25
май
2021
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, НАМУНАИ ИБРАТ БА ҶАВОНОН ВА РАСИДАН БА ДАСТОВАРДҲОИ СОЗАНДА ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Пӯшида нест, ки дар оғози солҳои 90 – уми асри ХХ дар харитаи сиёсии ҷаҳон тағйротҳои сифатан кулли арзи ҳастӣ кард. Бунёди давлати абарқудрати Шӯравӣ ба дасти ҳизбиёни яккатозаш аз дохил фурӯ рехт. Натиҷа ҳамин буд, ки собиқ ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардиданду озодии мустақилонаи худро ба даст оварданд. Дар ин раванди давлатсозӣ мардумони хушзеҳну зудбовари моро душманони дохиливу хориҷӣ ба ҷангу низоъҳои нобихрадонаи таҳмилии ҳамватанӣ кашиданд. Дар саросари кишвари мо буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва мафкуравиву мазҳабӣ доман паҳн кард. Тоҷикистон кишвареро мемонд, ки дар гирдоби бетаги уқёнус ба маҳву нобуди гирифтор шуда, сарнишинони он дар талвосаи ҷонканӣ қарор доштаанд.
Баъд аз пош хӯрдани бузургтарин давлати дунё – Иттиҳоди Шуравӣ дар харитаи олам номи як теъдод давлатҳои мустақил сабт гардиданд, ки дар силки тозаистиқлолёфтагон Тоҷикистон низ қарор дошт. Вале истиқлоли тоза бадастовардаи ҳамватанони кишвари мо бо як қатор сабабҳои объектививу субъективӣ саҳлу содда ва орому осуда насибамон нагардид.
Нахустин сабаби ҷанг дар он буд, ки сиёсати пешанамудаи давлати абарқудрати Шӯравӣ то андозае яккатозонаву худхоҳона сурат мегирифт ва умдатарин тадбирҳои эҳёи суннатҳои аҷдодиву миллиро мансӯҳу ботил эълон дошт.
Сабаби дигари фоҷиаи миллат – ҷанги таҳмилии он буд, ки як теъдод коргузорону роҳбарон кайҳо аз маҷрои умумии давлатдории асил канда шуда, ба марказ ҳамон ахборҳоеро мерасониданд, ки фарогирии манфиати гурӯҳӣ ва ё қавмии хешро доро бошад.
Сабаби дигарро дар лавандиву камсаводӣ ва иддае ашхоси тасодуфан хатмкардаи макотиби номенклатурӣ бояд дид.
Сабаби дигари муноқиша ба номукаммалии идеология вобаста буд, ки агарчи он зоҳиран ба бисёр расму русуми суннатӣ сари ҷанг дошта бошад ҳам, вале ботинан ба ҷои онҳо чизи ҷолиберо, ки ҷомеъа ба онҳо ҷазман бипайванданд, пешниҳод намекард. Аз ин рӯ, хоҳ – нохоҳ ҷои чунин холигии иттилоотии мафкуравиро муссаламан мафкураи бегоназамиру бадбин ишғол мекард.
Муҳимтар аз ҳама, кандашавӣ аз суннатҳои ҷалили гузаштагон ва тамаддуни беназири аҷдодӣ ва дастовардҳои чандинҳазорсолаи мардумонамон, ки аз миёни қарнҳо гузашта, натанҳо худ, балки мардуми бегонагавҳару мухталифмазҳаби дуру наздик аз қабили туркону ҳиндувон ва аъробу дигаронро сабақ омӯхта, дар гузашташиносиву рушди тамаддунашон нақши боарзише дорад, боиси қудратҳои дарунӣ ва ситезаҷӯйиҳо гардид.
Сабаби дигар зоиши равияҳову мазҳабҳои комилан бегона, чун ваҳҳобияву ҳизби таҳрир ва амсоли онҳо мешуд, ки сарчашмаи зоҳирии хешро, агарчи ба ислом мечаспонанд, вале ботинан ба ин дини муқаддас ночизтарин ҳаммаромие надоранд. Онҳо аз дохил ба ислом шикасти азимеро ворид месозанд ва ҳамзамон нафрату адоватро бар алайҳи тамоми дастовардҳои умумибашарӣ равона менамоянд. Аз ин рӯ, пайравони чунин бидъатҳо дар солҳои ба ватан ҳасос инсонҳои соддаву зудбовар ва новоқифу бехабари моро аз қолабҳои дини суннатии хеш кӯчонида хокнишинии тоҷикро ба бор меоварданд. Маҳз ҳамин гуна сиёсати нодуруст ва иқдоми нобаҷову номуборак боиси пайдоишу рушди ҷараёнҳои битъатҳои тундраве гардид, ки дар дамидани субҳи мурод – Истиқлоли худодод шадидтарин ангезаҳои ҷудоиандозонаву душманонро тавлид намуданд.
Ҳамин тавр, чуноне, ки мебинем, бо сабабу баҳонаҳои зикршуда ҷангӣ таҳмилӣ оғоз гардида, дар андак муддат тамоми қаламрави қисмати ҷанубу маркази мамлакат Душанберо фаро гирифт. Муқимнишинони мамлакат дилшикаставу парешон гардида, аз хонаҳои хеш намебаромадагӣ шуданд. Кӯчаҳои шаҳр холиву дарвозаи мактабҳои миёнаву олӣ баставу тадрису таълим қатъ гардида, корхонаҳову муассисаҳо аз кор монданд. Хуллас, мамлакат мавзеи ваҳму ҳарос гардида, бошандагон саргурез мешуданд. Аз дару девори мамлакат бӯи хун меомаду, ҷуғзи ҷанг дар гушаи кунгураҳои нимвайрона бало металабид. Ҳазорон инсонҳо ҷойҳои муқимнишинии хешро ба саргурезона табдил менамуданд. Силоҳ ба сухан омада, ақлу идрок ва номусу виҷдон нокору забун гардид. Ҳақиракодамоне, ки аз дори дунё чанд ҳафтае гирди ким кадом беному бенишони нохондае машқи мӯшткубиву лағатандозеро аз худ карда, дар гузарҳову маҳаллаҳо ва кӯчаҳои хеш бо шӯрапуштиву берӯйӣ унвон ёфта буданд, дар атрофу ҷониби хеш ҳамҷинсону ҳамхаёлон ва ҳаммаслаконашонро ғундошта, ба табоҳкориҳову қабоҳатандешиҳо ва тахрибкориҳо даст ёзониданд, кор ба ҷое расид, ки сухан аз буду набудан ва маҳву нобудии натанҳо як қисмати кишвар, балки аз саҳифаи таърих нест шудани номи ин миллати басо хунҷигари тоҷик ва давлату давлатдории он ба миён омад.
Дар чунин шароити вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуда тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркӯшӣ таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд. Ҳамин тавр Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олӣ моҳи ноябри 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз Офаридгор ба бахти мардуми кишвар фарзанди содиқу вафодор, матин ва далеру номбардор – Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Вале дар лаҳзаҳои нахустини сарвари кишвар гардидан Парчами ватанро бӯсиданд. Ин сарвари ҷавони меҳрофар ба дилу ҷавони мамлакат ҷо гирифта муддатҳои тулонӣ дар боги ҳукумат зиндагиву корро ихтиёр карда, шабонарӯзи зиндагии шахсияшро барои ором намудани вазъи ҷомеа сарф мекард. Сарвари навинтихоби Тоҷикистон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳи сартосарӣ, баргардонидани муҳоҷирин ба Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва шурӯи музокирот бо мухолифони собиқ равона намуд. Сарвари олинишони давлатамон барои аз вартаи нестшавӣ баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсати кишвар, эҷоди ҳусни тафоҳӯми гурӯҳ ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд. Бо шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандорӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари дурандешу тавоноямон имконпазир гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар мӯҳлати кӯтоҳ суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Дар марҳилаҳои бисёр мураккаб бо иродаи қаввии шикастнопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аркони давлати ҷавонамон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ барқарор гардида, барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона гардид. Рамзҳои давлатии соҳибистиқлоламон Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия қабул гардид.
Мо бо азму талошҳои ватандӯстиву ватанпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокорона, ҷоннисории зиёд баҳри наҷоти миллату давлат камари ҳиммат баста, барои таҳкими ҳокимият шароит муҳайё сохта, Ватанро аз тақсимшавӣ, ки мароми гурӯҳҳои бадтинати дохилӣ ва аҷнабӣ буд, наҷот бахшиданд ва низоми давлатдории муосирро барқарор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби касбӣ, роҳбарӣ ва бохабар аз ҳама инсонии хеш маҳбуби мардуми кишвар гардидаанд. Халқи шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ, пеш аз ҳама, пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзӣ сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонӣ, муаррифии таъриху тамаддуни ниёгон ва болотар аз ҳама амалисозандаи орзуву омоли худ – Пешвои миллатро ёфтааст ва эътимоди комил дорем, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи ӯ ба манфиати ҳар як фарди Тоҷикистон аст. Пешвои муаззами кишвар фақат барои ободонӣ, некӯаҳволӣ ва таъмини шароити шоистаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат таҳкими давлати соҳибистиқлолу куҳанбунёд равона шуда аст. Бо дарки ин масъулият аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» таҳия ва қабул гардид, ки рисолати Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат аз лиҳози ҳуқукӣ танзим менамояд. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар, як ҷавонони кишвар, ки миллат ва Ватани хешро дӯст медоранд боиси ифтихор аст.
Тоҷикистони биҳиштосо бо сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва заҳматҳои шабонарӯзӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила дар тӯли роҳбари давлат будан ба дастовардҳо ва мувафақиятҳои назаррас ноил гардид, ки ба рушду инкишофи кишвар замина гузоштанд. Аз ҷӯмла;
- 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти комил ба даст овард.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.
- 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида, унвони «Иҷлосияи тақдирсоз»-ро гирифт. Зеро ба сарнавишти талхе, ки ба сари мардуми тоҷик омада буду миллатро хавфи нобудшавӣ таҳдид мекард, нуқта гузошт.
- 24 ноябри соли 1992 рамзи бақои давлату миллати тоҷик ва яке аз муқаддасоти миллӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид,
- Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунӣ ворид карда шуд, ки он аз тоҷдорию давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад.
- 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
- 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо дархости мардуми кишвар оҳанги пешина, ки ба бастакори машҳури Тоҷикистон Сулаймон Юдаков тааллуқ дошт, монда шуда, матни он иваз гардид. Оҳангро ҳанӯз соли 1964 Сулаймон Юдаков ба матни Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд. Бо ҳамин оҳанг Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро маъқул донистанд.
- 6 ноябри соли 1994 бори нахуст бо тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
- бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» қабул гардид ва кишвар аз нав ба ошёни сулҳу ваҳдат табдил ёфт.
- соли 1999 -ум 1100 — солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – давлати Сомониён ва 90 — солагии муаллифи китоби «Тоҷикон», Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил гардид.
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000 таҳти №415, 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар – сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот баромад.
- дар даврони давлатдории навин арҷгузорӣ ба солгарди шаҳрҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромад. Аз ҷумла, 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб ва 3000 — солагии Ҳисори шодмон ва ҷашни 5500 — солагии Саразм соли 2020 гузаронида шуд.
- бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2005-2015- Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» эълон гардид.
- ба хотири гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаб ва сиёсат солгарди мавлуди онҳо тавассути ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1150 — солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, Малик — уш — шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000 — солагии шоир ва мутаффакири бузурги тоҷик Носири Хусрав, 800 — солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 400- солагии ситоишгари фарҳанги шаҳрдорӣ, суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ, 700 — солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ таҷлил гардиданд.
- соли 2009 — Соли бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит эълон шуд, ки дар доираи он Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ доир шуданд. Ба ин муносибат, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор» ба табъ расид.
- қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ аз дастовардҳои арзишманди давраи истиқлолият ва инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки шаҳодати ба таъриху забон ва адабиёту фарҳанги миллӣ арҷ гузоштани Давлату Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон аст.
- бо заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва роҳҳои байналмилалӣ (бовари кас намеомад, ки қудрати сохтмонашонро дорем) бунёд гардиданд. Роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат — Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе -Турсунзода, «Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ», «Айнӣ — Панҷакент», «Кулма — Қароқурум», ва Восеъ — Ховалинг, Кӯлоб — Дарвоз (қитъаи Шӯрообод — Шоҳон) ва роҳҳои Сайрон — Қарамиқ, Хуҷанд — Исфара, Ховалинг — Балҷувон — Кангурт ба маблағи миллионҳо сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти минтақаҳои кишвар заминаи боэътимод гузоштанд. Инчунин, сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Восеъ — Темурмалик — Кангурт, Кӯлоб – Муминобод идома дорад.
- бо саҳму талоши Пешвои миллат НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2» сохта, ба истифода дода шуданд. Пешвои миллат бо фидокорӣ ва ҷоннисории ватандӯстона сохтмони неругоҳи азим ва дар ҷаҳон беназири барқии «Роғун» — ро, ки монанди афсона буд, ба ҳақиқат табдил доданд. Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони CASA — 1000 фаъолона иштирок дорад. Ду чархаи НБО «Роғун» ба кор андохта шуд ва яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра амалӣ гардид.
- сохтмону бунёди иншооти фарҳангиву фароғатӣ, таълимиву варзишӣ ва тиббию истироҳатӣ, аз ҷумла, биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу боғчаҳои кӯдакон, беморхонаю марказҳои саломатӣ, китобхонаю осорхонаҳо, театру филармонияҳои халқӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳу майдону маҷмааҳои варзишӣ ва дигар иншоот аз дастовардҳои дигари назарраси даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайра шуд, ки дар доираи онҳо мизбони якчанд конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
- Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, шаҳри сулҳу дӯстӣ, маскани фарҳангу маърифат, хонаи умеди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ, узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ) шуд ва айни замон бо якчанд шаҳри калонтарину пешрафтаи Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил паймони миллӣ дорад.
- бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содир намудани қатънома ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.
- бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи фарҳангии «Кохи Наврӯз» ба рӯйхати «8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай» ворид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини кишвар мебошад.
- соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуданд, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихии меъморию табиӣ, эҳёву инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дар маҷмӯъ, рушди маҳал, заминаи мусоид фароҳам оварданд.
- номи аксар шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин иваз ва ба номи қаҳрамонони Тоҷикистон, чеҳраҳои мондагори илму адаб ва сиёсати тоҷик гузошта шуд ё номи таърихии онҳо барқарор гардид, ки нишонаи миллати тамаддунофар мебошад.
- аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардид, ки мақсад аз он пешрафти ҳар чӣ бештари соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аст.
- бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат ба хотири фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, техникаву технологияи нав, ташкили ҷойҳои нави кор, пурзӯр намудани иқтидори содиротии кишвар ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, солҳои 2008 — 2009 минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Данғара», «Ишкошим» ва соли ҷорӣ минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташкил шуданд.
- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ичтимоии давлати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди бахш, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосири тиббӣ дар саросари кишвар, таъмири биноҳо бо таҷҳизоти замонави тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушахас роҳандози намуда, дар замони истиқлолияти давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта ба истифода дода шуда, аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.
-дар замони истиқлолияти давлатӣ шумораи хонандагон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардида, барои фарогири онҳо сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд гардид. Инчунин шаклҳои нави муассисаҳои таълимӣ ҷори гардида дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар 9 мактаби Президентӣ, 75 гимназия фаъолият менамояд. Яке аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат дар самти донишандӯзӣ, ҳавасмандгардонӣ ва такмили ҷаҳонбинии насли наврас ин таъсиси идрорпулии Президентӣ мебошад, ки теъдоди гирандагони он аз 500 то ба 3000 адад расид. Илова бар ин донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» ташкил шуда аст, ки донишҷӯён ба воситаи ин стпендия дар донишгоҳои бонуфузи кишвар таҳсил менамоянд.
- иқдоми дигари шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар арфаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сарпарасти намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон ватани азизи ман» мебошад, ки дар қалби миллионҳо хонандагону донишҷӯён ва ҳар як шаҳрванди кишвар меҳру муҳаббат ба китоб ва Ватани азизамонро зиёд намуда, ин муҳаббат ва самимият онҳоро пайравӣ ва иқдомҳои созандаи Пешво ҳидоят менамояд.
- бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 1 600 000 нусха ба табъ расида то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа мегардад, ки аллакай тақсимоти он аз ноҳияҳои Мурғоб ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ гардид.
- зери сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ «Соли тамаддуни ориёӣ» ҷашн гирифта шуда, аз тарафи ЮНЕСКО 2700 — солагии «Авасто» эътироф гардид. Инчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат ба хотири ташаккули маданияти маънавии мардум «Қуръон» — и маҷид бо теъдоди зиёд бо шарҳу тафсир ба забони тоҷикӣ тарҷумаю нашр ва дастраси хонандагон гардид.
- ҳисси хеле баланди ватандӯстонаи Пешвои миллат буд, ки суннатҳои волои миллӣ, арзишҳои фарҳангие, ки тӯли асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд. Дар натиҷаи азму талошҳои Пешвои миллат бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.
- бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардида, мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод шуданд.
- асарҳои илмиву таҳқиқотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани худшиносиву худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дорои нақши пурарзиши илмӣ мебошанд. Асарҳои безаволу гаронбаҳои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи фардо», «Фарҳанг - ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Дар бораи дин», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», «Дин ва ҷомеа», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол» ва ғайра ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шуда, тоҷикону Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуданд.
- баъд аз муддати тӯлонӣ робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон тавассути корсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв аз нав ба роҳ монда шуданд. Дар натиҷаи таҳкими робитаҳои дӯстӣ муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳо рӯ ба рушд оварда, мубодилаи молу ашё ва сафари шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба мамолики якдигар бамаротиб афзоиш ёфт.
Боварӣ ва итминони комил дорем, ки дар таҷлили ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳмату талошҳои созандаву бунёдкорона ва дурбинонаи бесобиқаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бамаротиб боло рафта дар як мудати кутоҳ ватани азизамон ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз лиҳози фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илму техника, пешрафти саноат ва ҳоказҳо табдил меёбад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи мо ҷавонон дурахшонтарин чеҳрае мебошад, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии тоҷиконро дар сатҳи ҷаҳонӣ интишор дода Тоҷикистонро бо ҳама сармояҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ва нерӯю иқтидори кунунияш дар бунёди давлати миллии демократӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо камоли шоистагиву сарбаландӣ муаррифӣ намуд.
Шарипов Рустам Мирзоевич – сардори шуъбаи тарбияи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб