ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО ҚУРБОНАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳамдиёрони азиз, ҷавонону варзишгарони саодатманд!
Мо дар арафаи таҷлил аз 24-юмин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем. Ба ин муносибат ҳар яки Шуморо ба рӯзи барои миллати тоҷик таърихӣ шодбош мегӯем.
Ваҳдат сарчашмаи тамоми комёбиҳои халқу миллат, кафолати саодати рӯзгор ва зиндагии шоистаи ҳар фард аст. Аз ваҳдату дӯстӣ баҳори орзуҳо гулафшон шуда, Ватан ободу шукуфон мегардад.
Миллати тоҷик барои ба ваҳдат расидан мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, маҳз дар натиҷаи талошу азхудгуаштанҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 1997 ба рӯзи саиду муборак расид.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввал масъулияти давлатдориро ба зимма гирифтан изҳор намуда буданд, ки “Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда. Ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам” ва ба ин аҳдашон вафодор монданд.
Солҳо мегузорад. Асрҳо мегузоранд, вале шахсият, ҷонфидоӣ ва маҳбубияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун абармарди сиёсат, сарвари мардумсолору сулҳдӯст абадан дар саҳифаҳои таърих ва қалбаҳо боқӣ мемонад.
Ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллии мардум бо сарварии Пешвои сулҳофару тамаддунсози миллат водорамон сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда. Якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намоед ва барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварем.
Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор кардан мумкин аст. Вобаста ба ин ҳар ҷавони бо нангу номуси тоҷикро зарур аст, ки ба таърих ва саргузашти миллиамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он сабақ омӯзанд.
Мову Шумо, ҷавонони саодатманди ин кишвар, бояд дуруст дарк намоем, ки маҳз тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ омили ҳама гуна пешрафт, шукуфоӣ, татбиқи ормонҳои миллӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатию якпорчагии кишвари азизамон мебошад. Аз ин рӯ, моро мебояд дар ҳимояи ин арзиши миллӣ доимо омода бошем ва онро чун дастоварди умумимиллӣ, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллатамон бароямон эҳдо гардидааст, ҳифз намоем.
Мову Шумо, варзишгарону ҷавонони шарафманду сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ бояд эҳсос намоем, ки Ваҳдати миллӣ муқадастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки 24 соли Ваҳдати миллӣ чун 24 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як ҷавону варзишгари бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамдигарфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро бо фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад.
Бигузор, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созанда роҳнамои ояндаи неки ҷавонону варзишгарони мамлакат гардад. Ҷашни иттиҳоду дӯстиро бори дигар ба якоякатон муборак мегӯям!
Бо эҳтиром,
Раиси Кумитаи кор бо
ҷавонон ва варзиши назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.Қ.