МИЛЛАТИ ?ИСМАН СОЛИМ, РУ?АН НИЗ МУ?ТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР МЕБОШАД***?АЛАСАИ ЯКУМИ КОМИССИЯИ БАРНОМА?ОИ СО?АИ КОР БО ?АВОНОН ДАР СОЛИ 2021 БАРГУЗОР ГАРДИД***ДАР ША?РИ ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ БОЗИ?ОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШ? БАРГУЗОР ГАРДИД***
24
июнь
2021

ВАҲДАТИ МИЛЛЙ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

«Созишномаи умуми аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
                                                                                                Эмомалӣ РАҲМОН 
Имсол мардуми шарафманд ва тамаддунофари тоҷик дар як фазои оромӣ ва сулҳу субот ду ҷашни пурифтихори аз лиҳози таърих бузург яке 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре 24-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро бо тантана ҷашн мегиранд.Кӯшишу талошҳои доимӣ ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Масква бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо ба имзо расид, ки он роҳи сулҳи бебозгаштро дар кишвари азизамон Тоҷикистон муайян намуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин тинҷию оромӣ, осудаҳолии мардуми кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ, бе талафоти фарзандони бонангу номус, вафодору содиқаш ба даст наомадааст, барои ба даст овардани ин сулҳи деринтизор Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби мислаш дар таърих  ангуштшуморро тай намуд.  
Сӯлҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарин ва иродаи неки миллати тоҷик, кушишу заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати мили-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Аз ин рў мо насли даврони соҳибистиқлолии кишвар қарзи имонию виҷдонии худ мешуморем, ки ин ганҷинаи бебаҳо, сӯлҳи деринтизор ва дастовардҳои замони Истиқлолияти кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда,  рисолати шаҳрвандии худро, ки аз ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи  манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иқтидор мудофиавии он аз қабили Парам, нишон ва суруди миллӣ иборат мебошад, пос дошта дар сабзу хурам ва ободу зебо гардонидани якпорчагии кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо саҳми  арзандаи худро мегузорем. 
Мо имрӯз ҷавонони хушбахту сарбаланди даврони истиқлолият бо як дилу нияти нек бо фардои дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистон боварии комил дорем. Мо ҷавонони бедордилу дилгарми Ватанӣ азизамон Тоҷикистон минбаъд низ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода  намуда, омодагиҳои худро ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дар пешистода, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  бо як руҳияи баланди ватандорӣ пурра гардонида дар ҳама чорабиниҳои дохили донишгоҳӣ ва  сатҳи вилоятиву ҷумҳурияви фаъолона ширкат меварзем.  
Дар интиҳо метавон қайд кард, ҷавонон Ваҳдати миллӣ  рисолати  бузурги таърихи дошта, муҳофизи дастовардҳои 30-соли даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳастем.
Рухшонаи Ш
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар

Нашрияҳои шабеҳ:

Прокомментировать
Введите два слова, показанных на изображении:*