилияти аъзоёни худ, қаноатманд гардонидан ва ҳифзи талаботҳо ва манфиатҳои бешумори онҳо мусоидат менамоянд.Таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳо дар мувофиқа бо мақсадҳо ва вазифаҳои бунёд ва устувор гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба оинномаи онҳо ворид шудааст, қонунҳои давлатӣ ва Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имконияти иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фароҳам меоранд, фаъолият мекунанд.
Тибқи нишондоди афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва таҷрибаи таърихӣ ва амалии фаъолияти давлат миллате, ки аз уҳдаи ҳифзи кишвари худ намебарояд, оқибат гаравгони тафаккури ғуломӣ гашта, мустақилияти миллии худро аз даст хоҳад дод. Барои ҳалли масъалаҳои мазкур ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ масъулияти ҷиддиро ба зимма доранд, ки, асосан, ба фаъолияти онҳо хос аст.
Айни ҳол ҳадафи фаъолияти давлат, Ҳукумат, Маҷлиси Олӣ, тамоми қувваҳои сиёсӣ, ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ ба амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон, ки устувор ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, муттаҳид кардани ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро тақозо менамояд, нигаронида шудааст. «На роҳи оҳан, на нақлиёт, на мошинҳои азимҷусса ва на саноат, умуман, – навишта буд В.И.Ленин,– дар сурате дуруст амал карда наметавонанд, агар иродаи ягонаи ҳамоҳангсози меҳнаткашон ба як органи хоҷагидори амсоли механизми соат дурусткоркунанда табдил наёбад».
Ҷамъияти демократӣ маънои ба масъалаҳои динӣ, озодии виҷдон, ҳуқуқи байни давлат ва ташкилотҳои динӣ ва диндорон мунтазам дахолат карданро дорад.
Аз ин лиҳоз, дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Ҳама дар назди Қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Дар ин радиф гуфтан бамаврид аст, ки дар ҳуқуқҳои конститутсионӣ ба шаҳрвандон уҳдадориҳои муайян дода мешаванд, ки экстремистҳои динӣ онро эътироф кардан намехоҳанд. Яъне, ба ин васила онҳо аз итоат ба қонунҳои кунунии кишвари соҳибистиқлоламон саркашӣ менамоянд, ки ин ба табиати онҳо хос аст.
Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки тибқи талаботи сиёсати давлатии ҷавонон ҳар як шаҳрванд дар муайян кардани муносибати озодонаи худ ба дин ва бе мамониат эътироф ва иштирок кардан дар гузаронидани расму оинҳои динӣ ва ғайра ҳуқуқ дорад.
Чи хеле ки дар боло қайд намудем, ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳамаи сатҳи ҳокимияти давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бевосита татбиқ карда шаванд.
Дар назар бояд дошт, ки ҳадафҳои муқарраргардида бо мақсаду мароми мақомоти давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон набояд мухолифат кунад. Аз ин лиҳоз, дуруст аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонии оилаҳо, корхонаҳо ва идораҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандӣ, ки фаъолияташон ба ташкили шароит ва мусоидат кардан ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон нигаронида шудааст, аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, тибқи таҳқиқоти илмӣ-амалӣ насли ҷавон масъулиятро барои гузашта, ҳозира ва ояндаи ҷамъият бояд бар дӯши худ гирад. Ин иқдом то андозае аз ташаккули комил ва сатҳи баланди тафаккури ватанпарварии ҷавонон вобастагӣ дорад ва андешидани тадбирҳои тарбиявиро дар ин радиф тақозо менамояд.
Масъалаҳои махсусан фавқулоддаи ҷавонон дар вақти шикастхӯриҳо, иваз шудани самт ва суръати тараққии иҷтимоӣ, тағйир ёфтани сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ зоҳир мегарданд. Дар ин шароит аз рӯйи хусусият муайян намудани алоқамандии байни наслҳои ҷавон боиси нигаронӣ мегардад. Ва ҳалли ин мушкилиҳо нақши тарбия, сотсиализатсия, ташаккул ва инкишофи насли ҷавонро афзун мегардонад.
Аз ин ҷост, ки сиёсати давлатии ҷавононро мавриди омӯзиш қарор дода, сиёсатшинос Қ.А.Миралиев менависад, ки «сиёсати давлатии ҷавонон ин сиёсати дохилии давлат оид ба танзим намудани муносибати ҷавонон бо давлат мебошад. Ҷавонон объекти манфиатҳои миллии давлатанд, ҳамчунин, яке аз омилҳои таъминкунандаи давлат ва ҷамъият маҳсуб мегарданд. Насли навраси оянда нисбат ба вазифаҳои ҳифз ва тараққиёти кишвар ва ҳимояи арзишҳои меросӣ ва фарҳангии Ватан бояд алоқаи зич дошта бошанд».
Зарурати сиёсати махсуси муносибатро бо ҷавонон, хусусият ва ҳолатҳои онро ҷамъият муайян мекунад. Зеро ҷавонон дар ҷамъият вазифаҳои хоси худро ба ҷо меоранд, аз ин рӯ, ҷойивазкунии онҳо аз ҷониби гурӯҳи дигари иҷтимоӣ-демографӣ имконпазир нест. Ҷавонон сатҳи тараққӣ ва дастовардҳои ҷамъиятро ворисӣ мекунанд ва барои аз худ кардани боигарии маънавӣ ва моддӣ, ки дар ҷамъият тавассути соҳаи маориф, фарҳанг, варзиш ва ғайраҳо роҳандозӣ мешавад, масъул мебошанд. Ҳамчунин, аз ҷумлаи он категорияи иҷтимоие мебошанд, ки навовариҳои муосирро дар соҳаи илм, техника ва истеҳсолот, маориф ва фарҳанг, адабиёт ва фарҳанг, ки зимни фаъолияти ҳаётии инсоният кашф шудаанд, ба осонӣ дарк ва қабул мекунанд.
Дар таносуб ба калонсолон ва мӯйсафедон оғози ҳаёти онҳо дар сатҳи баланд қарор дорад. Таҳлили вазъияти иҷтимоӣ-сиёсии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аз солҳои аввали пойдории истиқлолият то имрӯз ҷавонон чун қувваи устувор ва пешқадами ҷомеа пазируфта шуда, дар меҳнату фаъолият тавонистанд ба комёбиҳои назаррас комёб гарданд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон як қатор иншоотҳо, бо иштироки ҷавонон бунёд ёфта, ба истифода дода шудаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҷавонони Тоҷикистон омили асосӣ ва муҳими ба даст овардани музаффариятҳо ба ҳисоб мераванд. Имрӯз дар сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, нақбҳою пулҳо, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, биноҳои истиқоматию маъмурӣ кулли сохтмончиён ва роҳсозонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон бо дарки масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ вазифаҳои дар наздашон гузоштаро бо сарбаландӣ иҷро мекунанд. Дар ҳақиқат, дар ин сохтмонҳои тақдирсоз ва бунёдкори Ватан садҳо ҳазор ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ кору фаъолият мекунанд.
Аз ин лиҳоз, агар мо ба таҷрибаи анъанавии ҷавонони Тоҷикистон назар андозем, пас шоёни таҳсин аст, ки ҷавонони тоҷик чи дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва чи дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сохтмони неругоҳҳои обии Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун ва дигар сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ фаъолона ва содиқона меҳнат карданд ва карда истодаанд.
Дар Тоҷикистон дар бораи моҳият ва вазифаҳои сиёсати давлатии ҷавонон иттилооти воқеӣ дастрас карда мешавад. Имрӯз дар назди насли ҷавони кишвар санҷиши бузург истодааст. Яъне, тақдири ояндаи Тоҷикистон бар дӯши ҷавонон буда, бартараф намудани монеаҳои дар ин самт мавҷуда аз ақлу хиради волои онҳо вобаста аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 1997 гуфта буд, ки «агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, ҷавонони болаёқат ва боистеъдодро кафолати ору номус ва шаъну шарафи он гуфтан мумкин аст. Фақат ҷавонони босавод ва боистеъдод – ҳифзкунандаи илму фарҳанги миллати худ чун звенои васлкунандаи занҷири донише, ки аз насл ба насл гузаштааст, хизмат карда метавонанд».
Масъалаҳои муносибатҳои байниҳамдигарии ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва диниро дар тараққӣ ва устувор гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол дида баромада, қайд кардан лозим аст, ки ташкилотҳои мазкур дар амалӣ шудани вазифаҳои муҳими стратегии сиёсати давлатии ҷавонон нақши бузург мебозанд. Таҷрибаи амалии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз самтҳои мухталифи афзалиятнок ва мунтазами бо ҳам алоқаманд иборат буда, ҳамчун замина барои ворид шудани ҷавонон ба ҷомеа ҳисобида мешавад. Дигар самтҳое, ки дар шароити аниқи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ муҳим пазируфта шудаанд, ба дараҷаи воқеии муносибатҳо, фаъолият ва амали ниҳоду объектҳо ва ҳамкориҳо, ки бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва минтақавӣ роҳандозӣ мешаванд, нигаронида шудаанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ҳар давру замон ва давлату миллати пешрафта нақши ҷавонон басо назаррас ва аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. Албатта, ҳамагон медонанд, ки ҷавонон неруи бузург ва созандаю бунёдкор мебошанд, бинобар ҳамин ҳам, ба ин қувваи созандаю бунёдкори ҷомеа такя бояд кард. Чунончи, Президенти кишвар дар нахустин вохӯрии худ бо ҷавонони мамлакат таъкид карда буданд: «ҳадафи ман аз суханронӣ дар ин ҷо ҳушдор сохтани шумо ҷавонон аз хатогиҳои гузашта мебошад, ки шумо бояд сабақ омӯзед, дар раванди минбаъдаи таърих муттаҳид бошед ва ваҳдату якдилиро пеша намоед. Чунки дар оянда маҳз аз байни шумо ҷавонон пешвои сиёсӣ, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳо ва вазорату муассисаҳо ба камол мерасанд». Дар ҳақиқат, нақши ҷавонон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯза, аз ҷумла илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, технология, варзиш ва ғайраҳо ба назар мерасад. Дар раванди демократикунонии ҷомеаи имрӯза бошад, чи тавре ки дар сархатти аввали моддаи якуми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Демократӣ будан маънои онро дорад, ки ҳокимият дар дасти халқ мебошад, худ тасаввур кунед, ки агар халқи Тоҷикистонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил диҳанд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавонон мебошанд, пас ҳокимият ҳокимияти ҷавонон аст ва дар раванди демократикунонии ҷомеа низ боз ҳам саҳми ҷавонон назаррас аст.
Пӯшида нест, ки раванди демократикунонии ҷомеа падидаи арзишманд буда, аз роҳи нави таърихӣ дар заминаи дигаргунсозиҳои нахустини демократӣ бо хислат ва унсурҳои хоси марбут ба фарҳанг ва афкори сиёсии ҳамон миллату давлат бунёд мегардад. Имрӯзҳо ҳаракати ҷавонон дорои қувваи бузурге мебошад, ки дар амалисозии сиёсати давлат ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон пурсамар мебошад, ки ҳадафи асоси ва хусусиятҳои хосси онро қаблан муҳаққиқон Ҳасанов Ш.Қ. ва Бӯриев Н.С. хеле возеҳу равшан қайд кардаанд. Мақсаду мароми сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ роҳандозӣ мешавад ва хусусиятҳои зайлро доро мебошанд:
– сиёсати давлатии ҷавонон хусусияти доимоамалкунанда ва эҷодкоронаро дошта,он ҳамеша дар инкишоф, васеъ гардидан ва таҷдиди вазъи дохилии давлат аст. Сиёсати давлатии ҷавонон дар такя ба ақидаҳои умумибашарӣ ва анъанаҳо барои татбиқи ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумат фаъолият мекунад;
– сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун қувваи ҳалкунанда дар устувор гардонидани алоқаи байни давлат ва вазъи иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа нақши муҳим мебозад; сиёсати давлатии ҷавонон перомуни мавқеъ ва манзалати худ усули илман асосноки идоракунии фаъолият ва созмонҳои ҷавонон, ки дар дохили давлат амал мекунанд, ҳисобида шудааст.
Алимов Н.О.-н.и.ф-м, ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, инноватсия ва мобилияти академии
Донишгоҳи давлатии Данғара
Мирзоев Д. М сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, тарғибот ва идораи чорабиниҳои варзишӣ Донишгоҳи давлатии Данғара